logo

суханрониҳо

Тоҷикистон ҳамасола бо буҳрони энергетикӣ рӯбарӯст

Ҳамкорони азиз,
Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон,

Қабл аз ҳама мехоҳам ба ҳамаи шумо барои ширкат дар ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намоям. Ба ақидаи мо, он қадами муҳиме дар пайроҳаи Соли байналмилалии ду ҳазору сездаҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад.
Об як ҷузъи зарурии рушди устувор ва иқтисодиёти "сабз" аст. Бинобар ин мо итминон дорем, ки дар доираи конфронси таърихии мазкури Созмони Милали Муттаҳид ба ҳалли масоили об таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Тоҷикистон яке аз ташаббускорони эълон намудани Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт барои солҳои 2005-2015" ва инчунин Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад.
Аз ин рӯ, мо барои татбиқи босуръати рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид ва пурра кардани он бо чораҳои муосири амалӣ ҷиҳати ҳалли ботадриҷи ҳама мушкилоту таҳдидҳо, ки бо об алоқамандӣ доранд, хеле ҳавасманд ҳастем. Таназзул ва коҳишёбии вазъи захираҳои оби тоза барои рушди устувор монеа эҷод намуда, аз зарурати ҳамкориҳо байни бахшҳои асосии истифодабарандаи захираҳои об - кишоварзӣ, саноат, энергетика, таъминоти об, санитария ва муҳити зист шаҳодат медиҳад.
Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли татбиқи рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид итминони комил дорад, ки маҳз инкишофи ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ байни истифодабарандагони гуногуни об, аз сатҳи маҳаллию миллӣ сар карда, то сатҳи минтақавию байналмилалӣ метавонад дар амри расидан ба ҳадафҳои таъминоти об ва санитария, инчунин ҳифзи захираҳои об барои наслҳои оянда мусоидат намояд.
Аз ин лиҳоз, солҳои охир мо бо як қатор ташаббусҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои байналмилалии гуногун доир ба масъалаҳои об баромад намудем.
Барои амалисозии ҳадафҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки 21 марти соли 2013 Муколамаи байналмилалии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дар охири ҳамон сол Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об гузаронида шаванд.
Мо дар назар дорем, ки дар ҷараёни баргузории ин чорабиниҳо баррасии мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби мавҷудаи ҳамкориҳо дар соҳаи об сурат гирад. Мо инчунин пешниҳод менамоем, ки иқдомҳои минбаъдаи мувофиқашуда ҷиҳати истифодабарии оқилона ва одилонаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ муайян карда шаванд.
Дар ин ҷода Тоҷикистон ба дастгирии ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар амалисозии ин чорабиниҳо умед дорад.
Эътирофи мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби аҳолии осебпазир, ки барои ҳалли масъалаҳои таъминоти об ва санитария шароити зарурӣ ва маблағҳои кофӣ надоранд, хеле муҳим аст. Имрӯз дар ҷаҳон садҳо миллион одамон дар чунин вазъи осебпазир қарор доранд. Набудани имконоти дастрасӣ ба оби тоза барои чунин гурӯҳи одамон даҳҳо мушкилот ва таҳдидҳои дигарро, ба мисоли камбизоатӣ ва сар задани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба вуҷуд меоварад.
Ин мушкилот дар Эъломияи Ҳазорсола ва лоиҳаи Ҳуҷҷати ҷамъбастии конфронси имрӯза дарҷ ёфтааст. Ҷиҳати ҳалли он ба ҷомеаи байналмилалӣ зарур аст, ки ҳамкорию шарикии ҳамаҷонибаро ривоҷ диҳад.
Тоҷикистон кишвари соҳиби об ба ҳисоб рафта, қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад. Дар ин росто мехоҳам нақши гидроэнергетикаро, ки яке аз афзалиятҳои калидии рушди устувор ва манбаи асосии истеҳсоли барқ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад, қайд намоям.
Тоҷикистон манбаи дигари истеҳсоли барқ надорад, бинобар он, талаботи мамлакат ба он аз ҳисоби азхудкунии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика, ки имкониятҳои он бузург буда, ба панҷсаду бисту ҳафт миллиард киловат-соат баробар аст, қонеъ гардонида мешавад.
Айни ҳол Тоҷикистон ҳамагӣ каме зиёдтар аз се фоизи иқтидори гидроэнергетикии худро истифода мебарад ва даҳсолаҳои охир ҳамасола бо мушкилиҳои бузурге рӯбарӯст, ки кишварро алалхусус дар фасли баҳору зимистон дар остонаи буҳрони энергетикӣ қарор медиҳанд.
Тоҷикистон аз чунин вазъият раҳоӣ ёфтанро танҳо дар инкишофи гидроэнергетикаи худӣ, бо дарназардошти эҳтиёҷоти кишварҳои минтақа ба захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист мебинад. Танҳо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа дар масъалаҳои истифодабарии оқилонаи захираҳои обу энергетика ва дигари табиӣ метавонанд ба ҳалли мушкилоти энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат намоянд, ки онҳо бевосита аз истифодабарии оқилонаи ин захираҳо вобастагӣ доранд.
Ба масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ масоили мубориза бо офатҳои табиӣ, ки бо об алоқамандӣ доранд, низ шомиланд. Масалан, ҳамасола офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон хисороти зиёди иқтисодӣ ворид мекунанд, ҳазорон оила бе хонаву дар мемонанд ва даҳҳо нафар қурбон мешаванд. Дар баъзе мавридҳо нуқтаҳои аҳолинишин ба куллӣ бо инфрасохторашон - мактабҳо, роҳҳо, беморхонаҳо бо селоб шуста мешаванд, ё ин ки дар зери ярч мемонанд. Барои чорабиниҳои барқарорсозӣ ҳамасола ҳиссаи бузурги буҷети мамлакат сарф мешавад. Ва дар ин ҷо бояд на танҳо нақши ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва миллӣ, балки ҳамкорӣ ва дастгирии мутақобилаи кишварҳои минтақа низ тақвият дода шавад.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам,
Дар масоили таъминоти об нуктаи асосӣ таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи минтақа ва байни кишварҳои ҳавзаи обҳои фаромарзӣ мебошад.
Чи тавре ки маълум аст, минтақаи мо бо яке аз мушкилоти экологии ҷаҳонӣ - хушкшавии баҳри Арал рӯ ба рӯ шуд. Натиҷаҳои манфии ин раванд қариб ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии минтақаи назди Аралро фаро гирифт, ки ба рушди устувори минтақа монеа эҷод менамояд.
Сабабҳои асосии таназзули баҳри Арал ин талафоти хеле зиёди об ҳангоми обёрӣ, ки бинобар кӯҳнашавиии системаи обёрӣ қариб ба шаст фоиз мерасад, инчунин азхудкунии аз ҳад зиёди заминҳо дар замони шуравӣ барои парваришу истеҳсоли зироатҳое мисли пахта ва шолӣ мебошад.
Аз ин буҳрони экологӣ танҳо тавассути аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати сарфаи об бо роҳи барқарорсозии системаҳои обёрӣ ва заминҳо, инчунин иваз кардани чунин зироатҳои кишоварзӣ мисли пахта ва шолӣ ба зироатҳои озуқавории обкамталаб баромадан мумкин аст. Ин чора дар як вақт метавонад ба ҳалли мушкилоти бо буҳрони озуқаворӣ алоқаманд мусоидат намояд.
Тоҷикистон дар ин самт бо кам намудани сеяки масоҳати майдони пахтазор дар панҷсолаи охир ва ҳамзамон истеҳсол намудани зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот ва дигар зироатҳои дар ҳалли масъалаҳои озуқаворӣ афзалиятнок ибрат нишон дод.
Афзоиши демографӣ ва азхудкунии майдонҳои аз ҳад зиёди заминҳои нав аз як тараф, коҳишёбии масоҳати пиряхҳо ва барфтӯдаҳо - манбаъҳои асосии таъминкунандаи дарёҳои минтақа бар асари тағйирёбии ҷаҳонии иқлим аз тарафи дигар ба афзоиши истифодаи об ва камшавии миқдори оби дарёҳо оварда мерасонад.
Гуфтан кофист, ки агар дар ибтидои асри бист дар минтақа қариб 3 миллион гектар замини обӣ мавҷуд буд, пас дар охири аср он ба 9,2 миллион гектар омада расид. Айнан ҳамин тавр, аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соли 1956 20 миллионро ташкил менамуд, ҳоло ба 64 миллион нафар расидааст.
Ва дар ин вазъ давлатҳои минтақа танҳо ба рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи об, бо таҷдиди назар дар барномаю стратегияҳои истифодабарии об, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ ва қабули қарорҳои муштараки ба рушди устувори тамоми минтақа ва ҳар як давлати алоҳида мусоидаткунанда метавонанд масъаларо ҳаллу фасл намоянд.
Мо бояд таҷрибаи пешрафтаро оид ба идоракунии якҷояи захираҳои об ва истифодабарии оқилонаи онҳоро ва пеш аз ҳама дар ҳавзаҳои обҳои фаромарзӣ амиқан омӯзем. Бояд механизмҳои мусоидат ва кӯмакрасонӣ аз ҷониби ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба он кишвару минтақаҳое, ки дар масъалаи истифодабарии якҷояи захираҳои об ихтилофот ва нофаҳмиҳо доранд, танзим дода шавад.
Итминон дорам, ки баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар амри ноил шудан ба ҳадафҳо оид ба таъминоти об ва санитария нақши мусбатеро бозида, ба муҳити ҳамдигарфаҳмӣ байни истифодабарандагони об беҳбудӣ мебахшад, таваҷҷӯҳи ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалиро дар масъалаҳои таъминоти табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва бахшҳои иқтисодиёт бо об тақвият мебахшад. Умедворем, ки татбиқи чорабиниҳои ин Соли байналмилалӣ ҳалли мушкилоти мавҷударо дар масъалаи таъминоти об ва ҳифзи захираҳои он барои наслҳои оянда осонтар намуда, ба рушду танзими ҳамкориҳои одилонаю мутақобилан судманд дар соҳаи об мусоидат хоҳад кард.
Ба таваҷҷуҳатон ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.12    №: 82-83    Мутолиа карданд: 560

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед