logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳадафҳои рушди устувор бояд мушаххасу шаффоф бошанд»

20-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон,  ҳамчунин дар ҷаласаи мизи гирди конфронси СММ оид ба рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба мушкилоти вобаста ба афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ, таъкид дошт, ки «ҳадафҳои рушди устувор барои муддати дароз бояд мушаххасу шаффоф бошанд ва аз ҳама муҳимтараш ба қонеъ намудани ниёзҳои табақаҳои аз ҳама осебпазири мардум ва занону кӯдакон равона гарданд».
Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони соли 2013 чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об аз тамоми давлатҳо даъват намуд, ки «дар кори васеътар гузаронидани чорабиниҳои ин сол фаъолтар ширкат варзанд, то ки муколамаву ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи истифодаи устувор ва дастҷамъонаи захираҳои об амалӣ гардад».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ҳалли масоили ОБ-ро асоси татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, рушди устувор барои ҳама, энергетика барои ҳама, пешбурди иқтисодиёти «сабз», паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини санитария ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии захираҳои об даъват намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.12    №: 81    Мутолиа карданд: 519

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед