logo

барқияҳо

6 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният Шуморо бо санаи муборак дар таърихи муосири муносибатҳои байни давлатҳоямон - бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.
Пас аз соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ба ҳам дӯсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шуруъ намуданд.
Дар давраи мазкур сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг хеле ҳам боло рафта, мутобиқи манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳояшон рӯз аз рӯз вусъат меёбанд.
Дар ин раванд муколамаи доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, нақши хеле муҳим бозидааст.
Дар шароити имрӯза кишварҳои мо имкониятҳои фаровони тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро доранд.
Итминони комил дорам, ки бар асари кӯшишҳои минбаъдаи муштарак равобити гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо боз ҳам рушду нумуъ касб намуда, зина ба зина такомул хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсту бародари Покистон - саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.12    №: 72    Мутолиа карданд: 593

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед