logo

муҳоҷират

Муҳоҷирати корӣ хуб аст, агар…

Бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии "Перспиктива+" ва сарпарастии Институти Ҷомеаи кушода дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи "Муҳоҷирати меҳнатӣ: таносуби  ташаббусҳои сиёсии ҷорӣ ва ниёзҳои воқеӣ" суҳбати мизи гирд баргузор гардид.
Ойниҳол Бобоназарова, раиси Фонди ҷамъиятии  "Перспиктива+", зикр намуд, ки муҳоҷират барои ҳар як оилаи тоҷик масъалаи доғ аст, зеро аз ҳар хонавода 3-4 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ӯ гуфт: "Ҳар сол аз ҳисоби муҳоҷирон наздики 3 миллиард доллар ба ҷумҳурӣ маблағ ворид мешавад. Вале дар ин самт мушкилиҳо низ зиёданд. Вақте бача дар мактаб мегӯяд, ки ман калон мешаваму Русия меравам, пас ояндаи миллат чӣ мешавад? Муҳоҷират ба фарҳанги оиладории мо таъсири манфӣ расонидааст. Тибқи маълумот ҳар сол 12 ҳазор шаҳрванди тоҷик дар Русия зан мегирад. Мардҳои муҳоҷир занҳояшонро ба воситаи телефон талоқ медиҳанд. Худкушӣ зиёд шудааст".
Қабл аз баррасии мавзӯи суҳбат ҳозирон филми "Модар маро интизор бош" - ро аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Русия тамошо карданд, ки хеле муассиру диданӣ таҳия шуда буд. Як ҷиҳати мутафовути нишасти мазкур он буд, ки дар маҷлис чанд муҳоҷир ва занҳое, ки шавҳарашон дар муҳоҷират аст, ширкат доштанд. Баъди тамошои филм бонуе, ки нахост номаш дар матбуот зикр шавад, изҳор дошт, ки аз бист соли хонадорӣ 19 сол аст шавҳараш аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва панҷ фарзандро ӯ дар танҳоӣ тарбият менамояд. "Наврасон дар бораи Русия тасаввуроти дуруст надоранд. Онҳо бояд чунин филмҳоро бинанд. Огаҳӣ ёбанд, ки дар муҳоҷират бо чӣ гуна азобу мушкилиҳо рӯ ба рӯ омадан мумкин аст. Кор дар сохтмонҳо чӣ душвориҳо дорад. Дар ин филм ҷавонеро дидем, ки мехост пул кор кунаду хонад. Вале ба ҳалокат расид. Ақаллан занҳо нараванд. Илоҷе ёфта дар ҳамин ҷо кор кунанд".
Зебо Шарифова, директори иҷроияи Иттиҳодияи ҷамъиятии "Лигаи занони ҳуқуқшинос", гуфт, "ба мо занҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанианд, муроҷиат мекунанд, ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ мерасонем. Ҳамзамон занҳое низ меоянд, ки шавҳарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар ноҳияҳои Варзоб ва Рашт семинар-машварат баргузор намудем, ки занҳои зиёд дар он ширкат варзиданд ва ба саволҳои худ посух гирифтанд. Занҳое низ буданд, ки бо сабаби дар муҳоҷират қарор доштани падари фарзандонашон наметавонистанд алимент гиранд". Тибқи маълумот ба Ассотсиатсияи байналмилалии занони муҳоҷир"  низ дар нимаи дуюми соли гузашта ва нимаи аввали соли равон беш аз 300 нафар бо масоили рӯёнидани алимент, маскун кардан дар хонаи шавҳар, ки айни замон дар муҳоҷират қарор дорад, муроҷиат кардаанд.
Дар иртибот ба ин масъала Ойниҳол Бобоназарова изҳор дошт, ки аслан чунин ҷамъомадҳоро набояд дар шаҳрҳои марказӣ баргузор намуд. Мо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ва масъулони давлатӣ бояд бештар ба маҳалҳо равем, бевосита бо мардуме, ки гирифтори мушкилот мешаванд, вохӯрем, ёрии ҳуқуқӣ расонем ва дар ҳалли масоили пешомада мусоидат намоем. Оид ба масъалаи алимент ӯ пешниҳод намуд, ки дар буҷети давлат барои пардохти алимент маблағ ҷудо шавад, баъд онро давлат бо истифодаи роҳҳои қонунӣ аз падарони муҳоҷир рӯёнад ва ба буҷет баргардонад.
Лола Олимова, муҳаррири Институти Ҷанг ва Сулҳ, гуфт, ҳамасола аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумӣ дусад ҳазор корҷӯ зиёд мешавад. Зеро ҳамаи онҳо ба муассисаҳои таълимии олӣ дохил шуда наметавонанд. Баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳо низ наметавонанд ҷои кори муносиб пайдо созанд. Бештари онҳо нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд. Мо бояд барои дар дохили кишвар бо кор таъмин намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешем. Албатта, давлат дар ин самт кор мекунад, вале бе ёрии ҷомеа ҳалли ин масъала имконнопазир аст.
 Ойниҳол Бобоназарова таъкид бар он дошт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар тамоми дунё ҳаст. Масалан, ҳар сол аз Филиппин наздики 3 миллион нафар ба мамлакатҳои Аврупо ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, вале ягон полис ҳақ надорад ба ӯ кордор шавад. Қаблан ҷои кор ва маошаш муайян аст, аз ҳисоби он андоз месупорад. Агар бемор шавад, аз ҳисоби ҳамон корхона нафақа мегирад. Вале Русия ҳанӯз давлати демократӣ нашудааст, қонунҳояш дар амал татбиқ намешаванд. Тафтишу бозпурсии муҳоҷир аз фурудгоҳ оғоз мегардад, дар ҳоле, ки миёни мо раводид вуҷуд надорад. Агар шиноснома бенуқс бошад, бояд полис кордор нашавад. Албатта, масъалаи қочоқи нашъа ҷой дорад, вале ба миқдори ниҳоят кам. Нишондодҳои оморӣ бозгӯи онанд, ки танҳо 0,09 дарсади муҳоҷирони тоҷик ҷиноят содир кардаанд. Бо тиҷорати маводи мухаддир асосан мафияҳои Русияю Тоҷикистон сарукор доранд. Муҳоҷират хуб аст, агар қонун амалӣ шавад. Вазъият танҳо дар шаҳрҳои марказӣ бад аст, дар минтақаҳо не. Дар маҳалҳо мардум ба тоҷикон, барои софдилию заҳматдӯстиашон меҳр доранд. Вале назари сиёсатпешаҳо дигар аст. Муҳоҷират хуб аст, агар ҳуқуқи муҳоҷир поймол нашавад. Ҳар сол тобути зиёде ба ватан меояд. Албатта, баъзеашон дар сохтмон ё аз беморӣ ҳам мефавтанд.  Муҳоҷирон дар сохтмон пули бештар кор мекунанд, вале бар ивази саломатӣ. Дар баробари ин, маблағи бо ранҷ ёфтаи муҳоҷир миёни чанд нафар тақсим мешавад:  полис, миёнарав, бачаҳои худамон. Як нафар кор мекунад, дар атрофаш, чанд нафар ҷамъ мешаванд. Бояд вазорати муҳоҷират таъсис меёфт, зеро дар солҳои наздик ҳалли ин масъала душвор аст.
Шарифа Усмонова, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханрониаш оид ба фаъолияти Хадамоти мазкур дар тӯли як сол  иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт,  мехостем доир ба масъалаи муҳоҷират як барномаи телевизионӣ таҳия намоем, ки дар як ҳафта як бор пешниҳод шавад. Вале то ҳанӯз муваффақ нашудаем. Ҳафтаномаи "Муҳоҷир" чоп мешавад.  Мавсуф афзуд: "Тибқи Сарқонун ҳар шаҳрванд, агар  хоҳишу имкон дошта бошад, метавонад ба хориҷа равад. Мо ҳақ надорем касеро манъ кунем. Вале бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳояш дуруст бошад. Ҳоло мо бо Ҷумҳурии Беларус, Кореяи Ҷанубӣ ва давлати Қатар оид ба муҳоҷират созишнома бастаем. Аз рӯи талаботи онҳо фақат мутахассисони баландихтисос ба он кишварҳо рафта метавонанд. Аз ин рӯ, мо пешниҳод дорем, ки яқ қисми омӯзишгоҳҳои касбию техникиро ба ихтиёри Хадамоти муҳоҷират супоранд. Мо аз рӯи барномаи муайян ба  ҷавонон касбу ҳунар омӯхта, онҳоро ба муҳоҷирати меҳнатӣ омода намоем. Курсҳои омӯзиши забони русиро дар назди диаспораҳои тоҷикон низ таъсис додан мумкин аст. Дар Русия 79 диаспора фаъолият мекунанд, вале аз онҳо танҳо 30- тояшон бо мо робита доранд. Ин ҳам  мушкилӣ эчод мекунад". Шарофат Усмонова пешниҳод намуд, ки барои дастгирии муҳоҷирон Фонди муҳоҷирон созмон ёбад. Вале Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки ин пешниҳод қобили қабул нест. Зеро агар муҳоҷирони зиёд барои гирифтани ёрӣ муроҷиат кунанд, маблағ барои ҳамаи онҳо намерасад. Беҳтараш Фонди модар ва кӯдак таъсис ёбад, чун теъдоди онҳо дар муҳоҷират камтар аст. Вале нахуст бояд муайян шавад, ки ин фонд аз ҳисоби кӣ таъсис меёбад.
Ойниҳол Бобоназарова таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба дигаргуниҳое, ки ахиран дар қонунгузориҳои Русия ба миён омаданд, ҷалб намуда, таъкид бар он дошт, ки шартҳои муҳоҷират ҳар сол бештару гаронтар мешаванд. Русия ба қонунҳояш тағйироту иловаҳое ворид месозад, ки барои муҳоҷирон мушкилоти нав эҷод мекунад. Аз ҷумла, онҳое, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, то даҳ сол роҳашон ба ин кишвар баста мешавад. Ҳамзамон шурӯъ аз моҳи ноябри соли равон бояд муҳоҷир аз забони русӣ, таърих ва қонунҳои Русия имтиҳон супорад. "Донистани забон хуб аст. Вале дар тамоми дунё  ва меъёрҳои байналхалқие, ки Русия ва Тоҷикистон имзо кардаанд, ин нукта ҷой надорад. Барои хиштбардорӣ забондонӣ шарт аст? Инро бояд ҳатмӣ намекарданд. Фасод бештар мешавад. Қонунҳои дахлдори Русияро дар шакли буклет омода мекарданд, кифоя буд", - гуфт ӯ
Дар анҷоми нишаст иштирокдорон тасмим гирифтанд, ки ба хотири ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо ба унвони идораҳои дахлдор муроҷиатнома ирсол намоянд.   

Барнои ҚОДИРДУХТ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.07.12    №: 86    Мутолиа карданд: 13275

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед