logo

маориф

Шеваҳои куҳна самараи дилхоҳ намедиҳанд

Ҷаҳонишавӣ, рушди инноватсионӣ ва масъалаҳои забоншиносӣ дар Тоҷикистон

Даврони мо таҳти таъсири ҷаҳонишавии тамоми самт-ҳои фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии инсоният ва рушди инноватсионии онҳо қарор дорад ва табиист, ки бе назардошти ин омилҳо дар амалисозии сиёсати давлатӣ имрӯз ба ягон ҷомеа ё халқу миллат пешравӣ муяссар намегардад.
Маҳз ба ҳамин воқеияти ҷаҳони муосир ишора карда, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ иброз доштанд: "… дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи шеваҳои куҳна дигар самараи дилхоҳ намедиҳад", аз ин ҷост, ки "рӯ овардан ба технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ ва татбиқи ҳарчи васеи онҳо дар ҷомеа яке аз ниёзмандиҳои… замони ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад".
Президенти кишвар ҳамчунин рушди робитаҳои байналмилалии ҷумҳуриро дар даврони истиқлолият таҳлил намуда, таъкиди саривақтӣ намуданд, ки "ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз тамоюли ҳоким бар равобити байналмилалист, аз ҳамаи мо ҷустуҷӯи эҷодкорона ва дарёфти дақиқи василаву воситаҳои татбиқи … манфиатҳои миллиро тақозо дорад". Бо назардошти таъсироти ҷаҳонишавӣ дар ин соҳа, Президенти кишвар асосҳои сиёсати хориҷии давлати моро устувор бар пояи "ҳамкорӣ бо ҳамаи мардуми ба мо некхоҳ" ва сиёсати "дарҳои кушод" эълом доштанд ва аз он ташкилоти байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон, ки қабл аз ҳама Тоҷикистон бо онҳо бояд робитаҳои устувор дошта бошад, ёдовар шуданд. Дар байни чунин давлатҳо ҳам абарқудратон ва ҳам ҳамсоягони дуру наздики мо ишора гардиданд.
Аз чунин нуқтаи назар, яъне ба эътибор гирифтани омили ҷаҳонишавӣ, ки ҳамзамон талаботро ба рушди инноватсионии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба миён мегузорад, имрӯз дар робитаҳо бо Тоҷикистон дар мадди аввал давлатҳои ҳамсоя - Русия, Чин, Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон), ҳамчунин Афғонистон, Эрон ва Покистон қарор доранд. Дар муносибатҳои мо бо кишварҳои ғарбӣ бошад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса, Бритонияи Кабир ва давлатҳои дигари ин минтақа муҳимияти махсусе касб кардаанд. Аз давлатҳои собиқи шӯравӣ дар қатори давлатҳои осиёимарказӣ имрӯз робитаҳои ҷумҳурӣ бо Украина, Беларус, Озарбойҷон ва ғайра назаррасанд. Дар баробари ин, чуноне ки Сардори давлат дар Паёми хеш таъкид намуданд, "муносибатҳои ҳасанаи мо бо кишварҳои мусулмон ва олами араб, ки дар сатҳи матлуб қарор доранд, фаъолияти боз ҳам густурдатар ва фарохтарро тақозо доранд".
Агар тамоми омилҳои ҷаҳонишавӣ, мақоми баланд касб кардани инноватсия ва рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои фавқуззикр ва умуман бо тамоми кишварҳои олам ба эътибор гирифта шавад, зарур меояд, ки дар қатори масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, имрӯз ҳамчунин ба ҳалли мушкилоти фарҳангӣ, хусусан масъалаҳои забономӯзӣ ва забоншиносӣ таваҷҷуҳи бештар равона шавад.
Бояд таъкид кард, ки дар ҳалли масъалаҳои забонӣ дар Тоҷикистон то кунун санадҳои муҳиме қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Ин ҷо пеш аз ҳама зикри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва инглисӣ бамаврид аст. Агар санади аввал рушди забони давлатии моро таъмин сохта, дар оянда бо қабули Барномаи ҳукуматӣ, ки тарҳи онро Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ омода сохтааст, мавқеи онро боз ҳам устувор месозад, Барномаи фарогири омӯзиши забонҳои русӣ ва инглисӣ бошад, боиси рушди таълиму тадриси ду забони муҳимтарин барои робитаҳои Тоҷикистон гардида, дар оянда, баъд аз соли 2014 боз ҳам идома додани он метавонад сатҳи забондонии ҷавонони моро болотар барад.
Ба масъалаи омӯхтани забонҳои русӣ ва инглисӣ ва умуман забонҳои дигар таваҷҷуҳ карда, мо бояд як нуктаро ба эътибор бигирем. Чуноне ки маълум аст, дар даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ барои баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонони кишвар андешида шуданд. Мисоли равшани ин қабули Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва инглисӣ мебошад, ки болотар зикр гардида буд. Ҳоло бар асари амалисозии ин барнома дар дурдасттарин деҳоти кишвар ҳам хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунанд ва хонандагонро забон меомӯзонанд. Дар хориҷи ҷумҳурӣ низ хонандагону донишҷӯёни тоҷик бо сатҳи забондонии худ аз ҷавонони кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ кам нестанд. Аммо барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рӯзафзуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар имрӯз танҳо донистани забон кофӣ нест. Ҷавонони муосир дар баробари забон бояд таърих, фарҳанг, расму ойин ва паҳлуҳои дигари ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои дуру наздикро аз худ намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа дар қатори ихтисосҳои забоншиносӣ ба роҳ мондани таълими ихтисосҳои минтақашиносӣ низ бамаврид хоҳад буд.
Дар омӯзиши забони чиноӣ ҳам дар Тоҷикистон дар даврони истиқлолият муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд. Имрӯз аз ин забон дар се муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мутахассис омода мешаванд. Вале дар ин самт низ дар оянда таъсиси ихтисоси минтақашиносӣ ва ба роҳ мондани таҳсилот дар дараҷаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура бамаврид хоҳад буд.
Аз тарафи дигар, ин забон имрӯз ба яке аз бозхондатарин забонҳо дар дохили кишвари мо аз ҷиҳати таъмини ҷавонон бо ҷои кор табдил ёфтааст. Ҳамаи ин ба сабаби амалӣ шудани лоиҳаҳои сершумори муштараки тоҷикию чиноӣ ва густариш ёфтани робитаҳои мустақили сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои охир буда, дурнамои рушди чунин алоқаҳо низ хеле нек ба назар мерасад. Аз ин рӯ, вақти он фаро расидааст, ки дар қатори забонҳои инглисию русӣ имконияти дар баъзе мактабҳои таҳсилоти умумӣ, хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ мондани таълими забони чиноӣ баррасӣ карда шавад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва маркази вилоятҳо дар марказҳои таълими калонсолон, ки бо иқдоми Президенти кишвар ба қарибӣ таҷдид гардиданд, кушодани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ин забон ва умуман забонҳои хориҷии дигар низ ба мақсад мувофиқ аст.
Дар ҷумҳурии мо ба омӯзиши алифбои ниёгон, забонҳои кишварҳои ҳамсояи мо - дарӣ ва пуштуи Афғонистон, форсии Эрон, урду ва ҳиндии Покистону Ҳиндустон ва забони арабии кишварҳои мусулмонӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад. Хонандагони забонҳои ин кишварҳо омӯзгорон ва тарҷумонон дар сатҳи матлуб дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ омода мешаванд. Кофист, ки дар ин самт ба тарбияи мутахассисони минтақашинос низ таваҷҷуҳи бештар бидиҳем.
Дар маҷмӯъ забономӯзӣ ва омода сохтани мутахассисони забондон дар Тоҷикистон имрӯз ҳамқадами замон аст. Вале  дар дурнамои рушди ин соҳа, аз нуқтаи назари мо, ба ду омили зерин мебояд бештар таваҷҷуҳ намуд:
Аввалан,  аз забонҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурии мо то ҳанӯз таълим ва омӯзиши забони испанӣ ба роҳ монда нашудааст ва ин холигӣ бояд ҳар чи зудтар пур гардад.
Сониян, робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла, бо ҳамсоядавлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин бо Украина, Беларус, Озарбойҷон ва ғайра асосан дар асоси забони русӣ сурат мегирад. Аммо вобаста ба тағйироте, ки метавонад дар мақоми ин забон, ки то кунун ҳам дар муносибати байниҳамдигарии ин кишварҳо то андозае чун воситаи муоширати байни миллатҳо хизмат мекунад, зарурате пеш ояд, ки ба омӯзиши забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, туркманӣ, украинӣ, белорусӣ, озарӣ ва ғайра тавассути таҳсили тоҷикзабонон дар ин давлатҳо ва ё омода кардани мутахассиси забони тоҷикӣ, аз ҷумлаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ҳомилони ин забонҳоянд, таваҷҷуҳ дошта бошем. Ҳамчунин ба роҳ мондани минтақашиносии ин кишварҳо низ мувофиқи матлаб аст.
Умуман, дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши забонҳо, чи давлатию модарӣ, чи хориҷию байналмилалӣ як масъалаи муҳими ҷомеа аст. Аз ин рӯ, хуб мебуд, агар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар қатори барномаи рушди забони тоҷикӣ таҳия ва амалисозии барномаи умумии рушди забономӯзиро низ ба нақша мегирифт.
Чуноне ки таъкид гардид, ҷаҳонишавӣ рушди инноватсионии тамоми самтҳои  фаъолияти ҷомеаро тақозо дорад. Аз ин рӯ рушди инноватсионии забоншиносӣ низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи мутахассисони соҳа қарор дошта бошад. Бо ин мақсад гузаронидани таҳқиқоти назариявии бунёдӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи забоншининосӣ зарурат дорад. Аз нуқтаи назари амалия бошад, дар ин самт дастаҷамъона - аз тарафи муассисаҳои таълимию илмӣ, вазорату кумитаҳои дахлдори давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ки бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ сару кор доранд, қабл аз ҳама дар ҳалли масъалаҳои зерин саъю кӯшиш бояд ба харҷ дода шавад:
1) ба забони тоҷикӣ тарҷума кардан ва васл намудани барномаҳои компютерии умдатарин аз қабили "виндовз", "ворд", "экзел" ва амсоли он, ба қайди расмӣ гирифтани ҳуруфоти  тоҷикӣ ва клавиатура бо ин ҳуруф, дар шабакаи интернет имконпазир гардонидани низоми "ҷустуҷӯ" бо алифбои кириллиасоси тоҷикӣ ва амсоли он;
2) таҳия ва интишори луғатномаҳои электронии тоҷикӣ-забонҳои хориҷӣ, барномаҳои таҳрири электронӣ бо забони тоҷикӣ ва ғайра;
3) таҳия ва татбиқи барномаҳои компютерии шинохти савтиёти забони тоҷикӣ;
4) истифода ва интишори китобҳои электронӣ ҳамчун манбаъи расмии маводи таълимӣ ва иттилоотӣ ва ҳоказо.
Ба ин ҷиҳати масъала дахл намуда, Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки "бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар Ҳукумати мамлакат ба наздикӣ "Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ"-ро қабул намуд… Вазорати маорифро зарур аст, ки бо мақсади мусоидат дар татбиқи саривақтии консепсияи мазкур тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин намояд".
Вобаста ба ин зарурат ба миён меояд, ки дар ҷумҳурӣ ба тарбияи мутахассисон аз ихтисосҳои ҳамгирои забоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир гардад. Аз ҷумла, бояд "Забони хориҷӣ. Информатика", "Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идора", "Забоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ" ва амсоли он, ки дар аксарияти давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои охир аз ихтисосҳои серталабот маҳсуб мешаванд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвари мо низ таълим дода шаванд.
Дар умум, дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин вазифаҳоеро пеш гузоштанд, ки ҳамагӣ ба куллӣ ба рушди миллӣ равона гардидаанд. Барои расидан ба ин ҳадафҳои сарнавиштсоз ҳар яки мо - шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд аз даъвати Сарвари хеш самимона пазироӣ намоем ва дар назди хеш вазифагузорӣ намоем, ки "бо заҳмати содиқонаву софдилона дар ояндаи наздиктарин Ватанамонро ободу зебо ва неруманду пешрафта гардонида, мақоми шоиставу арзандаи онро дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ таъмин месозем ва барои фарзандону набераҳоямон як мулки ободу давлати пешрафтаву нерумандро ба мерос мегузорем".

Хуршед ЗИЁЕВ,
доктори илми фалсафа,
профессор, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.12    №: 63-64    Мутолиа карданд: 650

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед