logo

илм

Нахустин тоҷики помиршинос

Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огаҳӣ надоранд, ҳеч гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Ба наздикӣ Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Пажӯҳишгоҳи улуми инсоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ бахшида ба 80 - солагии профессор Додхудо Карамшоев, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи педагогии Русия, дорандаи Ҷоизаи Мавлавӣ, доктори илмҳои филологӣ, ду конфронси илмии умумиҷумҳуриявӣ баргузор карданд. Дар тӯли ду рӯз олимони забону адабиётшинос, муаррихон, устодони донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ, донишҷӯён таъсисдиҳандаи шуъбаи помиршиносӣ - нахустин маркази илмии омӯзиши забонҳои кӯчаки бадахшонӣ дар  Шӯравии пешин, Афғонистон, Чин, Ҳинд, Покистон, асосгузори Пажӯҳишгоҳи улуми инсоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар Бадахшон, забоншиноси номӣ, таъсисдиҳандаи мактаби помиршиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз фаъолияти илмӣ ва зиндагиномаи Додхудо Карамшоевро ёдовар шуданд.

Тавре ки Шамсиддин Солеҳов, муовини директори Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, иброз дошт, "хидмате, ки профессор Додхудо Карамшоев барои равнақи эроншиносӣ дар қаламрави Тоҷикистон кардааст, кам андар ками олимони муосир кардаанд".
Ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ таваҷҷуҳи Додхудои ҷавонро забонҳо ва гӯйишҳои мухталифи мардуми Помир  ҷалб карданд. Барояш ҳайратовар он буд, ки олимони хориҷӣ ба омӯзиши ин забонҳо таваҷҷуҳи зиёд доштанд, вале дар байни олимони тоҷик касе ба ин мавзӯъ муроҷиат намекард. Ӯ бо азми комил ба аспирантураи шуъбаи эроншиносии Институти забоншиносии АИ СССР дар шаҳри Ленинград дохил шуда, то соли 1960 таҳсил намуд ва аз мактаби машҳури эроншиносии Ленинград гузашт. Дар тӯли ин солҳо вай барои созмон додани зербинои манбаъҳои омӯзиши системаноки забонҳо ва гӯйишҳои мавҷудаи Бадахшон заминаи хуби итилоотӣ фароҳам сохт.
"Ба арсаи илм омадани Додхудо Карамшоев дар самти омӯзиши забону фарҳанги кӯҳистони Помир пайомадҳои назаррасро падид овард. Зеро то солҳои шастуми қарни гузашта омӯзиши илмии забонҳои помирӣ маркази расмии худро надошт ва забонҳои помирӣ дар доираи омӯзиши забонҳои гурӯҳи эронӣ таҳқиқ мешуданд. Адами мавҷудияти маркази алоҳидаи илмӣ таҳқиқу баррасии мукаммал ва тибқи нақша сурат гирифтаро таъмин намекард", - мегӯяд профессор Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ.  Зимни фаъолият дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар тӯли солҳои 1963 - 1967 Карамшоев барои таъсиси бахши забонҳои помирӣ дар ин пажӯҳишгоҳ ва бо кадрҳои хуб таъмин кардани ин бахш хидматҳои сазоворе кардааст. Тавре ки профессор Н. Офаридаев ёдовар мешавад, таъсиси бахши помиршиносӣ кори саҳл набуд ва масъала бо миёнаравии президенти вақти АИ Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ба назди котиби КМ ПК Тоҷикистон Ковал ҳалли худро пайдо карда, дар таъсиси ин бахш нақши директори вақти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик устод Носирҷон Маъсумӣ низ хеле бузург будааст. Ва, албатта, ҳамаи ин муваффақиятҳо бекӯшишҳои устод Карамшоев ба даст намеомаданд.
Соли 1974 ин бахш бо саъйи устод Карамшоев ба шуъбаи помиршиносӣ табдил ёфт ва мутахассисони зиёдтареро фаро гирифт. Бо ривоҷ гирифтани фаъолияти шуъба, афзоиши кормандони илмии он, фарогирии доираи васеътари мавзӯоти илмӣ, зарурати боз ҳам тавсеа додани он ба амал омад. Устод Карамшоев ба чунин хулоса омад, ки шуъбаи помиршиносӣ бояд дар маҳали густариши забонҳои помирӣ, яъне бевосита дар озмоишгоҳаш амал кунад ва танҳо дар он ҷо метавонад самари бештаре орад.
Суханони муҳаққиқи таърихи забонҳои эронӣ, шарқшиноси маъруф М. Оранский : "Ба арсаи илм ворид гардидани гурӯҳи мутахассисоне, ки барояшон ин забонҳо модарӣ мебошанд, дар инкишофи ин соҳаи эроншиносӣ марҳилаи нави ояндадор боз мекунад" дар шахси Карамшоев аст. Карамшоев дар назди роҳбарияти вақти АИ Тоҷикистон масъалаи ба Помир кӯчондани шуъбаи помиршиносиро асоснок кард. Далелҳои ӯ пазируфта шуданд ва аз соли 1989 шуъбаи помиршинсоӣ фаъолияти худро дар шаҳри Хоруғ оғоз кард.
Дар тӯли ин солҳо устод роҳбари ин бахш буд ва дар омӯзиши забонҳо ва гӯйишҳои помирӣ, фолклори мардуми он ва дигар масоили умдаи эроншиносӣ дар мисоли забонҳои помирӣ нақши сазовор гузошт.
Моҳи сентябри соли 1991 дар заминаи шуъбаи помиршиносӣ Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АИ ҷумҳурӣ дар ВМКБ таъсис шуд, ки бешак, бидуни саъю кӯшиши профессор Карамшоев коре буд амри маҳол. Ҳамакнун дар ин пажӯҳишгоҳ на танҳо масоили забон ва адабиёти мардуми Бадахшон, балки таърих, этнография,  иқтисод, ҷуғрофия, геология ва ҳоказоро низ меомӯзанд.
Ба гуфтаи профессор Шодихон Юсуфбеков, доктори улуми филологӣ, директори Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии шаҳри Хоруғ " ҳоло дар шуъбаи помиршиносие, ки устод Карамшоев таъсис дода буд, олимон ва таҳқиқгарон аз кулли манотиқи Бадахшон: Шуғнон, Рӯшон, Язгулом, Бартанг, Ванҷу Дарвоз фаъолият мекунанд ва боиси ифтихор  аст, ки бархе аз шогирдони устод имрӯз дар пажӯҳишгоҳҳо ва муассисоти илмии гуногуни кишварҳои Русия, Инглистон ва Амрико  низ кору фаъолият мекунанд".
Муқбилшоҳ Аламшоев, сардори шуъбаи забонҳои помирии Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, шогирди ин устоди зиндаёд  мегӯяд:  Шодравон Карамшоевро ҳамчун лексиколог ва лексикограф дар Тоҷикистон ва берун аз он мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд. Луғатсозӣ кори аз ҳама мушкилтарин дар забоншиносӣ аст, вале устод Карамшоев тамоми мушкилиҳои ин заҳматро таҳаммул карда, беҳтарин луғатро мураттаб сохт".
Бузургтарин кори илмие, ки ӯ дар тӯли умраш анҷом додааст, таҳия ва мураттаб кардани "Луғати шуғнонӣ - русӣ" дар се ҷилд мебошад, ки дар Сарредаксияи адабиёти шарқи Нашриёти "Наука" - и шаҳри Москва ба нашр расидаст. Ба ин луғат забоншиносони номии ҷаҳон баҳои баланд додаанд.
Муаллифони ин сатрҳо шоҳиданд, ки устод Карамшоев дар ҳама гуна суҳбату ҷамъомадҳо қаламу коғаз дар даст дошт ва ҳар калимаи наверо, ки мешунид, сабт карда, ҳамоно ба картотека дохил менамуд. Вай ба шогирдонаш мудом таъкид мекард: "Бишитобед, қаламу коғаз гиред, маводи забонӣ ва фолклорӣ ҷамъ оред. Забони тозаи мо дар ниҳоди пирон ва мӯйсафедон нуҳуфтааст, забонҳои помирӣ низ мисли ин мӯйсафедонанд, пагоҳ дер мешавад".
Устод Карамшоев олими хеле сермаҳсул буд ва мавзӯи рисолаҳояш гоҳе аз доираи забоншиносӣ ҳам берун меомаданд. Вай тақрибан 400 асари илмиро дар шакли мақолаҳои алоҳида ва китоб ба мерос мондааст.
Дар баробари кори илмӣ, ҳамчун ходими ҷамъятӣ дар мавзӯъҳои таърих, фарҳанг ва одоб ҳамеша дар васоити ахбори омма ва дар байни мардум баромад мекард.
Муаллифони матлаб шоҳиданд, ки чи тавр як китоби таълифкардаи  ӯ дар нигоҳ доштани эътидоли вазъ дар Бадахшон дар солҳои муноқишаҳои дохилӣ таъсири мусбат гузошта тавонист. Марзбонони рус, ки ҳифозати марз дар Бадахшонро беш аз 100 сол ба дӯш доштанд, дар он солҳо аз чаҳорчӯби анъанаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дур рафтанд. Ҳодисаи ба ҳоли худ мондани марз, аз он гузарондани афроди гуногуни мусаллаҳ, дар рустоҳои марзӣ бегуноҳ ба қатл расондани ҷавонон ва муташанниҷ кардани вазъ аз ҷониби сарбозони рус ва қувваҳои ба имдоди онҳо омада хеле зиёд шуд. Профессор Карамшоев дар бораи фаъолияти марзбонони рус дар Тоҷикистон, анъаноти дӯстии онҳо бо сокинони Бадахшон маводи зиёди бойгонӣ, ҳикояҳо, ёддоштҳои марзбонони мустафъиро ҷамъ оварда, онро дар шакли китоб бо ҳаммуаллифии генерали рус В. Харкавчук, сардори вақти марзбонони рус дар Помир, бо номи "Пограничники и жители Памира" ("Марзбонон ва сокинони Помир") ба нашр расонд. Баъди ба чоп расидани китоб устод аз байни шаҳрвандони тоҷик афроди соҳибэҳтиром ва афсарони рус як ҳайате амсоли гурӯҳи ташвиқотӣ - тарғиботӣ ташкил карда, урдугоҳ ба урдугоҳ гашта, дар бораи оинҳои дӯстии миёни мардуми маҳаллӣ ва марзбонони рус суҳбат баргузор  мекард ва сипас китобро ройгон тавзеъ менамуд. Чунин масъулиятро дар он солҳои фоҷеабор танҳо касе ба уҳда гирифта метавонист, ки дилаш аз муҳаббати Ватан саршор ва вуҷудаш аз ҷасорату ғайрати башардӯстӣ лабрез бошад.
Бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АИ ҶТ дар Помир, дар ҳудуди Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои барҳаво шуд. Дар сардарии яке аз утоқҳои ин бино навишта шудааст: "Кабинети кории профессор Д. Карамшоев". Дар ин кабинет тамоми осори устод гирд омадаааст. Аз ҷумлаи шогирдони устод танҳо дар ин пажӯҳишгоҳ 5 доктори илм, 14 номзади илм ва 18 ходими илмӣ фаъолият дошта, ҳар сол аз натиҷаи даҳҳо тадқиқоти муҳим китобҳо ба чоп мерасонанд.
Дар замони истиқлолият масъалаи омӯзиши амиқ ва нигаҳдории забонҳои хурд ва азбайнрафтаистода, таҳкими забони давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти хоса касб кардааст. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба омӯзиши забонҳои помирӣ, ки таърихи гӯёи инкишофи рӯҳи миллӣ ва забонҳои қадимии тоҷикианд, рӯз ба рӯз бештар мегардад. Яъне, иқдомеро, ки панҷоҳ сол пеш устод Карамшоев бо ҷасорат ва фидокорӣ ба хотири муаррифӣ ва ҳифзи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ - ин дастоварди бемисли тамаддуни миллати тоҷик, гирифта буд, ҳоло аҳамияти ҷаҳонӣ дорад ва боиси ифтихору қаноатмандии ояндагон хоҳад буд.

Ато МИРХОҶА,
Қурбони АЛАМШОҲ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.07.12    №: 87    Мутолиа карданд: 1665

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед