logo

фарҳанг

Сифати волояш дар шеъраш таҷаллӣ ёфтааст

"Баччаҳову кӯчаҳо" ("Адиб", 2008) ба қалами шоири мумтози бачаҳо Ҷӯра Ҳошимӣ мутааллиқ буда, онро раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешбарӣ кардааст.
Яке аз муҳимтарин ва пурарзиштарин сифатҳои шеъри Ҷӯра Ҳошимӣ зебоӣ, ширингуфторӣ, равонию покии сухан ва қобили дарки кӯдакон будани онҳост. Ба байтҳои зерини шеъри "Сегона", ки дар пайравӣ ба сабки нигориш ва дар такмили шеъри халқии "Се духтаракон" иншо шудааст, агар рӯ орем, мебинем, ки аз ин сифатҳо бархурдор аст:
Се додаракон буданд,
Бе хоҳаракон буданд,
Се ёри қарин буданд,
Се тори зарин буданд,
Се бабри дамон буданд,
Се тобу тавон буданд,
Се ҷомаало буданд,
Се шӯху бало буданд,
Се марги мушак буданд,
Зеро ки … пушак буданд.
Хонанда то расидан ба байти мақтаъ гумон намекунад, ки ин додаракон "пушак" (гурба) ҳастанд. Ин шеър мисли ҳамгуни халқиаш зебою гӯшнавозу равону диққатҷалбкунанда мебошад.
Бисёре аз ашъори ин китоб ва махсусан сурудҳои шоир бо ҳамин лафзу калому лаҳни ширини кӯдакон ва қобили дарки онон суруда шудаанду бори сабки равону поки суруд дар батну дар дӯш доранд.
Муҳимтарин хусусият, дастовард ва арзиши шеъри Ҷӯра Ҳошимӣ офаридани шеъри хоси сабки нигоришу биниш ва натиҷагириҳои худаш аст.
Яке аз мушкилтарин ва душвортарину нозуктарин воситаҳои тасвири бадеӣ таҷнис (таҷниси маънавӣ ва лафзӣ) мебошад ва шоир дар ашъораш аз ин санъати сухан фаровон истифода карда, хонандаи хурдсолро аз айёми кӯдакӣ ба дарки маъниҳои мухталифи калимот расидану ошно шудану ба мантиқи сухан сарфаҳм рафтан ҳидоят кардааст:
"Ку-ку"-и ту чӣ "ку-ку"?
"Ку-ку"-и ту чӣ неку!
"Ку-ку" кунӣ, валекин
Ку, ку, худи ту, куку?!
("Куку")
Лак-лак-лак ояд лаклак,
Лаклак ояд лак-лак-лак!
"Лаклак"
Дар шохаки дӯлона
Пайдо шуда ду лона.
(Ду лона дар дӯлона)
Ин вожагон дар ин абёт ба маъниҳои гуногун истифода шудаанд, ки ин ҳодисаро санъати лутф ҳам мегӯянд.
Масалан, вожаи куку (ку-ку) ду маъно дорад: яке тақлиди овози баъзе мурғон (парандагон) аз қабили фохта, қумрӣ, кабӯтари ёбоӣ, мусича, олучахӯрак ва дигар калимаи саволии ку? Куҷо? Дар куҷо?
Ҳамчунин тақлиди овоз, такрори калимаҳо дар навиштаҳои Ҷӯра Ҳошимӣ ба хубӣ адо шуда, шавқу завқи кӯдаконро ба мутолиаи онҳо меафзояд:
Гунҷишк ояд чиқ-чиқ-чиқ,
Дона чинад тиқ-тиқ-тиқ.
Донаш монад ним-ним-ним,
Гурба ояд ҷим-ҷим-ҷим.
Пешаш ғеҷад кам-кам-кам,
Гӯяд: "Хӯрам, ҳам-ҳам-ҳам!"
- Ҳо, гунҷишко, кишто! Кишт!
- Ҳо, гурбаё, пишто! Пишт!
(Гунҷишк ва гурба)

Шоир ин ҷо як манзараи ҳузнангези драмавии талош барои  зиндагии гунҷишку гурбаро тавассути бозии ҳарфу ҳиҷо ва тақлиди овоз зебою завқбахшу ҷолиб баён кардааст.
Яке аз санъатҳои шодиовару завқбахшу писандида дар осори барои бачагон санъати суолу ҷавоб мебошад. Шоир барои ифодаи дурусти эҳсосоти қалбӣ аз ин санъат фаровон истифода мебарад.
- Дарвозаро кӣ кӯбад?
- Шамолак!
- Ҳавлии мо кӣ рӯбад?
- Шамолак!..
- Ин гуна хуш кӣ хонад?
- Шамолак!
- Маънии он кӣ донад?
- Шамолак!
- Ин нозбӯ кӣ дорад?
- Шамолак!
- Дар  ҷони мо кӣ форад?
- Шамолак!
(Шамолак)
Баъзе  шеърҳои шоир саропо аз савол иборат мебошад ва ӯ тавассути савол ҳақиқати зиндагиро дар мағзи ҷисму ҷони кӯдак ҷо кардан хостааст.
Шеърҳои "Навозиши модар", "Моҳ куҷо меравад?", "Хирсак", "Васваса" аз ҳамин қабиланд. Агар ба шеъри "Навозиши модар" таваҷҷуҳ намоем, ба хубӣ дармеёбем, ки чӣ қадар зебо ва самимӣ адо шудааст:
Ҳай-ҳай, чӣ духтарӣ?!
Гӯё кабӯтарӣ!
Садбарги боғи дил?
Ё лолаи тарӣ?
Аслӣ ва ё ки расм?
Одам ва ё парӣ?
Ё нури дидаӣ?
Ё давлати сарӣ?
Ё ту мадори ҷон?
Ё ҷони модарӣ?
Ин ҷо саволҳои модар ба духтар чунон матраҳ шудаанд, ки дар ниҳодашон ҷавоб ҳам доранд.
Ҷӯра Ҳошимӣ табиатан як инсони ҳалиму нармгуфтор, беозор, хушрафтор, мӯнису ғамхор, хоксору фурӯтан, шикастанафсу ҳалолкору ҳалолхӯр, ҳақталош ва зиёда аз ин масъулиятшиносу худогоҳу хештаншиносу ватандӯсти асил аст ва шеъраш оганда ва оғушта аз ҳамин сифатҳои наҷибзодагию асилзодагии ӯст. Ба таъбири дигар бигӯем, ҳамин сифатҳои волои инсонии ӯ дар ҳар сатри шеъри ӯ таҷассум ёфтаю таҷаллӣ кардааст. Мавзӯи Ватану ватандӯстӣ, ҳифзу ҳимояи он  яке аз масъалаҳои асосии баҳси ашъори Ҷӯра Ҳошимист ва як фасли ин китоб "Аскар чӣ менависад?" унвон дошта, ба масъалаи хидмати наваскарон дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ, дар Артиши миллӣ, тасвири масъалаҳои буду бош, фаъолият, кору кирдору рафтор, машқу таълиму тадрис ва тарбияи муҳофизони ҷавони Ватану хоку оби муқаддас бахшида шудаанд. Шоир хидмат дар сафҳои Артиши миллиро боиси ифтихор, шарафу нангу номус, мактаби бузурги обу тоби ҷисмонӣ, рӯҳию равонӣ, тарбияи ҷасорату матонату мардонагӣ, кордонӣ ва заҳматкашӣ дониставу ба қалам овардааст. Аскарӣ як қонун дорад: "надонӣ, ёд медиҳем, нахоҳӣ, маҷбур мекунем" ва ин рафтору амал бузургтарин мактабест, ки дар ҳеҷ ҷойи дигар нест. Биноан наваскар дар хидмати сафҳои Артиши миллӣ ҳамадон мешаваду аз уҳдаи иҷрои ҳама кор мебарояд:
Аз уҳдаи ҳама кор
Осон барояд аскар,
Лозим шавад, ба оташ
Тозон дарояд аскар.

Аскар наҷӯяд асло
Болин куҷою бистар,
Дар рӯйи сангу оҳан
Осуда хобад аскар.

Аскар надорад асло
Аз бешу кам шикоят…
Аскар бувад фидокор,
Аскар бувад тавоно…
Ин силсила бо "Суруди наваскарон" хотима ёфта, дар он ҳадафи шоир, моҳияту маънои хидмату буду бош дар сафҳои Артиши миллӣ як навъ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ шудааст:
Дар машқ доно мешавем,
Зӯру тавоно мешавем,
Ҳомии марзу буми хеш
Дар рӯйи дунё мешавем.
Ин силсила кору кирдору пайкор, таълиму тадрису користони аскарбачагонро аз рӯзи ба сафи Артиши миллӣ даъват шудан то рӯзи рухсатӣ ба ақибгоҳ  дар бар гирифтааст.
Силсилаи мазкур аз беҳтарин намунаҳои ашъор дар мавзӯи ҳарбию ватандӯстӣ маҳсуб мешавад ва он воситаи муҳими дар рӯҳияи  хидмати содиқонаю шарафмандона ба халқу Ватан тарбия кардани наваскарон ва умуман насли наврас ба ҳисоб меравад.
Хулосаи калом, китоби мазкур арзиши зиёди бадеӣ, маърифатӣ, зебоипарастӣ, панду ахлоқӣ дошта, дар тарбияи ҳисси ғуруру шарафу нангу номусу ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳсоси баланди миллатпарастию ватандӯстии насли наврас - бунёдгарони ояндаи ҷомеаи навин нақши муассир дорад ва месазад муаллифи он ба яке аз муътабартарин Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шавад.

Неъматҷон ФАЙЗУЛЛОЕВ,
доктори илми филология,
профессор,

Юсуфи АКБАРЗОДА,
номзади илми филология,
адабиётшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.12    №: 74    Мутолиа карданд: 1766
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед