logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ АНГИШТ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилиро дар соҳаи ангишт муқаррар намуда, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ин соҳа танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ангишт- кандании сахти сӯзандае, ки дар натиҷаи пӯсидани набототи куҳан дар зери таъсири омилҳои биокимиёвӣ ва физикию кимиёвӣ пайдо шудааст;
- истихроҷи ангишт - маҷмӯи корҳо оид ба канда гирифтани ангишт аз қаъри замин;
- истифодабарии ангишт - истифодабарӣ тариқи сӯзонидан дар оташдонҳо, хумдонҳо, дастгоҳҳои саноатӣ ва маишии гармидиҳӣ, коркарди он ба мақсади ҳосил кардани захираҳои энергетикӣ дар шакли сахт, моеъ, газмонанд ва маҳсулот барои саноати кимиёвӣ ва тиббӣ;
- таҷдиди сохтори саноати ангишт - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба азнавсозии базаи истеҳсолии самараноки истихроҷи (коркарди) ангишт (сланетсҳои сӯзанда) ба мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли кормандоне, ки дар натиҷаи таҷдиди сохтори саноати ангишт аз кор озод шудаанд, инчунин ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти экологии ба чунин таҷдид алоқаманд;
- соҳаи ангишт - қисми таркибии комплекси сӯзишворӣ - энергетикӣ буда, маҷмӯи корҳои ташкилӣ, техникӣ ва ҷараёни технологии вобаста ба ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, нигоҳдорӣ, коркард, интиқол, фурӯши ангишт ва маҳсулоти коркарди онро дар бар мегирад;
- конҳои ангишт - ҷамъшавии табиии ангишт дар қаъри замин, ки аз рӯи сатҳи кунунии баҳодиҳӣ ва технологияҳои саноатӣ дорои аҳамияти иқтисодӣ мебошанд;
- намудҳои алтернативии сӯзишвории аз ангишт ҳосилшаванда - намудҳои сӯзишвории аз ангишт ҳосилшаванда (гази генератор, сӯзишвории ангишти оболуда, сӯзишвории моеъи синтетикӣ ва ғайра), ки истифодабариашон масрафи захираҳои энергетикии қимат ва камчинро қисман ё комилан иваз мекунанд;
- дастгирии молиявии соҳаи ангишт - маблағе, ки аз буҷети давлатӣ  ва манбаъҳои дигар барои таҷдид ва рушди соҳаи ангишт ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ ба сӯзишворӣ ва дигар маҳсулотҳо равона карда шудааст;
- корҳои кӯҳӣ- маҷмӯи корҳо оид ба мустаҳкамкунӣ, таъмини бехатарии корҳо ва нигоҳдории ҳафриёти кӯҳии конҳо ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок;
- дегазатсия (рафъи газҳо) - ба берун кашида баровардани газҳои хатарноки тарканда ба мақсади кам кардани миқдори онҳо дар шахтаҳо, қабатҳои ангишт ва дар ҷойҳои ангишташон кандашуда то меъёри имконпазири муқарраршуда;
- бартарафсозии оқибати иҷрои корҳои кӯҳӣ - иҷрои корҳо оид ба барҳам додани конҳои ҳафриётшуда ва роҳ надодани шахсон ба ин конҳо, таҷзияи таҷҳизотҳо, барҳам додани биною иншоот, аз нав барқарор кардани заминҳои истифодашуда ва бартарафсозии оқибатҳои дигар, аз ҷумла оқибатҳои экологие, ки дар натиҷаи иҷрои корҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омадаанд;
- ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ - ӯҳдадориҳои давлат ва (ё) ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт (сланетсҳои сӯзанда) дар назди кормандоне, ки дар натиҷаи таҷдиди сохтори саноати ангишт ва ё барҳамдиҳии ин ташкилотҳо аз кор озод ва ё ихтисор шудаанд, инчунин дигар табақаҳо (аъзои оилаи кормандони фавтидаи ин ташкилотҳо) ва қисмҳои ҳарбикунонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ, нафақахӯрон ва маъюбон;
- ташкилоти истихроҷкунанда ва коркарди ангишт - шахси ҳуқуқие, ки барои истихроҷ, коркард, фурӯши ангишт ва маҳсулоти коркарди он таъсис дода шудааст;
- корҳо дар шароити хатарноки меҳнат - ҷараёни истеҳсолот ва иҷрои намуди корҳое, ки бинобар таъсири омилҳои душвор пешгӯишавандаи кӯҳӣ-геологӣ ва газию динамикӣ барои кормандони ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркади ангишт хатар доранд;
- корҳо дар шароити зараровари меҳнат - ҷараёни истеҳсолот ва намуди корҳое, ки таҳти таъсири омилҳои зараровар ба саломатии кормандон иҷро карда мешаванд;
-  барқароркунии саломатӣ баъди басти корӣ (смена) - маҷмӯи чорабиниҳои таъсиррасонии тиббӣ-биологӣ ба организми коргарон пас аз ивазшавии басти корӣ бо мақсади барқарорсозии осебҳои ҷисмонӣ ва рӯҳие, ки дар шароити зараровари меҳнат расонида шудаанд;
- ангишти ҳиссавӣ - ҷудо намудани ҳиссаи муайяни ангишт барои дастгирии иҷтимоӣ ва маишии кормандон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт - мақоми давлатӣ, ки фаъолияти соҳаи ангиштро танзим менамояд.
Моддаи  2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ангишт
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ангишт ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳоро дар ҷараёни иктишоф, истихроҷ, коркарди ангишт, сохтмони шахтаҳо, хизматрасонии садамавию наҷотдиҳӣ ва инчунин бартарафсозии оқибатҳои вобаста ба корҳои кӯҳӣ, таъмини кафолати иҷтимоии кормандони ин ташкилотҳо, аз ҷумла назорати давлатӣ оид ба таъмини бехатариро фаро мегирад.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ, НАЗОРАТ ВА
 ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ СОҲАИ АНГИШТ
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ангишт
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ангишт мансубанд:
- муайян намудани сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими соҳаи ангишт;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт;
- тасдиқи номгӯйи конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ;
- тасдиқ намудани барномаҳои мақсадноки рушд ва таҷдиди соҳаи ангишт;
- тасдиқи барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи ангишт;
- тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳо, дастурҳои техникӣ, стандартҳо оид ба сифати ангишт, тартиби коркарди конҳои ангишт.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт аз инҳо иборатанд:
- таҳия ва қабули санадҳои зерқонунӣ дар соҳаи ангишт;
- назорати истифодаи мақсадноки Фонди захираҳои конҳои ангишт;
- додани иҷозатнома оид ба истихроҷ, истифодабарӣ ва коркарди ангишт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият";
- муайян намудани тартиби ташкил ва анҷом додани мониторинг ва назорати риояи иҷрои шартҳои қарордодҳо;
- ташкили маркази ягонаи иттилоот оид ба ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва коркарди ангишт;
- тасдиқи қоидаҳои истифодаи иттилооти геологӣ ва геофизикии конҳое, ки моликияти давлатианд ва ба мақсадҳои таълимӣ, илмӣ, тиҷоратӣ, инчунин берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ин иттилоот ҷиҳати таҳқиқи минбаъда;
- муайян намудани зарари дар натиҷаи риоя накардани талабот оид ба истифодаи оқилонаи конҳои ангишт  расонидашуда;
- муайян намудани тартиби пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии ҳавзаҳои ангиштдошта барои сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ;
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои барҳамдиҳӣ ва боздошти фаъолияти шахтаҳои  ангишт;
- муайян намудани тартиби ҳисоботи геологӣ оид ба сохтор ва захираи конҳои ангишт;
- ташкили низоми назорат оид ба  риоя кардани талаботи бехатарӣ нисбати равандҳои технологии соҳаи ангишт;
- ташхиси лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои қарордодӣ ва бақайдгирии онҳо;
- муайян намудани миқдори ангишт барои коркард ҷиҳати таъмини талаботи бозори дохилӣ ба маводи сӯзишворӣ;
- мувофиқа намудани барномаҳои корҳои сейсмологӣ, иктишофӣ - геологӣ бо мақомоти марбута;
- таъмини қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои аҳамияти стратегидоштаи қаъри замин;
- ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ангишт.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ангишт
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ангишт дохил мешаванд:
- татбиқи барномаҳои минтақавии давлатӣ дар соҳаи ангишт;
- назорати ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист.
Моддаи 7. Танзим ва дастгирии давлатии молиявии таҷдиди соҳаи ангишт
1. Ба мақсади таъмини рақобатпазирии соҳаи ангишт дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ташкилотҳои соҳаи ангишт новобаста аз шакли моликияташон дар самтҳои зерин аз дастгирии давлатии молиявӣ бархурдор мешаванд:
- дастгирии давлатии молиявии соҳаи ангишт ва истеҳсоли намудҳои сӯзишвории алтернативӣ аз ангишт;
- барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии ташкилотҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт, таҷҳизонии техникӣ ва тавсеаи онҳо;
- дастгирии молиявии ташкилотҳои зараровари соҳаи ангишт, ки маҳсулоти онҳо аз рӯи меъёрҳои технологӣ ивазнашаванда аст ё таъмин намудани минтақаҳо бо сӯзишвории дигар бо сабабҳои иқтисодӣ ғайримақсаднок аст;
- маблағгузории фаъолияти ташкилотҳои соҳаи ангишт дар давраи муваққатан паст шудани талабот ба ангишт;
- мутобиқсозии иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи ангишт ба талаботи тавозуни сӯзишворӣ - энергетикии давлатӣ;
- ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи ангишт;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иҷрои корҳои соҳаи ангишт.
2. Дастгирии давлатии молиявии ташкилотҳои соҳаи ангишт бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ амалӣ шуда, набояд ба рақобатпазирии ташкилотҳои нафъовари истихроҷкунанда ва коркарди ангишт таъсири манфӣ расонад.
Моддаи 8. Намудҳои дастгирии давлатии молиявии ташкилотҳои соҳаи ангишт
1. Маблағи дастгирии давлатии молиявии ташкилотҳои соҳаи ангишт, иҷрои корҳои иктишофӣ - геологӣ ҳамасола дар буҷети давлатӣ алоҳида нишон дода мешавад.
2. Ташкилотҳои соҳаи ангишт новобаста ба иштироки давлат дар сармояи оинномавии онҳо аз дастгирии давлатии молиявӣ истифода мебаранд.
3. Номгӯи ташкилотҳои соҳаи ангиштро, ки аз дастгирии давлатии молиявӣ истифода мебаранд, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4. Ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки маблағи дастгирии давлатии молиявиро тибқи таъиноташон истифода намебаранд, аз номгӯи ташкилотҳои аз чунин дастгирӣ истифодабаранда хориҷ карда шуда, ин маблағ байни дигар ташкилотҳои соҳа бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт аз нав тақсим карда мешавад.
Моддаи 9. Танзими давлатии сифат ва истифодаи самарабахши захираҳои ангишт
1. Сифати ангишт аз рӯи стандарту меъёрҳои техникии истихроҷи ангишт (сланетсҳои сӯзанда) ва маҳсулоти коркарди онҳо муайян карда мешавад.
2. Истифодабарӣ ва коркарди навъҳои ангишти коксшаванда ва антратситҳо мутобиқи шартҳои техникии таъиноти ин намудҳои сӯзишворӣ ба роҳ монда мешаванд.
3. Баҳисобгирии истихроҷ ва коркарди ангиштро дар шахтаҳо ва буришҳо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт тасдиқ менамояд.
Моддаи 10. Танзими давлатии меъёрҳо ва қоидаҳои таъмини бехатарии корҳои соҳаи ангишт
1. Меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иҷрои корҳои соҳаи ангишт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Ҳангоми истихроҷи ангишт ба мақсади ба ҳадди меъёрҳои муқарраршуда кам кардани хатари таркиши гази шахтаҳо, қабатҳои ангишт ва фазои холишудаи шахтаҳо шамол дода шуда, дегазатсия (рафъи газҳо) гузаронида мешаванд.
Моддаи 11. Талабот оид ба истихроҷ, коркард ва истифодаи ангишт
1. Истихроҷ ва коркарди ангишт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда амалӣ мегардад.
2. Лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди конҳои ангишт мавриди экспертизаи давлатии геологӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва муҳандисӣ-сохтмонӣ қарор дода мешаванд.
3. Тартиб ва тарзи коркарди конҳои ангишт мувофиқи шароити кӯҳию геологӣ ба роҳ монда шуда, истихроҷи самаранок ва пурраи захираҳои қаъри замин таъмин карда мешавад.
4. Захираҳои ангишт аз тарафи ташкилотҳое, ки ба истихроҷ ва коркарди саноатии он машғуланд, бо тартиби муқарраргардидаи назорати сифати ангишт ва сари вақт иҷро намудани корҳои геологӣ ва маркшейдерӣ истифода карда мешаванд.
5. Истеъмолкунандагон ӯҳдадоранд ангиштро танҳо мувофиқи таъиноташ истифода баранд. Дар ҳолати истифодабарии ангишт дар оташдонҳо, хумдонҳои дастгоҳҳои саноатӣ, дегхонаҳои коммуналӣ ва ҷараёнҳои технологӣ, ки барои онҳо ангишт тибқи талаботи техникии  сӯзишворӣ барои мақсадҳои мазкур номақбул аст, истеъмолкунандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
6. Барои оташдонҳо, хумдонҳои дастгоҳҳои саноатӣ ва коммуналӣ ангиште истифода бурда мешавад, ки ба талаботи қоидаҳои техникии сӯзишворӣ ва стандартҳои ин намудҳои сӯзишворӣ мувофиқ бошад.

БОБИ 3. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ КОРҲО
ДАР СОҲАИ АНГИШТ
Моддаи 12. Таъмини бехатарии корҳо дар соҳаи ангишт
1. Иҷрои корҳои кӯҳӣ оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт дар шароити ивазшавии пайдарпаи ҷойҳои корӣ ва тағйирёбии доимии шароити ин ҷойҳои корӣ, ҷойгиршавии мураккаби кӯҳӣ - геологии қабатҳои ангишт ва таъсири номатлуби он ба сатҳи замин ва муҳити зист, риояи принсипҳои зерини бехатарии корҳоро зарур мегардонанд:
- афзалиятнокии таъмини бехатарии ҳаёти инсон ва муҳити зист;
- танзими давлатии меъёрҳо ва қоидаҳои иҷрои бехатарии корҳо;
- ташкили шароити бехатарии меҳнат дар ҳар як ҷойи корӣ, таъмини пешбурди бехатарии равандҳои технологӣ тибқи меъёрҳо ва талаботи пешбурди бехатари корҳои вобаста ба истихроҷ ва коркарди ангишт.
2. Кормандони дар корҳои кӯҳӣ машғул буда, бо воситаҳои махсуси инфиродии муҳофизатӣ, аз ҷумла бо либос ва пойафзоли махсус ройгон таъмин карда мешаванд.
Моддаи 13. Хизматрасонии садамавию наҷотдиҳии ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт
1. Хадамоти хизматрасонии садамавию наҷотдиҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт, новобаста аз шакли моликияташон, дар асоси шартнома аз хизматрасонии ҳатмии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои он истифода мебаранд, инчунин аз ҳисоби худ гурӯҳи садамавию наҷотдиҳӣ ташкил менамоянд.
Моддаи 14. Хадамоти ҳифзи меҳнат ва назорати истеҳсолӣ
Дар ташкилотҳои соҳаи ангишт хадамоти ягонаи ҳифзи меҳнат ва назорати истеҳсолӣ ташкил карда мешавад.

БОБИ 4. ХУСУСИЯТҲОИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ
ИҚТИМОИИ КОРМАНДОНЕ, КИ БА КОРҲОИ
ШАРОИТАШОН ВАЗНИН, ХАТАРНОК ВА
ЗАРАРОВАРИ СОҲАИ АНГИШТ МАШҒУЛАНД
Моддаи 15. Иҷозат додани кормандон ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари соҳаи ангишт
1. Барои иҷрои корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари соҳаи ангишт мардҳои синнашон на кам аз 18 - сола дар сурати доштани хулосаи тиббӣ барои иҷрои чунин корҳо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷозат дода мешаванд.
2. Номгӯи корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари соҳаи ангишт, нишондиҳандаи дараҷаи хатарнокӣ ва зарароварии касбии соҳаи ангишт бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Номгӯи касбу вазифаҳои мансуб ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии соҳаи ангишт ба "Рӯйхати ягонаи касбҳо ва вазифаҳо" бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
Моддаи 16. Давомнокии вақти кории кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбӣ машғуланд
Барои кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари зеризаминӣ машғуланд, давомнокии вақти кории ихтисоршуда бо тартиби муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 17. Ҳифзи саломатии кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбӣ машғуланд
1. Кормандоне, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии соҳаи ангишт машғуланд, баъди басти корӣ аз тавонбахшии саломатӣ, инчунин ҳар сол як маротиба аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва ҳангоми беморӣ табобат карда мешаванд.
2. Хароҷоти тавонбахшии саломатии кормандон дар ҷараёни басти корӣ, табобати давра ба давраи тиббӣ ва табобати кормандони дар қисми 1 моддаи мазкур зикрёфта аз ҳисоби маблағи ташкилоти соҳаи ангишт пардохт карда мешавад.
3. Тартиб ва шартҳои тавонбахшии баъди басти корӣ, табобати давра ба давраи тиббӣ ва  табобати кормандоне, ки ба кори шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии соҳаи ангишт машғуланд, аз ҷониби мақоми давлатии соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 18. Музди меҳнати кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбӣ машғуланд
Ҳадди ақалли музди меҳнати кормандони машғули корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии соҳаи ангишт тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 19. Дастгирии иловагии иҷтимоии кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт ва дигар категорияи шахсон
1. Дастгирии иловагии иҷтимоии кормандон ва нафақахӯрони ташкилотҳои соҳаи ангишт тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Ҳангоми ҳалок ва ё маъюб шудани корманди ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбӣ машғул буд, ба ҳар як узви оилаи дар таъминоташ қарордошта илова ба ҷубронпулии пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо аз ҳисоби ташкилот кӯмакпулии яквақта дода мешавад.
Моддаи 20. Дастгирии иҷтимоии кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт ва дигар категорияи шахсони аз кор озод кардашуда
1. Ба кормандон ва дигар категорияи шахсони аз кор озод кардашуда дар ҳолати барҳамхӯрии ташкилоти соҳаи ангишт, ки дар рӯзи озодкунӣ собиқаи кориашон дар чунин ташкилот на кам аз панҷ сол ва ҳуқуқи таъмини нафақаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат кӯмакпулии яквақта дода мешавад.
2. Дар ҳолати фурӯхтани бастаи (пакети) саҳмияҳои ташкилоти соҳаи ангишт, ки дар мавриди барҳам додани конҳои (буришҳои) ангишт моликияти давлатӣ мебошанд ва инчунин барҳам додани қисмҳои ҳарбикунонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ ангишти ҳиссавӣ ба шахсони зерин ройгон дода мешавад:
- ба кормандоне, ки дар минтақаҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт, дар хонаҳо ва ошхонаҳои бо бухорӣ ва дигар дастгоҳи бо ангишт гармшаванда зиндагӣ мекунанд, агар онҳо чунин ҳуқуқро то фурӯхтани бастаи саҳмияҳои ташкилоти соҳаи ангишт дошта бошанд;
- ба оилаҳои кормандони конҳои ангишт ва қисмҳои ҳарбикунонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ, ки дар ҳолати иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ва ё дар натиҷаи бемории касбӣ ҳалок шудаанд, ба зан (шавҳар), падару модар, фарзандон ва дигар аъзои оилаи ғайри қобили меҳнати чунин коргарон бинобар сабаби аз даст додани саробон;
- нафақахӯроне, ки ақаллан даҳ сол дар конҳои ангишт, қисмҳои ҳарбикунонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ кор карда, нафақаашон вобаста ба кори иҷрокардаашон дар ин ташкилотҳо таъин шуда бошад;
- маъюбони меҳнат, маъюбони аз рӯи бемории умумие, ки то маъюб шуданашон ҳуқуқи гирифтани ангишти ҳиссавиро доштанд.
Моддаи 21. Манбаъҳои маблағгузории чораҳои дастгирии иҷтимоии кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт
Чораҳои дастгирии иҷтимоӣ, ки қисмҳои 1 ва 2 моддаи 20 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд, аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- маблағи буҷети давлатӣ барои таҷдиди соҳаи ангишт дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки як қисми саҳмияи онҳо моликияти давлатӣ буданд ва ё дар давраи барҳамдиҳӣ моликияти давлатӣ мебошанд;
- маблағи ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ҳангоми барҳамдиҳӣ дорои шакли дигари моликият мебошанд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 июли соли 2012, № 870


Қарори Маҷлиси намояндагони
 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ангишт"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ангишт" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2012,  № 719


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ангишт"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ангишт"-ро баррасӣ   намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ангишт" ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 338


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 690

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед