logo

илм

Гиреҳкушои муаммои бемориҳои уролоҷӣ

Бозёфтҳои тозаи олими тоҷик дар Русия

Зиёратшо Қодиров, доктори илмҳои тиб,  аз зумраи  донишмандони тоҷик аст, ки дар Русия ба сар мебаранд ва фаъолияти густурдаи илмӣ доранд.  Мудири  шуъбаи лапароскопии Институти илмию таҳқиқотии уролоҷӣ  ва  профессори бахши уролоҷии кафедраи ҷарроҳӣ ва саратоншиносии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия мебошад. Ҳамчунин  дар  Академияи тиббии маълумоти баъдидипломии ин кишвар ба табибони ҳирфаӣ аз тозатарин шеваҳои ҷарроҳии муосир,  ки бо навтарин дастгоҳҳои тиббӣ  роҳандозӣ мешаванд,  сабақ медиҳад ва дар  Бемористони клиникии Раёсати умури Президенти Русия ва озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии ба номи А. Вишневскийи Академияи илмҳои тиббӣ ба табобату  пажӯҳиш машғул аст. Беш аз 300 кори илмӣ, аз он ҷумла 7 асари монографӣ, 5 китоби таълимӣ, 20 тавсияи методӣ ба табъ расонида, чандин ихтироъ дорад. 
Тасмим гирифтем бо Зиёратшо Қодиров  оид ба фаъолияти илмии мондагори ӯ дар тиб ҳамсуҳбат шавем.

- Зиёратшоҳ Абдуллоевич,  то ҷое огоҳам, Шумо соли 1990 ба хотири  таҳқиқи як қатор масъалаҳои дар тиб норӯшани  бемориҳои уролоҷӣ ба аспирантураи Академияи тиббии маълумоти баъдидипломии Русия дохил шудед ва то ба имрӯз дар бузургтарин муассисаҳои тиббии ин кишвар  ҳамвора  машғули муолиҷаву пажӯҳишед. Оё  то замони унвонҷӯӣ таҳқиқоте  анҷом дода будед? 
- На, то давраи унвонҷӯӣ ягон таҳқиқоти вижаи илмӣ набурдаам, вале бояд ёдовар шавам, ки кори табиб аз тахассусҳои дигар тафовут дорад ва  таҳлилу пажӯҳиш барояш амали муқаррариву ҳаррӯза аст. Бидуни такя ба натиҷаҳои таҳлиливу таҳқиқии рӯзмарра пешрафти кори табиб дар мубориза алайҳи бемориҳо амрест муҳол.  Ҳанӯз замони  таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино устодон моро дар ҳамин руҳия тарбия менамуданд.  Муносибати пажӯҳишӣ ба муолиҷа ва талошҳо барои дарёфти аслу решаҳои иллати мариз буд, ки  баъди хатми донишгоҳ зимни кор дар  бемористони марказии ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) ва Маркази клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе  бо навъҳои зиёди бемориҳои уролоҷие рӯбарӯ шудам, дарк намудам, ки сабабҳои  пайдоишу роҳҳои муолиҷаи мушаххаси онҳо дар  тиб то ҳанӯз дақиқу возеҳ нестанд. Ба ҷуз ин, бисёр навъҳои бемориҳои уролоҷӣ, аз ҷумлаи саратону носуру омосу санги гурда ва масона ниёз ба ҷарроҳии фаврӣ доштанд. Вале  он шеваҳои ҷарроҳии маъмулие, ки барои рафъи иллат истифода мешуданд, мушкилиҳо дар пай меоварданд. Бемор муддатҳо бистариву корношоям мешуд  ва барои дармони дардаш доруи зиёду гаронарзиш масраф мегардид. Бинобар ин дар Маркази клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе роҳҳои бидуни ҷарроҳӣ муолиҷа намудани бемориҳои уролоҷӣ, аз ҷумла санги гурдаро, ки дар Тоҷикистон зиёд аст, ҷустуҷӯ кардем.
- Он солҳо дар шаҳр овозае паҳн гардида буд, ки дар Маркази ёрии таъҷилӣ санги гурдаро бидуни ҷарроҳӣ ба воситаи  дастгоҳи сангшикан муолиҷа мекунанд?…
- Бале, дар ёд дорам. Маҳз таъсири паёмадҳои ҳанӯз дар тиб муаммои ҳамин дастгоҳ ба ҷисми   бемор мӯҷиби он гардид, ки  азми пажӯҳиши осеби зарбаҳои мавҷии дастгоҳҳои сангшикан ба ҷисм намоям ва соли 1990 ба аспирантураи Академияи баъдидипломии такмили ихтисоси кормандани тибби Русия дохил шавам. Оид ба ин мавзӯъ   соли 1994 рисолаи номзадӣ дифоъ кардам. Муайян намудам, ки   зарбаҳои мавҷии  дастгоҳи сангшикан  ба ҷисми инсон осеби ҷиддӣ намерасонад ва баъди ду-се рӯзи табобат бартараф мешавад. Алъон дар уролоҷия  дастгоҳҳои сангшикан васеъ истифода мешаванд ва чанде аз муассисаҳои тиббии давлативу хусусии Тоҷикистон низ ҳоло дорои ин гуна дастгоҳҳоянду беморонро аз дарду озори санги гурда наҷот мебахшанд.  Вале мушкил дар  он аст, ки ин дастгоҳҳои сангшикан  тавоноии шикастани ҳама намудҳои санги гурдаро надоранд.  Баъзе аз навъҳои санги гурда, назири хоро, чунон сахтанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ шикаста намешаванд. Ғайр аз ин  бемориҳои зиёди уролоҷие мисли саратону омосу носур, гурдаи пажмурдаву варикосел танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ имкони муолиҷа доранд. Гирифторони ин навъи беморӣ, ба вижа саратону омоси узвҳои пешоброн, дар ҷаҳон сол ба сол меафзоянд.  Дар ҳамин ҳол, ба бахти мо, табибон, дар остони садаи 21 дастовардҳои илмҳои техникӣ имкон фароҳам овард, ки  сабку усули корамонро такмил диҳем,  сифаташро беҳтар созем ва ба таҳқиқи паҳлуҳои ҳанӯз дар тиб норӯшани бемориҳои уролоҷӣ бо шеваҳои наву наозмуда пардозем.      
- Ва Шумо аз аввалин муҳаққиқонед, ки ба ҳайси роҳбари гурӯҳи лапароскопии Институти илмиву таҳқиқотии уролоҷӣ ба ҷарроҳии лапароскопӣ ва ҳам пажӯҳиши масъалаҳои баҳсбарангези  ин навъи амалиёт шуруъ карда, бо далелҳои асосноки илмӣ онро дар соҳаи уролоҷӣ пайгирона ва ба таври густурда амалӣ месозед.  Тафовути ин шеваи табобат аз ҷарроҳии дар тиб садсолаҳо маъмул чист?
- Муолиҷа ба шеваи лапароскопӣ воқеан ҳам дар соҳаи ҷарроҳӣ як бозёфти тоза ва хеле  нодир аст.  Дар ҷаҳон ба роҳандозии он ҳамагӣ ду даҳсола пеш гомҳои устувор гузошта шуданд. Ман ба ин шеваи амалиёт  солҳои унвонҷӯӣ дар Маскав, ки дар як бемористон низ  ба ҳайси табиби уролоҷӣ  кор мекардам, зимни муолиҷаи беморон таваҷҷуҳ намудам. Тавре ки ёдовар шудам, рӯи кор омадани ин шеваи муолиҷа ба дастовардҳои навтарини илмҳои техникӣ, ба вижа нанотехнология ва дастгоҳҳои рақамӣ алоқаманд аст. Тафовути ҷарроҳии лапароскопӣ аз маъмулӣ зиёд аст. Ин шеваи амалиёт на аз тариқи  чок кардани пардаи шикам ва ё  буридани қафаси сина ба дарозии 12-30 см,  балки тавассути се-чаҳор сӯрохчаҳои хурд сурат мегирад. Асбоби ҷарроҳ аз афзори ҷарроҳии маъмулӣ фарқ дорад. Он аз лапароскоп-гӯшаки телескопии дорои низоми линз ва пайванд бо видеокамера иборат аст. Дастгоҳи лапараскопии муосир ба баргузории амалиёти хеле  ва хеле  дақиқу беҷурм мусоидат мекунад. Бартарии дигари ин усули ҷарроҳӣ дар он аст, ки ҷараёни амалиётро на фақат ҷарроҳ, балки дигарон ҳам аз монитор бармало  назора мекунанд ва кори табиб  ва иллати узвҳои дарунии бемор бо хурдтарин ҷузъиёт пеши назарашон намудор аст. Дар ҷарроҳии маъмулӣ чашм қудрати биниши бевоситаи тамоми ҷузъиёти амалиёти ҷарроҳиро надорад. Ҷарроҳии лапараскопиро бори нахуст дар тиб барои муолиҷаи бемориҳои варикосел, гурдаи пажмурда, саратони масона, ғадуди зери хичак ва ғайра таҳқиқу таҷриба намуда, ба натиҷае расидам, ки уролоҷияи муосир ба ин шеваи табобат ниёзи бештар дорад. Чаро ки аввалан, ҳангоми чунин амалиёт хуни бемор кам талаф меёбад. Дуюм, дардро қариб эҳсос намекунад ва зарурат ба истифодаи доруҳои таскинбахш намемонад. Сеюм, фаъолияти ҷисм зуд барқарор шуда, мариз аз ду то се рӯз дар беморхона бистарӣ мешавад.
Бо таҳқиқу таҷрибаҳо собит намудам, ки дар муолиҷаи гурдафуроӣ, газаки гурда, санги гурда, гидронефроз ва назири он ҳам истифода аз шеваи ҷарроҳии лапароскопӣ ба чанд ваҷҳ судманд аст. Хулосаи кор ҳамин шуд, ки дар соҳаи уролоҷияи фаврӣ (оперативӣ)  самти нав-хирургияи лапароскопии уролоҷӣ ба вуҷуд омад. Ин самт мавқеи ҷарроҳиҳои зиёдро, аз тариқи чок кардани пардаи шикам ва ё қафаси сина, танг намуд.  Ҷарроҳии лапроскопӣ ба беморон ҳам писанд омадааст, чун эҳсоси андаки дард мекунанд ва зуд шифо меёбанд.
Бо ҳамкории шодравон Валерий Николаевич Степанов, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Русия, аз соли 1995 дар ин бахш фаъолият намуда, таъсири бемориҳои дигар, ба вижа сироятиро ҳам, ба гурда ва узвҳои пешобгузар таҳқиқ намудам.  Рисолаи докториам дар бораи ҷарроҳиҳои лапароскопист. Минбаъд низ пажӯҳишро дар ин самт идома дода як силсила  корҳои илмӣ анҷом додаам ва чанд китобу асарҳои монографӣ низ таълиф намудаам. 
- Шумо, ки аз бунёдгузорони муолиҷаи лапароскопии уролоҷии Русияед ва масъалаҳои вобаста ба онро зимни силсилапажӯҳишҳо то ҳанӯз ҳамвора пайгирӣ мекунед, нисбат ба ҷарроҳии маъмулӣ чӣ андеша доред? Дар фаъолияти худ аз ин шева ҳам  истифода мебаред?
- Ман солҳои 90-уми садаи гузашта аз шеваи ҷарроҳии маъмулӣ фаровон истифода доштам ва айни замон дар ҳолатҳои зарурӣ аз он ба кор мебарам. Вале  ҳоло ҳамаи муаасисаҳои тиббие, ки дар онҳо   фаъолият дорам,  бо афзорҳои лапароскопӣ пурра  муҷаҳҳазанд ва ба истифодаи шеваи куҳна зарурат намондааст. Аммо 12 сол боз дар давраи рухсатии меҳнатӣ ҳар сол ба Тоҷикистон омада,  соле то 30 ҷарроҳии уролоҷии маризон, ба вижа мардуми бебизоатро дар водии Рашт ба шеваи маъмулӣ ройгон анҷом медиҳам. Ва ҳам ба табибони ҷавон усулҳои нави озмоиши бемориҳо ва ҷарроҳиҳои уролоҷиро меомӯзонам.
- Ҳампешагонатон мегӯянд, ки профессор Зиёраттшоҳи Абдуллоҳ  дар баробари  таҳқиқоту  пажӯҳиш ва таълими табибони ҳирфаӣ дар муассисаҳои тиббиву илмии Русия садҳо ҷарроҳии лапароскопӣ анҷом дода, одамонро аз бемориҳои шадиду хатарзо наҷот додааст.  Аҷабо, ба як табиб фурсат чӣ гуна даст дода, ки  ин миқдор корро дар муддати кӯтоҳ анҷом диҳад?
- Мавзӯи кори докториам "Ҷарроҳиҳои лапараскопӣ дар уролоҷия" худ тақозо менамуд, ки дар чанд муассисаи тиббӣ кор кунам ва ин навъи амалиётро бо таҳқиқу таҷриба дар амал пайгирона анҷом диҳам. Табиби олим бо инсон сару кор дорад ва як иштибоҳи ҷузъӣ метавонад ба тақдири ҳазорон нафар латма занад, яъне  хулосабарорӣ дар илми тиб  кори саҳл нест ва заҳмати бисёр мехоҳад. Аз ин лиҳоз, дар бемористонҳои клиникии воқеъ дар Маскав садҳо ҷарроҳии лапароскопӣ анҷом додаам. Танҳо дар кафедраи уролоҷии  Академияи тиббии маълумоти баъдидипломии Русия, бузургтарин маркази илмиву методии мутахассисони соҳаи тандурустии ин кишвар, дар давоми 10 соли охир ҳудуди 3000 ҷарроҳӣ гузаронидам. Айни замон давоми корҳои илмиро дар Пажӯҳишгоҳи уролоҷии Академияи илмии тибби Русия идома медиҳам. Қисмати асосии ҷарроҳиҳо дар кафедраи уролоҷии Академияи тиббии маълумоти баъдидипломии Русия, дар заминаи Бемористони клиникии шаҳри Маскав ба номи С. Боткин амалӣ шуданд. Ҳамчунин дар озмоишгоҳи Институти ҷарроҳии Академияи илмии тибби Русия ба таҳқиқ пардохтам. Кори асосии  ман дар ин озмоишгоҳ таҳлили ҷарроҳиҳои лапароскопӣ ва таълифи мақолаву китобҳо, ба мутахассисон дастрас намудани натиҷаи ин ҷарроҳиҳо, такмили ихтисоси уролоҷҳо ва ба табибони ҷавон омӯзонидани таҷрибаи кор буд. Дар ин озмоишгоҳ сабабҳои пайдоиши санги гурдаро (аз ҷумла дар Тоҷикистон) омӯхтем. Натиҷаи корҳои мо нишон доданд, ки дар пайдоиши санги гурда таъсири омилҳои берунӣ, мисли оби ошомиданӣ, ҳарорати баланди ҳаво, экология, муҳити зист,  сабзавоту меваҷот, баъзе касалиҳои дарунӣ, иллати гурда ва ғайра нақши калон доранд. Масалан, агар рӯда касал бошад, ҷаббиши моддаҳо вайрон шуда, ба гурда таъсир мерасонад. Дар гурда ҳам дар ин ҳолат моддаҳое,  ки санг ҳосил мекунанд, пайдо мешаванд.
- Кадоме аз асарҳои илмиатон  натиҷаи ҳамин корҳоянд?
- Дар бораи санги гурда ва масъалаҳои вобаста ба он ду китоб навиштам. Дар ҳамин давра якчанд ихтироъ рӯи кор овардам. Яке аз он асбобест, ки ҳаҷми сурохии ҷарроҳии лапараскопиро коҳиш дода, ба 1,5 -0,2 см мерасонад ва баъди анҷоми амалиёт дар  пӯсти бадани бемор ҳеҷ гуна осор боқӣ намемонад. Ҳамчунин бо ҳамкории устодам шодравон Валерий Николаевич Степанов нахустин Атласи лапароскопиро дар  Русия навишта, чоп кардем. 
- Шумо ба пажӯҳиши бемории варикосел низ машғул будед ва оид ба натиҷаҳои он се китоб навиштаед. Варикосел чӣ гуна беморӣ аст ва оё он  дармон дорад?
- Варикосел васеъшавии рагчаҳои тухмдони мардҳост ва 30 дарсади безурётии мардҳо паёварди ҳамин беморист. Аммо ҳанӯз бисёр паҳлуҳои ин беморӣ дар тиб равшан нашудааст. Аз ин рӯ, оид ба пайдоишу навъҳои варикосел ва роҳҳои муолиҷаи онҳо се китоб таълиф кардам. Барои омӯзиши ин мавзӯъ ҳудуди даҳ  сол дар сардхона (МОРГ) рагу пайвандҳоро таҳқиқ намудам, ки пеш аз ман ин корро касе накарда буд. Барои омӯхтани сабабҳои пайдоиши ин беморӣ 38 ҳазор мактаббача ва ба хизмати ҳарбӣ даъватшудагонро ҳам ташхису таҳқиқ намудам. Ба натиҷае расидам, ки табобати асосии варикосел ҷарроҳист, вале на ҳамеша баъди ҷарроҳӣ тавлиди нутфа (сперматогенез) хуб мешавад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳар қадар ҷарроҳӣ барвақттар гузарад, ҳамон қадар бемор зудтар шифо меёбад.
- Мебинам, ки бештари мавзӯъҳое, ки мавриди таҳқиқ қарор додаед, дар тиб бозёфти тозаи илмист…
-  Дар ҳақиқат, дастовардҳои илмии мо дар боби варикосел, бахусус варикосели дутарафа тозатарин бозёфти тиббист. Бори нахуст дар ҷаҳон дар бораи варикосели дутарафа асари монографӣ навиштам. Дар он баъзе аз муаммоҳои ин беморӣ ҳал гардида, мӯҷиби омӯзиши паҳлуҳои дигари ин мавзуъ шуда истодаанд. Бовар дорам, ки корҳои мо дар ҳалли муаммоҳои дигари ҳалношудаи ин беморӣ таконе мешаванд. Ба ҷуз бозёфти илмӣ дар бахши варикосел, оид ба иҷрои ҷарроҳиҳои лапараскопӣ на танҳо аз роҳи шикам, балки аз паҳлу мустақим ба гурда  низ корҳои зиёд анҷом додам. Натиҷаи ин корҳоям дар чанд мақолаи илмӣ ба табъ расиданд. Монографияи "Ҷарроҳиҳои лапароскопии ретроперитонеалӣ дар уролоҷия", ки соли 2011 нашр шуд, нахустин асари илмӣ дар ҳамин мавзуст. Таҳқиқоти дигаре, ки дар озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии ба номи            А. Вишневский идома дода истодаам, аз хусуси сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии касалиҳои санги гурда аст. Се ихтироъам дар ҳамин давра сурат гирифт.
- Дар Русия олимони тоҷик зиёданд?
- Дар муассисаҳои тиббии шаҳри Маскав ҳоло беш аз 50 олими тоҷик кор мекунад, теъдоди табибони олими мо дар шаҳри Санкт-Петербург низ камтар аз ин нест. Дар минтақаҳои дигари ин кишвар ҳам  табибони тоҷик кор мекунанд. Солҳои охир сафи  ҷавонон дар соҳаи тиб хеле зиёд шудааст. Ҳоло зери роҳбарии ман 12 шогирд (6 нафар аз Тоҷикистон) ба ҳалли масълаҳои лапароскопӣ, варикосел, бемории санги гурда ва ғайра машғуланд. Бояд ёдрас кунам, ки мо, табибони тоҷик, ба ҳамватанонамон дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ҳамеша ёрии тиббӣ мерасонем.
- Бо эҳтимоми Шумо соли гузашта бори нахуст дар Тоҷикистон Анҷумани уролоҷҳои Тоҷикистон баргузор шуд. Он чӣ самар дод?
- Агарчи ин анҷуман дар Тоҷикистон бори аввал буд, уролоҷҳо  муваффақ гаштанд, ки масъалҳои муҳими рӯзро дурандешона баррасӣ намоянд. Ширкати беш аз 400 мутахассис дар кори анҷуман худ гувоҳ аст, ки табибони тоҷик аз пайи ҷустуҷӯ ва такмили касбанд ва бо ҳамтоёни хориҷии худ ҳамкориҳои судманд доранд.
Инчунин дар ин анҷуман ҳудуди 100 донишманди бахши уролоҷии муассисаҳои тиббии Русия, Беларус, Украина, Назди Балтик ва Осиёи Марказӣ ширкат варзида, бо таклифу пешниҳодот ва маърӯзаҳои илмӣ муҳтавои онро комилтар сохтанд. Масъалаи меҳварии ҳамойиш истифодаи дастовардҳои навтарини уролоҷӣ буд, ки чунин масъалагузорӣ ба пешравии сифати кори табибон беасар нахоҳад монд.    

Хайринисои РАСУЛӢ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.12    №: 66    Мутолиа карданд: 2090

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед