logo

маориф

Таҳсил дар хориҷа: имконот ва бартариҳо

Он рӯз меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" идгоҳеро мемонд. Сабаби равуои зиёди мардум ба ин ҷо шашумин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ буд, ки Ширкати муштараки Тоҷикистон-Малайзия "Аҳмадсоз" бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистону вазорати маорифи Малайзия баргузор намуд.
Дар намоишгоҳ шаш муассисаи таълимии олии хориҷӣ - донишгоҳҳои Ноттенгем, Сиги ва Линкоквинги Малайзия, Баҳчечеҳири Туркия, Донишгоҳи байналмилалии Кипр, Коллеҷи Спиннакери Бритонияи Кабир муаррифӣ шуданд ва он  дар шаҳрҳои Турсунзода ва Хуҷанд низ баргузор мегардад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон перомуни таҳсилу омӯзиш дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ маълумоти бештар пайдо намоянд ва мактаби писандидаашонро интихоб кунанд.
 Ҷавононе, ки мехостанд таҳсилашонро дар макотиби олии Амрико, Канада, Бритонияи Кабир, Туркия, Чин, Малайзия ва Иттиҳоди давлатҳои Араб идома диҳанд, аксар бо падару модар ва устодонашон ба намоишгоҳ омада буданд. Дар як гӯша Сиёвуш Солеҳов, донишҷӯи соли дуюми факултаи тиҷорати байналмилалии Донишгоҳи техникию эҷодии Лимкоквинги Малайзия, барои ҷавононе, ки мехоҳанд таҳсилашонро дар донишгоҳи мазкур идома диҳанд, маълумотро пешниҳод менамуд. Ӯ хеле шод аст, ки аз имкони таҳсил дар ин донишгоҳ бархурдор шудааст. Сиёвуш мегӯяд: "Вақте худро бо ҳамсолонам, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, қиёс менамоям, тафовути зиёде эҳсос мекунам. Таҳсил дар хориҷа танҳо илмомӯзӣ нест, масъулият аст, ҳамзамон ҷаҳонбинии инсон тавсеа меёбад. Ман дар хонавода нозпарвард ба воя расида будам. Аз ин лиҳоз, рӯзҳои аввал бароям душвор буд, дарсҳо вазнинӣ мекарданд, забони инглисиро хуб намедонистам. Вале тадриҷан ҳама мушкилиҳоро паси сар намудам. Агар довталабон имтиҳонро дар Тоҷикистон супоранд, маблағи таҳсилро аз панҷоҳ то ҳаштод дар сад камтар хоҳанд пардохт.
Ба гуфтаи Мушаррафа Абдуллоева, мененҷери ширкати Тоҷикистону Малайзия, чанде  қабл президенти Донишгоҳи Линкоквинг ба Тоҷикистон омада буд ва дар назар аст, ки филиали ин донишгоҳ дар Тоҷикистон таъсис ёбад. Онҳое, ки имкони рафтан ба Малайзияро надоранд, метавонанд дар ҳамин ҷо таҳсил намуда, соҳиби дипломи донишгоҳи мазкур шаванд.
Фирдавс Ғафуров, намояндаи ширкати "Аҳмадсоз", барои довталабон маълумотро дар бораи донишгоҳҳои Амрико, Австралия, Англия ва Канада  пешниҳод намуд.  - Дар донишгоҳҳое, ки мо муаррифӣ мекунем, таълим аз рӯи низоми  ҷаҳони пешрафта ба роҳ монда шудааст.   Дар онҳо ҳамаи шароитҳои зарурӣ барои таҳсил фароҳам оварда шудааст. Хушбахтона, ман низ тавассути ширкати мазкур имсол ба факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Амрико дохил шудам,- гуфт ӯ зимни суҳбат. Инчунин дар намоишгоҳ аз Ҷумҳурии Туркия намояндагони Донишгоҳи Баҳчечеҳир ширкат доштанд. Донишгоҳи мазкур яке аз аз муассисаҳои афзалноки таълимӣ дар Туркия буда, дорои 6 факулта мебошад, ки дар онҳо аз рӯи 38 равия сабақ меомӯзанд. Дар ин донишгоҳ аз 64 кишвари дунё  донишҷӯён таҳсил мекунанд. Агар донишҷӯён соли аввали таҳсил хуб хонанд, онҳо метавонанд бидуни пардохти маблағ таҳсилашонро идома диҳанд.
Донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар хориҷа ҳамчунин дар бахши забономӯзӣ, магистратураю курсҳои омодагӣ низ таҳсил намоянд. Яке аз чунин муассисаҳои таълимие, ки курсҳои забономӯзиро пешниҳод менамояд, коллеҷи Спиннакери Бритонияи Кабир аст. Доктор Сиёмаки Гударзӣ, раиси коллеҷ, дар суҳбат ба мо гуфт: - Коллеҷи мазкур зинаҳои  мухталифи забони инглисиро аз  зинаи ибтидоӣ то пешрафта ба хоҳишмандон меомӯзад. Коллеҷ дорои ду факулта аст: инглисӣ ва тиҷорат. Мо донишҷӯёнро барои рафтан ба донишгоҳ ё шуғли беҳтаре пайдо кардан тарбият бикунем. Донишҷӯён метавонанд аз се моҳ то як сол омӯзиш бинанд. Онҳо бо маскан таъмин мешаванд.
- Доктор Сиёмак Гударзӣ ҳамчунин афзуд, ки мо аввалин бор ба Тоҷикистон омадем ва дар ин намоишгоҳ ширкат меварзем. Ният дорем, ки дар ояндаи хеле наздик як шуъбаи коллеҷро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ бикунем. Ҳамоҳангиҳои лозим анҷом шуданд.
Абдураззоқ Абдуллоев, директори Ширкати Тоҷикистону Малайзия "Аҳмадсоз", аз раванди баргузории намоишгоҳ қаноатманд мебошад. Ӯ мегӯяд, сатҳи забондонию саводи ҷавонон дар қиёс ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст. Ҳамчунин онҳо мақсади аниқ доранд, медонанд, ки дар кадом факулта бо чӣ ихтисос таҳсил бикунанд. Умедворем, ки онҳо касбу ихтисоси хуб омӯхта, дар пешрафти ҷумҳурии азизамон саҳм мегузоранд.  Тавре мавсуф иттилоъ дод, азбаски ширкат намояндагии донишгоҳҳои зиёдеро бар дӯш дорад, метавонад бо квотаи он донишгоҳ низ ҷавононро ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ равон намояд. Ҳамзамон аз ҳисоби фонди президентии "Дурахшандагон" низ донишҷӯён интихоб ва сафарбар мешаванд.
Абдураззоқ Абдуллоев мегӯяд, ширкати онҳо ният дорад дар Тоҷикистон курсҳои махсуси забономӯзӣ ва омодагӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷиро таъсис диҳад. Ин ҳадафи ширкатро мавсуф чунин шарҳ дод: "Мо дарк намудем, ки чунин курсҳо хеле муҳиманд. Хоҳишмандоне, ки то охири моҳи май дар курси забономӯзии мо сабти ном мекунанд, моҳи аввали таҳсилашон ройгон мебошад. Ба онҳо ҷавононе, ки дар Малайзияю Амрико таҳсил кардаанд ва ихтисосҳои хеле хуб доранд, дарс мегӯянд. Таълим аз рӯи стандарти Донишгоҳи Кембриҷ роҳандозӣ мешавад" .
Бояд зикр намуд, ки ширкати "Аҳмадсоз" соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он омода намудани мутахассисони баландпоя дар риштаи илмҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ, муҳандисӣ ва меъморӣ мебошад. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз ба чунин афроди ихтисосманд эҳтиёҷ дорад, роҳбарияти ширкат барои омода намудани чунин мутахассисон бо донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ қарордод бастааст. Миёни онҳо  Малайзия дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ, бавижа электроника ва техникаи барқӣ рушди назаррас дорад. Донишҷӯён дар филиали донишгоҳҳои Амрико, Бритониёи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав, ки дар Малайзия фаъолият доранд, таҳсил мекунанд. 
Ширкат тасмим дорад дар оянда теъдоди донишҷӯёни тоҷикро дар донишгоҳҳои Ғарб бештар намояд. Маблағи таҳсил дар аксари ин донишгоҳҳо дар як сол аз 7 то 12 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Барнои ҚОДИРДУХТ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.12    №: 63-64    Мутолиа карданд: 1194

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед