logo

маориф

Рашт: соҳаи маориф ниёз ба тадбирандешӣ дорад

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар чанд соли охир дар ноҳияи Рашт дигаргуниҳои куллӣ  дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, иҷтимоиёт  ва иқтисод ба вуқӯъ пайвастанд.
Аз ҷумла барои бо таҳсил  фаро гирифтани теъдоди бештари кӯдакон  дар  ноҳия 80 синфхонаи нав бунёд гардида, 10 мактаби асосӣ  ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шудааст, ки дар натиҷа шумори хонандагон, бахусус духтарон дар мактабҳо афзуд.
Агар ду-се сол пеш дар синфҳои болоӣ 20 фоизи хонандагонро духтарон ташкил медоданд, ҳоло ин рақам ба 65 дар сад расидааст. Қаблан хонандагони синфҳои поёнии мактабҳои деҳаҳои дурдаст на ҳама таҳсилро идома медоданд.  Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вазъ ба куллӣ тағйир ёфтааст.
Умуман корҳои маърифатӣ дар ноҳия вусъат ёфта, шаклу усулҳои нав пайдо намудаанд.
Барои касбомӯзии занҳо, муҳайё кардани ҷойҳои нави кор тадбирҳои зиёде андешида шудааст. Бо вуҷуди ин ҳанӯз дар ноҳия шумори духтарони маълумотдор хеле кам мебошад. Дар филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм  нисбат ба дигар ноҳияҳои минтақа теъдоди донишҷӯдухтарон кам аст. Аз 720 нафар донишҷӯи ғоибхони филиал ҳамагӣ 27 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
-Барои ҷалби бештари  духтарон ба таҳсил дар ноҳияи мо ҳайати мушовараи  сайёри Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, чораҳои иловагӣ андешида шуд, -гуфт зимни суҳбат Саидумрон Абдураҳмонов, раиси ноҳияи Рашт. -Барои афзудани теъдоди духтарони маълумотдор мақсад дорем, ки дар назди мактабҳои таҳсилоти миёна гурӯҳҳои ғоибона таъсис диҳем, то ки духтарони  аз таҳсил дурмонда  соҳибмаълумот гарданд, дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳо ғоибона ё рӯзона таҳсил карда тавонанд.
То соли хониши 2011-2012 дар 7 деҳаи дурдасти ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Ҳоит ва Ясманд хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳсилро идома дода наметавонистанд. Ин мушкилотро ба инобат гирифта,  мактаб-интернати маркази ноҳия фаъол гашт ва шумори хонандагон ба 193 нафар расонида шуд.  Айни ҳол дар ин таълимгоҳ истироҳатгоҳ низ амал карда истодааст, ки дар он хонандагон бо ҷойи хобу хӯрок таъмин   мешаванд. Таъсиси китобхона низ дар назар мебошад.
Бояд зикр кард, ки баробари ба таълим фаро гирифтани хонандагон масъалаи таҳсили минбаъдаи онҳо дар омӯзишгоҳу донишкадаҳо низ дар мадди назар аст. Тибқи Квотаи президентӣ имсол бояд  27 нафар хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилро дар макотиби олии кишвар идома диҳад.
Дар солҳои охир дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ низ барои рушди ин соҳаҳо дар ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.
Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар ноҳия Ассотсиатсияи волидайн созмон ёфт, ки он дар ҳалли бисёр масъалаҳо мусоидат мекунад. Аз ҷумла дар ҳар ҷамъомад хонандагони фаъол ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо ташаббуси ассотсиатсия дар мактабҳо 80 синфхонаи нав бо мизу курсӣ ва дигар ашёҳои хониш таъмин гардид.
- Дар назар аст, ки бо ёрии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Ассотсиатсияи волидайн дар ноҳия 64 синфхонаи нав бунёд 7 мактаби асосӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шавад, -афзуд дар хотима Саидумрон Абдураҳмонов. -Дар ин ҳолат агар дар 17 мактаб ба ҳисоби миёна 25 - нафарӣ хонанда ба таҳсил фаро гирифта шавад, 425 нафар ҳар сол иловатан соҳиби маълумоти миёна мегардад.
Пӯшида нест, ки ҳанӯз соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ниёз ба чораандешӣ дорад. Мушкилоти синфхонаҳои бетаъмир, музди маоши ками омӯзгорон, камии ҷойҳои кор ва ғайра дида мешавад ва онҳо ҳалли бетаъхирро тақозо доранд.

Мирзои ФИРӮЗ,
Мунаввари САФАР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 658

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед