logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Душанбе, 18 сентябри соли 2008

Маҳз илму маориф ва фарҳанг сифати зиндагии инсонро муайян месозад

Дӯстони азиз!
Меҳмонони мӯҳтарам!

Пеш аз ҳама Шуморо дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистони офтобрӯя ба ин мулоқоти пуршукӯҳ, ки намояндагони сершумори зиёиёни илмию эҷодкори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро гирд овардааст, хайра мақдам мегӯям. Мо гузаронидани мулоқоти имрӯзаро ҳамчун воқеае баррасӣ мекунем, ки барои ҳамаи мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла барои мамлакати мо, аҳамияти калон дорад.
Тоҷикистон натиҷаҳои ҷараёни таҷаддуди асри 20 ва анъанаҳои чандинасраи маънавиёти халқи қадимиро дар худ таҷассум месозад. Ин ба чунин соҳаҳои фаъолияти инсоният, аз ҷумла илму фарҳанг ва маориф, бевосита муносибат дорад. Мо дар бораи ин соҳаҳои фаъолияти инсонӣ сухан ронда, ду ҷиҳати тамаддуни имрӯза – таҷаддуд ва эҳёи миллиро зикр накарда наметавонем.
Дар ҷомеаи мутавозин таҷаддудро ҳамчун барқарорсозии ҷамъият ва эҳёи миллӣ аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин нест, зеро ҳар дуи ин ҷанбаҳо  ба ҳамдигар вобаста буда бояд ҳамдигарро пурра созанд. Одатан, таҷаддуд ба ҳифз ва барқарор сохтани арзишҳои ҳазорсола такя мекунад, вале анъанаҳои ҳазорсола дар навбати худ мақоми хешро дар ҷомеаи аз нав эҳёгардида муайян месозанд.
Ин, ба ақидаи мо, ба ҳар миллат ва ба ҳар мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дахл дорад ва ин тақдиру қисмати ҳамаи моро муттаҳид месозад, ҳол он ки дар таърихи мо ҳамоҳангии комил ба таври кофӣ мушоҳида намешуд, чӣ тавре ки дар худи ҷараёни таҷаддуд ва муносибати он бо рушди миллӣ мушоҳида мешавад.
Имрӯз минтақаи мо, ки онро қалби Замин номидан мумкин аст, роҳи мустақили таҷаддуди ҷомеаро пеш гирифтааст, вале дар ин роҳ ҳар гуна фоҷиаҳои бешумор ба назар мерасанд, ки дар натиҷаи ихтилофоти идеологӣ ба вуҷуд омада, мардум тарзи зиндагии худро бо онҳо мувофиқ месохт. Бо ҳукми тақдир, тамоми зуҳуроти қаҳрамонӣ ва фоҷианоки таърихи мо дар давоми асри охирин манбаъ ва решаҳои ягона ва ба ҳамдигар монанд доранд.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки мо бояд чунин ҷараёни пешрафти таърихиро такрор кунем ё не? Ё ба мо лозим аст, ки бисёр дастовардҳои худро барои таҷдиди нави асри 21 қурбон созем, зеро оғози навсозиҳои замони ҳозира ба ҳаёти ҳар миллати ИДМ ҳатман дахолат мекунад.
Ба ақидаи ман, ин корро ба ҳеҷ ваҷҳ кардан лозим нест. Ва ниҳоят, оё ба мо зарур аст, ки имкониятҳои бузурги рушду пешрафтро нодида гирем, ки дар ҳамоҳангии фарҳанг ва илми халқҳои Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ ифода ёфтаанд. Вобастагии мутақобалаи онҳо дар мафкураи умумии имрӯзаи мо инъикос ёфтааст. Ба ин маънӣ, ҳамоҳангӣ, ин пеш аз ҳама, дар баҳрабардории якҷоя аз ҳамкорӣ дар заминаи сабру таҳаммул мебошад.
Ташаккули ҷараёни вобастагии мутақобала ва ғанитар гардондани маъною мундариҷаи зиндагии халқҳо дар иқтисодиёт, технологияҳо, фарҳанг ва маънавиёт вазифаи муҳимтарини ҳама гуна ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ мебошад, ҳарчанд ки дар ин ҷо баъзе фарқиятҳои муайян ба назар мерасанд.
Дар баробари ин, роҷеъ ба зуҳуроти ҳамоҳангии ҳаёти мо сухан ронда, зикр карданиам, ки Аврупо чунин тарзи зиндагиро дар давоми даҳсолаҳо ба даст оварда, дар ин масъала охири асри гузашта ба бисёр комёбиҳо ноил гардид. Ҷараёни мазкур хусусан дар рӯзҳои мо муттасил давом дорад. Аврупо ҳамоҳангӣ ва тавозуни зиндагии халқҳоро асосан баъди анҷом ёфтани фоҷиаи миллатгароии фашистӣ бунёд намуд.
Мо ҳамоҳангии зиндагии хешро дар ҷараёни ихтилофот ва фоҷиаҳои ғайричашмдошт бунёд месозем. Ҳамзамон, мо аз чунин имконият даст кашида наметавонем, ки бояд маркази таҷаммӯи ҷараёни нави ҳамгироӣ дар минтақаи АврОсиё дар роҳи бартараф сохтани манбаъҳои ихтилофот ва муноқишаҳо гардад, ки имрӯз дар ҳар гуна қисмати сайёра хеле зиёд ба назар мерасанд. Дар ҳалли ин масъала фарҳанг ва илм мақоми муҳим доранд.
Имрӯз илму фарҳанги ҳамаи мамлакатҳои Иттиҳодро ҳамчун омили рушди ҷараёни нави ҳамоҳангсозии АврОсиё ривоҷ додан зарур аст, ки на ҳамчун якрангии фарҳангҳо, балки ҳамчун ваҳдати гуногунрангии маънавиёт ва зуҳуроти зеҳнии зиндагӣ маънидод карда мешавад. Ҳамаи ин чунин маънӣ дорад, ки муносибатҳои нави мо аз бисёр ҷиҳат бояд дар заминаи ба назар гирифтани манфиатҳои инсон ва сабру таҳаммул, дар ҷомеа мустаҳкам сохтани зуҳуроти нав, ҳамчун ҷараёни таҷаддуд бо такя ба пойдевори рушди таърихии фарҳанг, бо дарки васеи шароити имрӯзаи эҳёи ҷомеа бунёд карда шаванд.
Робитаи мутақобала ва ҳамдигарро ғанитар сохтани илму фарҳанги халқҳои мо маънои самимият нисбати ҳамдигар, сабру таҳаммул дар бобати ба эътибор гирифтани мушкилоти дигарон, тайёрӣ ба ҳамкории самарабахш ва дарки мушкилоти хамдигарро дорад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар зиндагии якҷояи мо дар ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил проблемаҳо хеле зиёданд. Инҳо аз ҷумла, назарияҳои фарҳангию таърихии дорои муносибатҳои гуногун дар бобати омӯзиш ва баҳодиҳӣ ба таърихи гузашта ва зиндагии имрӯзаю оянда мебошад.
Аз ин ҷо миллатгароии гурӯҳҳои муайян ба миён меояд, ки сабаби рух додани ихтилофоту муноқиша мегардад. Ин муноқишаҳо кам бошад ҳам, дар сиёсат ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Вале чунин шуморидан камоли беақлӣ ва соддалавҳӣ мебошад, ки чунин вазъият ба ирода ва дарки шуури сиёсатмадорон, арбобони илм ва фарҳанги мамлакатҳои мо комилан вобаста нест.
Муноқишаҳо дар таърихи ҳар халқу миллат буданд ва ҳастанд, вале иродаи нек онҳоро маҳдуд ва бартараф сохта, ихтилофотро на ба садди бунбаст, балки ба роҳи умумии ҳалли масъалаҳо табдил дода метавонад. Яъне, ҳатто вақте ки муноқишаҳоро пурра бартараф кардан мумкин набошад ҳам, ба ҳар ҳол бояд аз ҷиҳатҳои ифротӣ ва ғайри қобили қабули он сарфи назар карда, бо ҳамин роҳи имконпазири сулҳу салоҳ ва созишро ёфтан лозим аст.
Дарки таърихӣ ва проблемаҳои зиндагии мамлакатҳои Аврупо низ мухталиф буда, манбаи муноқишаҳои нав мегарданд, вале онҳо сари вақт пешгирӣ карда, ба муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсат табдил намеёбанд. Дар Аврупо ба ихтилофот меъёрҳо, тарзи зиндагӣ ва ҷидду ҷаҳди якҷоя ҳал кардани проблемаҳои умумӣ муқобил гузошта мешаванд.
Тавре ки маълум аст, дар Аврупо ҳамгироиро бо муттаҳид сохтани имкониятҳо дар истеҳсоли ангишт ва пӯлод дар шароити тезу тунд гардидани шиддати вазъияти байналхалқӣ оғоз карда буданд. Яъне аврупоиён усулҳои бартараф сохтани муноқишаҳоро бо роҳи истифодаи принсипҳои сабру таҳаммул ва бурдборӣ дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла, якҷоя пеш бурдани иқтисодиёт, илм ва технология кайҳо аз худ кардаанд. Чунин муносибат ба ҳамоҳангии сиёсӣ, ба ташкили парлумони умумии аврупоӣ ва ҳатто ба кӯшишҳои қабули конститутсияи (қонуни асосии) тамоми Аврупо мусоидат мекунад.
Дар ин роҳ дар минтақаи АврОсиё низ бисёр корҳо ба сомон расонида шудаанд, вале мо ба чунин ҳамоҳангии сиёсию иқтисодӣ дар зиндагии якҷояи ИДМ ҳанӯз ноил нагардидаем, ки дар навсозии ҳаёти мамлакатҳоямон натиҷаҳои назаррас дода тавонад. Ба ин маънӣ ҳамгироии илму фарҳанг ва маорифи ИДМ низ масъалаҳои дахлдорро ҳал карда наметавонад ва ин боиси таассуф ва ноумедии шаҳрвандони мо мегардад.
Имрӯз ҳаминаш мусаллам аст, ки театр, мусиқӣ, кино, санъати тасвирӣ, муҷассамасозӣ, меъморӣ, адабиёт, нашри китоб ва соҳаҳои дигари фарҳанг бо вазъият ва дастовардҳои илму технология ва иқтисодиёти имрӯза бевосита марбут мебошад. Агар илму техника ва технология дар заминаи соҳаҳои ёрирасони онҳо як ҷиҳати мафкураи имрӯза, яъне тарзи тафаккури инсониро ба вуҷуд оварда бошанд, ҷиҳати дигари мафкураи моро зиндагии фарҳангӣ ва миллӣ ташкил медиҳад. Дар робита таъкид кардан лозим аст, ки вазифаи муҳимтарини мамлакатҳои ИДМ, ба ақидаи мо, маҳз навсозии зиндагӣ ҳамчун дастоварди муҳимтарини тамаддуни технологии имрӯза мебошад.
Вақте ки мо дар бораи фарҳанги имрӯзаи технологӣ сухан меронем, набояд ҷаҳони матруки роботҳо, воситаҳо, истеҳсол ва махлуқҳои берӯҳи барои онҳо коркунандаро дар назар дошта бошем. Ҳаргиз ин тавр нест. Фарҳанги имрӯзаи технологӣ на танҳо дастовардҳои тасаввурнопазири илму техника, электроника, дастгоҳу мошинсозӣ, технологияи олии муосир, фатҳи кайҳон, балки пеш аз ҳама омили инсонӣ мебошад, ки мо бояд ба воситаи он на танҳо донишҳоямонро дар истеҳсолот, балки ҷаҳони доманадори фарҳанг, маънавиёти инсонӣ ва тамоми ҷомеаро дар назар дошта бошем. Бе фарҳанг ва маърифати доманадор омили инсонии истеҳсолот вуҷуд надорад.
Шумо шояд аз он тааҷҷуб кунед, ки дар ин бора намояндаи мамлакате сухан меронад, ки дар он проблемаҳои дар давоми 15 соли охир бамиёномадаи бартараф сохтани мушкилоти аз байн рафтани хусусиятҳои шаҳрсозӣ, хароб гардидани саноат ва сарфи назар кардани дастовардҳои технологияи олӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муайяни одамон вуҷуд доранд.
Мо ҳамаи инро равшан мушоҳида мекунем ва бояд дар бораи ҳамаи ин бо забони фаҳмои имрӯза сухан ронем, зеро аз тамоилоти умумӣ ва алоҳида огоҳ буда, роҳҳои бартараф кардани зуҳуроти таназзулро ёфтан мумкин аст. Таназзул ҳамеша зуҳуроти бӯҳрониро ба вуҷуд меорад ва аз он танҳо дар заминаи муносибатҳои умумӣ ва истифодаи ҷидду ҷаҳди умумӣ раҳоӣ ёфтан мумкин аст.
Мо амалан дар мамлакати худ ба амалӣ сохтани инқилоби коммуникатсионӣ шурӯъ кардаем, ки ба сохтмони роҳу кӯпрукҳо ва туннелҳо вобаста мебошад. Ҳадафи инқилоби мазкур аз бунбасти ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ баровардани мамлакат аст.
Ин проблема айни ҳол барои мо аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Дар баробари ин мо ба равнақу ривоҷи ҳамаҷонибаи соҳаҳои дигари иқтисодиёт бо истифодаи техника ва технологияи навтарини замонавӣ аҳамияти калон медиҳем. Дар ин бобат ҷараёни навсозии техникӣ ва технологӣ аҳамияти нисбатан бештар дорад, ки дар корхонаҳои муштарак, корхонаҳои миллӣ ва соҳаҳои коркарди фулузоти ранга, гидроэнергетика, истихроҷи маъдан, саноати химия ва коркарди маҳсулот амалӣ карда мешавад.
Дуруст аст, ки фарҳанг, технология ва илм равобити ҷиддӣ надоранд, вале дараҷаи олии фарҳанги технологӣ ба сатҳи олии маънавиёт ва сабру таҳаммул такя накарда наметавонад. Яъне фарҳанги имрӯзаи технологӣ ба ҷаҳони фарҳанги эҷодӣ такя мекунад, ки бояд дар заминаи озодӣ ва ҳаёти маънавӣ равнақу ривоҷ ёбад. Ин ба театру кино, мусиқӣ, адабиёт, маълумоти миёна ва олӣ, санъати техногенӣ, тасвирӣ, назм ва самтҳои дигари фарҳанг дахл дорад.
Дар ҷараёни сафарбар намудани ҳамгироии мамлакатҳои ИДМ рушди фарҳанги тафаккур аҳамияти калон дорад, ки натиҷаҳои он дар ҳамгироии иқтисодӣ, технологӣ ва энергетикии ИДМ зоҳир мегардад. Яке аз воситаҳои асосии мавриди истифода қарор додани нерӯи бузурги ҳамгироии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамин аст. Ин илму фарҳанг, маориф ва бисёр масъалаҳои дигар мебошад, ки бояд ба таври мутақобала дар фазои воҳиди АврОсиё ва мамлакатҳои дигар ривоҷ ёбад, ки бо ҳукми таърих тақдири умумӣ доранд.
Ин мамлакатҳо бояд ба ҳамкорӣ бо ҳамаи мамлакатҳои дигари ҷаҳон тайёр бошанд.
Шароити таърихии халқҳои мо чунин сурат гирифтааст, ки баъзе мамлакатҳои ИДМ дорои технологияҳои навтарин буда, кӯшиш мекунанд, ки фарҳанги муосири технологиро ба вуҷуд оранд. Ин фарҳанг пеш аз ҳама ба манфиати аксарияти мардум равона карда шудааст. Дар мамлакатҳои дигар заминаи чунин фарҳанги технологӣ ба тозагӣ гузошта мешавад.
Ошкоро гуфтан лозим аст, ки ҳамаи мо ҷонибдори гуногунандешӣ буда, аз бисёр ҷиҳат ба он ноил гардидем. Вале гуногунандешӣ аз як тараф ба мо озодӣ дода, аз тарафи дигар дар ҳаёти ҷомеа проблемаҳоро ба миён оварда метавонад. Проблемаҳои гуногунандешӣ дар ИДМ дар он зоҳир мешаванд, ки дар ҳар мамлакат бар хилофи ҳукуматҳо ва қувваҳои солим гурӯҳҳо ва қувваҳое ҳастанд, ки ба ҳамгироӣ дар ИДМ муқобиланд. Масалан, дар мамлакатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта қувваҳои муайяне ҳастанд, ки танҳо бо суханбозӣ ва коғазбозӣ маҳдуд гардида, гумон мекунанд, ки бе минтақаи Осиёи Марказӣ низ проблемаҳои рушди мамлакати худро бомуваффақият ҳал карда метавонанд. Онҳо ҳар гуна даъватро ба ҳамгироӣ ниқоб сохта, манфиатпарастии миллии худро бо он рӯпуш карданӣ мешаванд.
Солҳои 90 - уми асри гузашта зиёни калони чунин муносибатро барои ҳама, аз ҷумла барои мамлакатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта ва мамлакатҳое , ки технологияи кофӣ ва сатҳи баланди пешрафти илмӣ надоранд, нишон доданд. Нобаробарии рушди технологӣ дар ИДМ вазифаи ба роҳ андохтани ҳамгироии баробарро дар соҳаи илм ба миён мегузорад. Ин таъмини имкониятҳои баробари ҳалли проблемаҳои Тоҷикистонро дар фазои умумии илмии ИДМ зимни муайян кардани мавқеъҳои асосии илм дар Русия ва мамлакатҳои дигари иттиҳод талаб менамояд. Яъне аз Тоҷикистон талаб карда мешавад, ки баъзе самтҳои илмии он ба илми пешқадам ҳамроҳ карда шаванд, ки дар навбати худ масъалаҳои дахлдори ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмиро дар соҳаҳои муҳимтарин, хусусан дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ҳал карда метавонанд.
Бо мурури вақт ҳамоҳанг сохтани илм бо сатҳи олии рушди технологӣ худкифоягии мамлакатҳои дигарро таъмин хоҳад кард. Ин ҳадафи олии ҳамгироӣ аст. Масалан, дар Тоҷикистон имрӯз соҳаҳои муайяни илм вуҷуд доранд, ки дар маҷмӯи рушди меъёрҳои тадқиқоти илмии мамлакатҳои Иттиҳод ҷузъи муҳим гардида метавонанд. Ҳоло вазъи ҳамгироии илмӣ дар ИДМ панҷаҳои кушодро ба хотир меорад, ҳол он ки барои бартараф сохтани садди парокандагии илмӣ мушти қавӣ лозим аст.
Агар ба мо ҳамгироии нисбатан самарабахш дар ИДМ муяссар гардад, Барномаи Махсуси Таҷаддуди Технологии Тоҷикистон, ки ояндаи наздик қабул карда мешавад, барномаи нисбатан самарабахш ва ояндадор хоҳад гашт. Ин барнома бояд на танҳо ба иқтисодиёту истеҳсолот ва илм, балки ба соҳаи маориф низ дахл дошта бошад, зеро бе мӯътадил сохтани вазъияти он тайёр кардани мутахассисони варзида ғайриимкон аст.
Мо дар бобати навсозӣ бисёр корҳоро анҷом медиҳем. Баъзе ҷузъиёти он ба барномаи навсозии иқтисодиёт, аз ҷумла беҳтар сохтани вазъияти соҳаи кишоварзӣ дохил карда шудаанд. Вале ба мо Барномаи Махсуси Таҷаддуди Технологӣ ва тадбирҳое зарур аст, ки ҳадафҳо ва амалиёти моро ба ҳамдигар мувофиқ сохта тавонад. Ин барнома маблағгузории калонро талаб мекунад, вале он сабаби муҳайё сохтани ҷойҳои нави корро дар корхонаҳои нави технологӣ ва тармиму таҷдиди корхонаҳои кӯҳна таъмин карда, низоми таълимро дар мактабҳои миллӣ, аз ҷумла мактабҳои олӣ таҷдид намуда, онҳоро ба дастовардҳои нави илмӣ мепайвандад.
Барномаи Махсуси Таҷаддуди Технологии Тоҷикистон, ба ақидаи мо, бояд сиёсати муҳимтарини дорои аҳамияти давлатӣ гардад. Шиори он илм, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навтарин ва технологияи нав буда метавонад. Дар робита зикр карданиам, ки Бунёди илмҳои фундаменталии Русия бояд теъдоди иштирокчиёни тадқиқотро танҳо бо олимони Русия маҳдуд нашуда, бештар созад. Дар ин маврид мо соҳиби соҳаи дигари самарабахши ҳамгироӣ хоҳем гашт.
Бояд гуфт, ки солҳои гузашта олимони мо дар Дубна ва марказҳои дигари илмии Русия кор карда ё таҷриба омӯхтаанд. Ҳамаи ин ҳам ба муассисаҳои илмии мо ва ҳам ба муассисаҳои илмии Русия манфиати калон дошт. Мо мехоҳем, ки тамаддуни муосири технологии мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон барои мо дастнорас набошанд. Ин барои баъзеҳо хаёли хом менамояд, вале нақшаҳои тасаввурнопазиртарин ҳам дар мавриди истифодаи иродаи сиёсӣ мавриди амал қарор гирифта метавонанд.
Дастгирии ҳамаҷонибаи муассисаҳои ҷамъиятӣ, илмӣ ва маърифатӣ вобаста ба забонҳои миллӣ ва хусусан забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар қаламрави ИДМ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки муносибатҳои мост. Дар робита ба Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ пешниҳод мекунам, ки ба ташкили Бунёди забонҳои миллӣ шурӯъ кунад. Ҳадафи асосии бунёди мазкур бояд рушди забонҳои миллӣ дар мамлакатҳои ИДМ, дастгирии барномаҳои омӯзиши онҳо ва умуман ташвиқу тарғиби забонҳо, адабиёт ва фарҳангҳои миллӣ гардад.
Қайд кардан зарур аст, ки вақтҳои охир ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи адабиёт ва нашри китоб хеле авҷ гирифтааст. Ҷидду ҷаҳди онҳо ба барқарор сохтани равобити адабию фарҳангӣ назаррас мебошад. Дар баробари ин ҳаҷми хариду фурӯши китоб дар байни мамлакатҳои ИДМ коҳиш ёфтааст. Хусусан мубодилаи байнидавлатии китобҳо ба забонҳои миллӣ амалан аз байн рафтааст. Ҳаҷму миқдори иттилоот ва маълумот дар бораи китобҳои нашршаванда, асарҳои нав ва асарҳои муаллифони боистеъдод хеле маҳдуд буда, барои қисми зиёди аҳолӣ дастнорас гардидааст.
Бо назардошти ҳамин, ман ба Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод кардам, ки соли 2008 Соли адабиёт ва китобхонӣ эълон карда шавад. Ин пешниҳод идомаи анъанаҳои пештараи барқарор сохтани китобхонӣ дар шароити имрӯза, дастгирии равнақу ривоҷи адабиёти миллӣ, тарҷумаи китоб, паҳн кардани он, ҳамкории китобхонаҳо, нашри асарҳои беҳтарини бадеӣ, илмию маърифатӣ, фалсафӣ, таърихӣ, адабиёти бачагонаю ҷавонон ва ғайраро пешбинӣ мекунад.
Аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими мулоқоти имрӯза дар соҳаи рушди нашри китоб, паҳн намудани он ва полиграфия дар қаламрави ИДМ таҳияи лоиҳаи Созишномаро дар бораи муҳайё сохтани шароити мусоид ба мубодилаи китоб ва ташкили намоишгоҳи ҳарсолаи байналхалқии «Санъати чопи китоб дар давлатҳои ИДМ» - ро зарур мешуморам. Мо бояд такроран изҳор кунем, ки низоми зиндагии якҷояи мо дар Иттиҳод ба иродаи хайрхоҳонаамон таҷрибаи мавриди амал қарор додани ҳама гуна дастовардҳои мусбат бо вуҷуди нофаҳмиҳои муайян ва вазъияти дигари номатлуб вобаста аст.
Бинобар ин шуури таърихии мо ва фарҳанги таҷдидёбандаамон бояд ба бунёди ҷомеае равона карда шавад, ки нисбати дигарон сабру таҳаммулро пеш гирифта тавонад. Дар ин ҷода дар Тоҷикистон шуури нави таърихию фарҳангӣ ташаккул меёбад.
Мо соли 2006 Соли гиромидошти фарҳанги ориёиро гузаронида, дар ин маврид ба асосҳои инсонпарваронаи қадима ва ғояҳои навсозии он такя намудем. Соли 2007 соли бузургдошти файласуфи бузурги тоҷик Ҷалолиддини Румӣ буд, имсол 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашн гирифта шуд.
Онҳое, ки аз масъалаҳои сиёсию таърихӣ хабар надоранд, изҳори тааҷҷуб менамоянд, ки чаро мо ба санаҳои таърихӣ ва таҷлили рӯзҳои таваллуди намояндагони барҷастаи миллатамон ин қадар таваҷчӯҳ зоҳир менамоем. Ин ҷо ягон сир вуҷуд надорад. Ин тадбирҳо нерӯи бузурги эҷодии мардумро сафарбар хоҳанд кард. Чопи китобҳои сершумор, мақолаҳо, филмҳо, намоишномаҳо, асарҳои санъат ва муҷассамаҳо, мулоқотҳо ва мусоҳибаҳо шуури таърихии ҷавонон ва пиру барноро ба тасаввури гузаштаю имрӯзаи ҷомеа сафарбар менамояд.
Сиёсати мо дар соҳаи ташаккул ва барқарор сохтани шуури нави таърихию фарҳангии ҷомеа қатъан инсонпарварона мебошад, зеро мо намояндагони номдори гузаштаи худро ба ёд оварда, эҷодиёти онҳоро дар бораи ғояҳои хирадмандона, инсонпарварона ва ахлоқи олӣ бори дигар мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Ин тадбирҳои мо ба дастовардҳои бузургтарини минтақа комилан мувофиқат дорад. Мо маънавиёт ва фарҳанги дунявиро ривоҷ дода, равобити амиқу ҳамаҷонибаи худро бо мамлакатҳои ИДМ, Аврупо ва Чин дар бобати ҳифзу нигаҳдории хусусияти дунявии давлатҳоямон дастгирӣ хоҳем кард.
Ҷаҳони бузурги имрӯза ба додани оҳанги сиёсӣ ба дин ва зиндагии мо роҳ намедиҳад. Ин сарвати бебаҳои минтақаи мо мебошад, ки ман дар пайравӣ бо намояндагони барҷастаи илму фарҳанг онро Қалби Замин меномам.
Иштирокчиёни мӯҳтарами мулоқот!
Аҳамияти масъалаҳое, ки шумо муҳокима хоҳед кард, мусаллам аст. Ин на танҳо ҷамъомади серодами дорои хусусиятҳои гуманитарӣ, балки тадбири муҳимест, ки ба таъмини воқеии манфиатҳои ба ҳамдигар наздики мамлакатҳои ИДМ бо кӯмаки роҳу воситаҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки маҳз илму маориф ва фарҳанг сифати зиндагии инсонро муайян карда, ба манфиатҳои ҳар фард бевосита дахл мекунанд. Ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаб, аз ҷумла таҳаммулнопазирии байни миллатҳо ва динҳо, ифротгароӣ ва терроризм ба чигунагии вазъияти ҳамин соҳаҳо вобастаанд. Муборизаи самарабахш ба муқобили ин бадбахтии умумӣ танҳо дар мавриди пайравӣ ба ғояҳои олии умумибашарӣ, гуманистӣ ва сарватҳои умумии халқҳои мо имконпазир аст.
Бори дигар Шуморо ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, умедворам, ки Шумо дар натиҷаи мулоқоти имрӯза дар китоби ҳамгироӣ саҳифаи нав боз хоҳед кард ва дар он сатрҳои пурмӯҳтавое сабт карда мешаванд, ки ба мову шумо барои равнақу ривоҷи ҳамкории мутақобилан муфид нерӯи тоза хоҳанд бахшид.
Дӯстони азиз, ба Шумо барори кор мехоҳам.
Ба диққататон ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 675

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед