logo

мулоқотҳо

Мусоҳиба бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи «The European Times»

26 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи «The European Times» мусоҳибаи хоса анҷом дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷалла беш аз 410 ҳазор нусха чоп шуда, асосан ба аъзои Порлумони Иттиҳоди Аврупо, порлумонҳои кишварҳои Аврупо, палатаҳои савдову саноат ва бузургтарин ширкатҳои ин қитъаи ҷаҳон ва муассисаҳои бонуфузи молиявӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва дигар доираҳои иқтисодию сармоягузорӣ дастрас мешавад. Маҷаллаи мазкур ҳамчунин ба шакли электронӣ дар сомонаи www.european-times.com нашр мегардад. Ҳар шумораи он ба як кишвари  алоҳида  бахшида  шуда,  имконоти иқтисодию тиҷоратӣ,  сармоягузорӣ,  сайёҳӣ  ва  дигар афзалиятҳои онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, имконоти фарохи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ва захираҳои фаровони табиию башарии кишварро ба хонандагони ин маҷалла бевосита муаррифӣ  намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт  низ  барои ҳамкорӣ бо тамоми  мамлакатҳои ҷаҳон ва ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ "сиёсати дарҳои боз"-ро пеша кардааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки гурӯҳи эҷодии маҷаллаи «The European Times» тайи се моҳ бо сохторҳои гуногуни давлатию хусусӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, аз тамоми минтақаҳои кишвар барои як шумораи ин нашрия маводи зарурӣ гирд меорад. Дар ин шумора на танҳо имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, захираҳои фаровони табиӣ, балки зебоиҳои табиати биҳиштосо ва фарҳанги ғании Тоҷикистон инъикос хоҳанд ёфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.12    №: 68    Мутолиа карданд: 754

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед