logo

дар бораи нашрия

Аввалин мӯъҷиза

Нахустшумораи «Ҷумҳурият»-и кунунӣ 15-уми марти соли 1925 бо номи хушсадову умедбахши «Иди тоҷик» дар Душанбе ба табъ расида, воқеан ҳам барои ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ва миллати мутамаддини тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Зеро замонаи бераҳм рӯшанфикронамонро нишони тир мекард, китобҳои ниёконамонро дар оташи ҷаҳолат месӯхт ва доираи амали забони тоҷикиро маҳдуд месохт.
Мақсаду мароми рӯзнома аз шумораи дуввум, ки ба худ номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт, мушаххасу равшантар гаштанд. Тоҷик воқеан ҳам беш аз ҳама ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт. Ва рӯзномаи «Бедории тоҷик» бо дарки масъулият ин рисолати бузургро бар дӯш гирифт.
Вобаста ба шароити давру сиёсати замон рӯзнома чанд бор тағйири ҳуруфу ном кард, вале ҳаргиз мавқею ҳадафи хешро тағйир надод. Аз оғоз то ба имрӯз ҳамеша дар дифои манофеъи давлату миллати тоҷик қарор дорад.

«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад. Ҳама китобҳои таърихӣ пеши таърихе, ки рӯзнома онро бозгӯӣ мекунад, ноқис ба назар мерасанд. Агар аз он китобҳо чанд санади муҳимро пайдо намоем, аз рӯзнома ҳама чиро дарёфт кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои он на танҳо муаррих, балки сардори давлат, арбоби сиёсиву ходими ҷамъиятӣ, адибу омӯзгор, муҳандису пизишк, ҳунарпешаву варзишгар, коргари оддиву деҳқони хокпош ва, албатта, беш аз ҳама рӯзноманигор баромад карда, муҳимтарин ва қимматтарин маълумотро ба хонанда пешкаш менамоянд.
Фарзандони барӯманди тоҷик дар равнақи рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолона саҳм мегирифтанд. Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ яке аз муаллифони нахустини рӯзнома буд. Устод ин рӯзномаро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номида, бо истифода аз фурсатҳои фароҳамомада адибонро ба ҳамкорӣ ва мардумро ба рӯзномахонӣ ташвиқ менамуд.
Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров низ солҳои сиюм аз муаллифони фаъоли рӯзнома буд ва бисёр мақолаҳои ҷолиби худро, ки ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик бахшида шудаанд, маҳз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расондааст.
Қаҳрамони дигари Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳам дар мақолаи худ «Аввалин газета, аввалин мӯъҷиза», ки ба ифтихори 50-солагии «Ҷумҳурият» навишта буд, аз эътиқоди самимии хеш ба ин рӯзнома ва нақши он дар муборизаҳо бо муҳаббати гарм ҳарф задааст.
Дар солҳои гуногун чеҳраҳои шинохта ба монанди Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сармуҳаррири рӯзномаи мо будаанд. Аксари журналистони номдори кишварамон дар  «Ҷумҳурият» кор кардаанд. Бисёр адибон, аз қабили Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеъулло Наҷмиддинов ва Абдулҳамид Самадов дар ҳамин даргоҳ ба қаламу сухан меҳр баставу дил бохта, пешаи сухангӯиро ихтиёр намудаанд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар муборизаҳо барои манофеи миллӣ пешгому парчамбардор буд. Маҳз бо часпу талошҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Саҳми рӯзнома дар боло бурдани дараҷаи худшиносии миллӣ ҳам шоистаи таҳсин аст.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва кормандони он болу пар бахшид. Марҳилаи наву муҳимтаре барои кору эҷод оғоз ёфт.
Вале низоъи шаҳрвандӣ, ки кишварро гирифтори бӯҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ намуд, ба фаъолияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳам таъсири манфӣ расонд. Рӯзнома агарчи ба ормонҳои давлату миллат ҳамчунон содиқ ва дар дифои манофеи онҳо устувор боқӣ монд, вале акнун дар тарғибу пешбурди сиёсати давлат торафт нотавон мешуд. Вазъи моддиву маънавии он бадтар мегашт. Ва ҳатто кор ба дараҷае расид, ки «Ҷумҳурият» дар миёнаҳои солҳои 90-ум ҳафтаҳо, балки моҳҳо рӯи чопро надид. Аксари рӯзноманигорони соҳибқаламу моҳир ба хотири таъмини рӯзгор ноилоҷ «Ҷумҳурият»-ро тарк гуфтанд. Мактаби бузурги эҷодӣ ҳам, ки наслҳои гуногун дар ин рӯзнома ба вуҷуд оварда буданд, аз байн рафт.
Соли 1995 «Ҷумҳурият» мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва чопи мунтазами он ба роҳ монда шуд: аввалҳо ҳафтае як шумора, баъдтар – ду шумора. Вале ҳатто бо ҳамин миқдор шумора ва адади нашри хеле кам ҳам «Ҷумҳурият» зарурати хешро дар таблиғу тадбиқу пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат собит сохт ва ҳамзамон маҳбубияти қаблиашро дар ҷомеаи кишвар пойбарҷо намуд.
Баъде ки 14-уми марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат «Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуд, он ҳам «де-юро» ва ҳам «де-факто» боз ба рӯзномаи рақами яки Тоҷикистон табдил ёфт.
«Ҷумҳурият» дар ҳақиқат ҳам минбари воқеии Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад ва бар илова сухангӯи ҳақиқии ин ду ба шумор меояд. Вале сухангӯе, ки на ба як овоз, балки бо ҳазорон овоз аз ин сиёсати созандаи миллӣ ҳимоят мекунад. Нақшу саҳми «Ҷумҳурият» дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол бебаҳс мебошад.
Ғайр аз ин «Ҷумҳурият» ҳамвора омода аст, ки ҳама гуна таҳрифкориҳо ва дурӯғпароканиҳои матбуоти дохиливу хориҷиро дар мавриди воқеияти Тоҷикистон нақше бар об созад...
Ёдовар мешавам, ки ҳафтод ва ҳафтодупанҷсолагии «Ҷумҳурият» бино бар набудани имконоти молӣ таҷлил нашуда буд. Ба бахти кормандону хонандагони сершумори рӯзнома, балки ба бахти матбуоти тоҷик бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 80-солагии «Ҷумҳурият» барпо хоҳад гашт. Ин дастгирии хеле муҳим ва ҷиддӣ рӯҳу сари моро баланд, дилу дасти моро гарм ва масъулияту садоқати моро дар хидмати давлату миллат бештар хоҳад кард.

Камол АБДУРАҲИМОВ


Баёни ақида (1)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 14949

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед