logo

мулоқотҳо

Пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз Хуан Мендес

18 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Хуан Мендес -Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмонаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд.

Хуан Мендес аз натиҷаҳои кори 10-рӯзаи худ дар Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, гузориш дода, аз ҷумла ба Ҳукумати кишвар барои ба ӯ муҳайё намудани ҳамаи шароити зарурӣ изҳори сипос кард. "Ба ман имкони боздид аз тамоми муассисаҳо ва мулоқот бо ҳамаи шахсоне, ки мехостам, дода шуд", - изҳор намуд Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид. "Гузашта аз ин роҳбарони сохторҳои Ҳукумати  Тоҷикистон  тавсияҳои  моро  хуб  пазируфтанд", -  таъкид дошт ӯ.
Сарвари давлат аз қабули Консепсияи рушди дурнамои қонунгузории Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки "ҳадафи асосии ин санад таъмини раванди такмили қонунгузорӣ тибқи усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки дар Конститутсияи кишвар муқаррар гардидаанд". Президенти кишвар ҳамчунин таъкид дошт, ки "Тоҷикистон дар марҳилаи тақдирсози таҳким ва такомули пояҳои истиқлолияти худ қарор дорад ва ҷавҳари сиёсати давлатии онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд".
Тавре зикр гардид, Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро эътироф намуда, мафҳумҳои асосии онро ба Конститутсия ва дигар қонунҳои марбути худ ворид намудааст.
Чунонки иттилоъ дода шуд, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон амал мекунад ва фаъолияти босамар дорад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "дар ин раванд камбудиву мушкилот низ ҳанӯз мавҷуданд, вале муҳимтар аз ҳама мо ба таври қотеъ ва огоҳона маҳз ҳамин роҳ, - яъне таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро пеш гирифтаем ва ба ин роҳ содиқ мемонем".
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ дар ин раванд ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.12    №: 65    Мутолиа карданд: 455

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед