logo

сафарҳо

Гузориш аз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

12  июн  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, барои ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнии бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай "Рисолати сулҳҷӯёна" ба вилояти Суғд сафар кард.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлатро роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Нахуст Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, ба Муассисаи таълимии давлатии Мактаб-интернати махсуси президентӣ дар шаҳри Чкалов ташриф оварда, бо натиҷаҳои ибратбахши фаъолияти ин мактаби навбунёд, вале пешқадам аз наздик шинос шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки мактаби президентӣ дар шаҳри Чкалов маҳз бо иқдом ва дастгирии Сарвари давлат бунёд ёфта, соли 2009-ум ба ифтихори 12-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба фаъолият оғоз карда буд. Ин мактаб бо тарҳу лоиҳаи муҳташаму нодир дар минтақа ҳамто надорад. Дар он барои таҳсили хонандагон, сайқали донишу маҳорати онҳо, кори пурсамари муаллимон дар таълиму тарбия тамоми шароити зарурӣ муҳайё аст. Ин аст, ки дар давоми солҳои хониши 2009-2012 мактаб дар сатҳи донишу тарбияи хонандагон ба нишондиҳандаҳои  баланд  ноил гардид.  Президенти  кишвар   Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои хонандагони ин боргоҳи маърифат дар солҳои фаъолият изҳори хушнудӣ карда, онҳоро ба омӯзиши амиқи донишҳои муосир ва хониши аълою рафтори намунавӣ ҳидоят намуд.
Омӯзгорон ва хонандагони мактаб ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити олӣ ва ғамхории давлату ҳукумат дар баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ беҳтару бештар саъю кӯшиш менамоянд.
Аҳли мактаби президентии шаҳри Чкалов соҳиби боз як туҳфаи хубу пурарзиш гардид. Бо  супориши  Эмомалӣ       Раҳмон, Президенти кишвар,  ки се сол пеш дода шуда буд, хобгоҳи хуштарҳу замонавӣ дар паҳлуи мактаб бунёд ёфта, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Арзиши лоиҳавии ин хобгоҳи 4 -ошёна 5,5 миллион сомонӣ буда, тибқи тарҳи хоса бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат аз хобгоҳи нави мактабӣ дидан намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод ва ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити он як қатор дастуру ҳидоятҳо дод.
Хобгоҳ дорои 61 ҳуҷра барои зист, дарстайёркунӣ ва фароғат буда, барои 400 нафар хонандаи роҳдурӣ пешбинӣ шудааст. Он бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла катҳои дуқабатаи хоб, ҷевонҳои либос, ҷевонҳои китоб, мизу курсӣ, толори варзишӣ ва лавозимоти машқи ҷисмонӣ муҷаҳҳаз ва барои истиқомати хонандагон мувофиқ карда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, зимни суханронӣ ба устодону хонандагон ва падару модарон муроҷиат намуда, онҳоро ба истифодаи пурсамар аз шароити хуби муҳайёшуда ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ҳидоят намуд. Бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо дар 5 моҳи соли равон ба ин соҳа дар вилояти Суғд беш аз 100 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ равона гардидааст.
Сарвари давлат бо хушнудӣ ёдовар шуд, ки ҳамаи хатмкунандагони порсолаи ин мактаби намунавӣ ба мактабҳои олии бонуфузи дохилу хориҷи кишвар дохил шуда, имрӯз таҳсили хуб доранд.
Президенти кишвар барои дастгирии рушди минбаъдаи сифати таълиму тарбия дар ин мактаб ба масъулин дастур дод, ки то моҳи сентябри соли 2013 дар назди он як бинои истиқоматии дорои 46 хона барои омӯзгорон сохта, ба истифода диҳанд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба коргоҳҳои ширкати "Элегант"-и шаҳри Чкалов ташриф оварда, бо кори ибратбахшу пурсамари соҳибкорони маҳаллӣ аз наздик шинос шуд.
Тибқи иттилооти садодода, саҳми соҳибкорон ва ширкатҳои ватанӣ дар иҷрои ҳадафҳои созандагии Ҳукумати кишвар дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои навтарин, коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Ширкати "Элегант"-и шаҳри Чкалов аз корхонаи пешрафтаи коркарди сангҳои табиӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, зимни суҳбат бо роҳбарият ва мутахассисону коргарони корхона ва намояндагони чанд ширкати дигари дар ин самт фаъолиятдошта сангҳои табиии Тоҷикистонро сарвати миллӣ номид ва ба масъулон супориш дод, ки истихроҷу коркарди сангҳои табиӣ ва номгӯи маҳсулотро аз ин атои табиӣ боз ҳам афзун намуда, содироти онро низ ба роҳ монанд.
Самараи кори аҳли ҷамъияти "Элегант" дар истихроҷу коркард ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ намунаи хуби пешрафт дар ин самт мебошад.
Дар ин корхона ҳоло 70 нафар коргару мутахассисон соҳиби ҷои кори доимӣ шуда, аз 700 то 1,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд. Қисме аз онҳо занону духтарони маҳаллӣ мебошанд, ки аз сангҳои табиӣ бо усули зебо, асосан гулдон, фавораю шаршараҳои миниатюрии армуғонӣ меофаранд.
Роҳбарият ва мутахассисони ширкат дар асоси супориши Сарвари давлат марҳилаи нави рушди соҳа - ҳосил намудани нах ва пахтаи минералӣ аз санги табииро ба роҳ монданианд, ки лоиҳаи нави инноватсионӣ мебошад. Нах ва пахтаи минералӣ минбаъд барои бетағйир нигоҳ доштани гармӣ ва ё сардӣ дар хонаю иморатҳо ва ҳам зарфу лӯлаҳои нигоҳдорӣ ва ё интиқоли моеъ истифода шуда, боиси сарфаи сӯзишворӣ барои ин ҳадафҳо мегардад. Дар ин корхона 300 нафари дигар бо кор таъмин хоҳад шуд.
Дар назди корхона ҳамчунин як бинои боҳашамати сангин сохтаанд, ки бо усули бостонии қалъасозӣ бунёд ёфта, дар он осорхонаи сангҳои ороишӣ, маҳсулоти он ва китобхонаи соҳавӣ ҷойгир шудааст.
Аз шаҳри Чкалов Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", ки дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд.
Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" моҳи апрели соли 2009 ҳамчун муассисаи давлатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Дар ин давра дар ин ҷо ба фаъолият шуруъ намудани 7 корхонаи нави истеҳсолӣ ва аз қайд гузаштани боз 13 субъекти дигар собитгари манфиати таъсиси ин шакли фаъолияти иқтисодию истеҳсолӣ мебошад. Ташкили минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" василаи вориди сармояи хориҷӣ, технологияи муосир ва тавлиди молу маҳсулоте гардид, ки қаблан пурра аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Ҳоло дар субъектҳои ин муассиса 20 намуд лӯлаҳои пластикию полипронилении қутрҳои гуногун, ноқилҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, обкашҳои амудӣ ва рангҳои сохтмонӣ истеҳсол мешаванд.
Имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба фаъолияти боз як корхонаи нав - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Равзана пластик" оғоз бахшид.
Чунонки зикр гардид, ин нахустин корхонаи истеҳсолкунандаи профилҳои пластикӣ дар Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат таъкид намуд, ки саҳми истеҳсолотро афзун, бозори дохилиро таъмин ва содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар давоми соли 2011 ба ҷумҳурӣ 2400 тонна профилҳои пластикӣ ворид шудааст. Иқтидори истеҳсолии ин корхона бошад ба 3000 тонна дар як сол баробар аст, яъне корхона аллакай имкон дорад бозори дохилиро бо профилҳои пластикӣ пурра таъмин намуда, маҳсулоташро ба хориҷа ҳам барорад.
Барои таъсиси корхона 1,2 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шуда, дар 3 хати технологӣ 7 намуди профили пластикӣ бо нишонаи тиҷоратии "Манзил" тавлид мешавад. Маҳсулоти корхона аллакай дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони сершумор дорад.
Роҳбарияти корхона, ният доранд, ки боз як коргоҳи нав - хати технологии истеҳсоли маҳсулоти резиниро ба роҳ монанд, фаъолияти корхонаро тавсеа бахшанд ва шумораи ҷойҳои кориро афзун намоянд.
Маҳсулоти субъекти дигари минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" - ҶДММ "Стар пласт" лӯлаҳои пластикӣ ва полипротиленӣ мебошад, ки тайи се соли гузашта омили коҳишдиҳандаи воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар гардидааст.
Аҳли заҳмати корхона ба амалӣ намудани тадбири дигар - таъмини бозори дохилӣ бо зарфҳои пластикӣ низ ноил мешавад. Бо ин мақсад дар корхона се хати технологии нав (термопласт) барои истеҳсоли қуттиҳои полиэтиленӣ барои ҷамъоварӣ ва ҷо кардани меваю сабзавоти тару тоза васлу насб гардид. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо назардошти сабук, камхарҷ ва ба ҳадаф мувофиқ будани чунин зарфҳо дастур дод, ки истеҳсоли онро зиёд намуда, ба тамоми боғпарварон ва содиркунандагони меваю сабзавоти кишвар пешкаш намоянд.
Чанд намуди зарфҳои пластикии "Стар пласт" дар корхонаи дигари минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" - "Силк солт", ки ба истеҳсоли рангҳои сохтмонию ороишӣ машғул аст, барои басту банди маҳсулоти он мавриди истифода қарор дорад.
Афзалияти асосии кори ширкати "Силк солт" дар он аст, ки дар истеҳсоли рангҳои ороишии сохтмон гузаштан ба истифодаи ашёи хоми ватаниро пеша кардааст. Ҳоло 80-90% ашёи хоми онро сангу хок, рег ва дигар сарватҳои табиии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Тавре иттилоъ дода шуд, пештар тамоми ашёи хоми он аз хориҷи кишвар ворид мешудааст, ки сабаби гаронии нархи маҳсулоти корхона мешуд. Акнун бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ хароҷоти истеҳсолӣ кам шуда, ҳаҷми маҳсулот, иқтидори содиротӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ ба тадриҷ зиёд мешавад ва ҳам маҳсулоти аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсолшаванда на танҳо арзон, балки нисбатан хушсифат низ ҳаст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суҳбат бо соҳибкорони ватанӣ таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар сиёсати дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва афзалият додан ба соҳаҳои таъминкунандаи бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаро босубот идома медиҳад.
Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо соли гузашта 65 корхонаи нави хурду миёна бунёд ёфта, дар онҳо 2300 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Имсол бошад, тибқи нақша бояд зиёда аз 80 корхонаи нав бо 3,5 ҳазор ҷойи корӣ ба кор дароварда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарони корхонаҳои нассоҷии "Олим текстайлз" ва "Нику Хуҷанд" дастур дод, ки коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро ҳарчи зудтар ба роҳ монанд.
Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба афзудани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни аз хориҷа воридшаванда, ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳифзи бозори дохилӣ, паст кардани арзиши аслии маҳсулот, ба роҳ мондани содирот ба хориҷи кишвар ва муҳайёсозии ҷойҳои бештари корӣ дода шуд.
Бо хушнудӣ зикр гардид, ки сол ба сол истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ бо истифода аз технологияҳои муосир дар дохили кишвар ба роҳ монда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки ин раванди мусбат бояд ривоҷ дода шавад, то ки на танҳо бозори дохилӣ пурра бо маҳсулоти ватанӣ таъмин шавад, балки содирот ба хориҷи кишвар низ афзун гардад. Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба зардолубоғи хоҷагии деҳқонии "Истиқлол"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо боғпарварони соҳибтаҷрибаи он суҳбати ҷолиб анҷом дод ва ба кори боғбонон дар рӯёндани навъҳои беҳтарини зардолу баҳои баланд дод.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ бо тарзи чидану хушк кардани зардолу бо масъулон оид ба таъсиси корхонаҳои хурди хушксозӣ ва бастабандии меваи хушк мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, ки асоси якчанд маротиба зиёд шудани даромад аз боғу токпарварӣ аст, маслиҳатҳои муфид дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.12    №: 74    Мутолиа карданд: 736

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед