logo

мулоқотҳо

Президенти Маҷористон даъвати Сарвари Тоҷикистонро пазируфт

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар ҳошияи иштирок дар Конфронси Рио+20 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Янош Адер, Президенти Маҷористон, вохӯрӣ доир намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон ва дурнамои рушди он баррасӣ гардиданд.

Нахуст Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, Янош Адерро ба муносибати оғози иҷрои вазифаи Президенти Маҷористон муборакбод гуфт.
Президенти Тоҷикистон натиҷаҳои музокиротеро, ки дар рафти сафар ба Маҷористон бо роҳбарияти он доир гардида буданд, самаранок арзёбӣ намуда, омили муҳими тавсеаи ҳамшарикии ҳар ду кишвар номид.
Ҷонибҳо перомуни ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои ду давлат дар чунин соҳаҳои ҳаётан муҳим, ба монанди тиҷорату иқтисод, фарҳангу маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ тавассути бунёди заминаи мусоиди ҳуқуқиву қарордодӣ табодули назар карданд.
Президенти Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи онҳо шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Янош Адер даъват ба амал овард, то дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад. Ҷониби Маҷористон даъвати Президенти Тоҷикистонро бо мамнуният пазируфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.12    №: 82-83    Мутолиа карданд: 424

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед