logo

мулоқотҳо

Таъиноти кадрӣ

7 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як гурӯҳ кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва Гвардияи миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ”, директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии президентӣ” дар шаҳри Душанбе, сардори Маркази тайёрии кадрҳо, командири Бригадаи махсуси комендантӣ ва сардори Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ ва кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин гардиданд.
Қобили таъкид аст, ки «Мактаби байналмилалии президентӣ» дар шаҳри Душанбе аз ду бинои таълимӣ барои 1100 ҷойи нишаст, ду бинои хобгоҳ барои 820 ҷой, як бинои истиқоматии хизматии 28 - ҳуҷрагӣ барои муаллимон, ошхона, маҷлисгоҳ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳ, бинои дегхона, ҳаммом ва зеристгоҳи барқӣ иборат аст.
Дар биноҳои таълимӣ 84 синфхона, 2 китобхона, 9 синфхонаи компютерӣ, 7 кабинети лингофонӣ, 4 озмоишгоҳи кимиёвӣ, 5 озмоишгоҳи физика, 3 озмоишгоҳи биология, 11 кабинети лексионӣ, 2  маҷлисгоҳ, 1 кабинети нақшакашӣ ва дигар кабинетҳои таълимӣ ва ёрирасон пешбинӣ гардидааст.
Тибқи оиннома таҳсил дар муассисаи таълимии номбурда ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар муассисаи мазкур таҳсил аз рӯи нақша, барнома ва китобҳои дарсии Донишгоҳи Оксфорди Англия ба роҳ монда мешавад.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, кадрҳои навтаъйиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.12    №: 88-91    Мутолиа карданд: 615

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед