logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6; мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 2 моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе дар сурати ду маротиба бекор карда шудани  ҳалномаҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳо вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамоянд.".
2. Қисми 2 моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ду маротиба бекор карда шудани  ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд.".
3. Дар қисми 2 моддаи 72, сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 83, сархати чоруми қисми 1 моддаи 116, қисми 2 моддаи 118, сархати якуми қисми 2 моддаи 121, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 126, сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 ва қисми 2    моддаи 130, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 134, қисми 2 моддаи 202, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 230, сархати сеюми қисми 2 моддаи 234, сархати дуюми қисми 1 моддаи 243, сархати панҷуми қисми 2 моддаи 269, матни моддаи 275, сархати чоруми қисми 2 моддаи 277, сархати дуюми моддаи 300, сархати дуюми қисми 1 моддаи 301, сархати дуюми қисми 1 моддаи 328, сархати сеюми қисми 2 моддаи 355, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 367, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 372, сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 373, сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 1 моддаи 377, сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 400, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 408, сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 411 калимаҳои "ном, номи падар, фамилия" ва "ном, номи падар ва фамилияи" мутаносибан ба калимаҳои "насаб, ном, номи падар" ва "насаб, ном ва номи падари" иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 1 моддаи 83 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- насаб, ном ва номи падари шахси пардохткунандаи музди экспертизаи давлатии судӣ;".
5. Ба моддаи 107 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Нисбат ба таъинот шахсе, ки ҷаримабандӣ шудааст, метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд.".
6. Ба сархати чоруми моддаи 124 пас аз калимаи "манфиатдор" калимаҳои "ё ситонидани алимент ба тариқи устувор" илова карда шаванд.
7. Дар моддаи 127:
- дар номи модда калимаҳои "қабули ариза" ба калимаҳои "қабул ва баргардонидани ариза" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои "қабули аризаро" ба калимаи "аризаро" иваз карда, пас аз калимаи "фармон" калимаҳои "баргардонад ё қабули онро" илова карда шаванд;
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"3. Судя дар хусуси рад намудани қабули ариза ё баргардонидани он дар давоми се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд таъинот қабул карда, нусхаи онро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯз ба ситонанда ирсол менамояд.
4. Ситонанда нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули ариза оид ба қабули фармон ё баргардонидани он дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи он метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд.".
8. Дар моддаи 128:
- ба қисми 1 пас аз калимаи "норасоиҳо" калимаҳои "панҷ рӯз" илова карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд" ба калимаҳои "дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи он ситонанда метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд" иваз карда шаванд.
9. Ба қисми 1 моддаи 129 пас аз калимаи "суд" калимаҳои  ", дар сурати беҳаракат монондани ариза бошад, пас аз ислоҳи норасоиҳо дар ҳамин мӯҳлат" илова карда шаванд.
10. Дар моддаи 130:
- дар қисми 2 калимаи "сана" ба калимаҳои "рӯз, моҳ, сол" иваз карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Фармон дар бланки расмӣ дар нусхаи аслӣ ва нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди ситонандаҳо ва қарздорон тартиб дода шуда, ба он судя имзо мегузорад ва он бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад.".
11. Ба моддаи 131 пас аз калимаи "фармонро" калимаҳои "на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он" илова карда шаванд.
12. Ба қисми 1 моддаи 138 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- аз ҷониби даъвогар (аризадиҳанда) тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ оиди бо роҳи ғайрисудӣ ҳал намудани баҳс (ариза) риоя нашуда бошад;".
13. Дар моддаи 162:
- ба қисми 3 пас аз калимаи "кардаанд," калимаҳои "таъинот қабул карда," илова карда шаванд;
- аз қисми 4 калимаҳои "парвандаи ҷиноятӣ оғоз менамояд ё" хориҷ карда шаванд.
14. Қисми 5 моддаи 176 хориҷ карда шавад.
15. Қисми 5 моддаи 177 хориҷ карда шавад.
16. Дар қисми 1 моддаи 210 калимаи "метавонад" ба калимаи "бояд" иваз карда шавад.
17. Дар моддаи 231:
- аз қисми 3 калимаҳои "парвандаи ҷиноятӣ оғоз менамояд ё" хориҷ карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Нисбат ба таъиноти хусусӣ шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъиноти хусусӣ қабулгардида метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.".
18. Матни моддаи 248 қисми 1 ҳисобида, ба он қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар, судя баъди аз ҷониби ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ё маъмурияти ҷойи кори охирини ҷавобгар бо тасдиқи номуайян будани маҳалли зисти воқеии ҷавобгар баргардонидани нусхаи ҳалнома, дар ҳолатҳои истисноие, ки ин ба манфиатҳои ноболиғон дахл дорад, оид ба ошкоро супоридани ҳалномаи ғоибона таъинот қабул мекунад. Дар таъинот талаботҳои дар қисми 2 моддаи 121 ҳамин Кодекс пешбинишуда нишон дода шуда, нусхаи он аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ ҷойгир карда мешавад. Ҳалномаи ғоибона пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ҷойгир кардани нусхаи таъинот дар ҷойи эълонҳои судӣ ба ҷавобгар ба таври ошкоро супоридашуда ҳисоб ёфта, пас аз ин бо гузаштани мӯҳлати пешбининамудаи моддаи 242 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо мекунад.".
19. Ба моддаи 283 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ судя дар хусуси ба нашр расонидани эълон дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ дар бораи дар суд оғоз кардани парвандаи гражданӣ дар бораи бедарак ғоибшуда ё дар хусуси фавтида эълон намудани шахс таъинот қабул менамояд. Нусхаи таъинот дар рӯзи дигари пас аз қабул шуданаш барои нашр фиристонида мешавад. Маблағи нашри эълон аз ҳисоби аризадиҳанда пардохта мешавад.".
20. Матни моддаи 350 қисми 1 ҳисобида, ба он қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба баррасии ҳамин суд ба сифати суди марҳилаи якум ирсол менамояд.".
21. Матни моддаи 362 қисми 1 ҳисобида, ба он қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Ҳангоми ба суди марҳилаи кассатсионӣ ворид гардидани шикояти кассатсионӣ ё эътирози кассатсионӣ ва ё эътирозу шикоятҳои хусусӣ, оид ба як санади судӣ, онҳо якҷоя баррасӣ карда шуда, як қарор қабул карда мешавад.".
22. Дар қисми 1 моддаи 371 калимаи "судя" ба калимаҳои "судяи суди марҳилаи назоратӣ" иваз карда шавад.
23. Қисми 5 моддаи 375 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"5. Ҳангоми баррасии парванда бо тартиби назоратӣ ҳамаи масъалаҳо бо овоздиҳии ошкоро ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул карда мешаванд.".
24. Матни моддаи 379 қисми 1 ҳисобида, ба он қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба баррасии ҳамин суд ба сифати суди марҳилаи якум ирсол менамояд.".
25. Ба матни моддаи 418 пас аз калимаи "шудааст," калимаҳои "бо пешниҳод" илова карда шаванд.
26. Ба ном ва матни моддаи 419 пас аз калимаҳои "Батаъхиргузорӣ" ва "ба таъхир гузоштан" калимаҳои ", дароз намудан" илова карда шаванд.
27. Дар моддаҳои 421, 422, 423, 424 ва 425 калимаҳои "ҷараёни" ва "Ҷараёни" мутаносибан ба калимаҳои "истеҳсолоти", "Истеҳсолоти" иваз карда шаванд.
28. Номи моддаи  423 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 423. Боздоштан ва аз нав оғоз кардани истеҳсолоти иҷро".
29. Моддаи 427 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 427. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд
Ситонанда ё қарздор метавонад нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд оид ба иҷрои санадҳои суд, санадҳои мақомоти дигар  ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо шикоят  пешниҳод намояд. Шикоят ба суде, ки дар ҳудуди фаъолияти он иҷрочии суд ӯҳдадориҳои худро анҷом медиҳад, дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабули қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд, рад кардани иҷрои чунин амалҳо ё аз рӯзе, ки ситонанда ё қарздор аз қабули қарор, амал (беамалӣ) ё рад кардани иҷрои чунин амалҳо аз тарафи иҷрочии суд огоҳӣ ёфтаанд, пешниҳод карда мешавад.".
30. Ба Кодекс моддаи 4271 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 4271. Мӯҳлат ва тартиби баррасии шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд
Суд шикоятро нисбат  ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд дар мӯҳлати даҳ рӯз бо иштироки ситонанда, қарздор ва иҷрочии суд баррасӣ мекунад. Ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани шахсони зикргардида, ки ба таври дахлдор оид ба вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ гардидаанд, барои баррасии шикоят монеа шуда наметавонад. Доир ба натиҷаи баррасии шикоят ҳалнома қабул карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 июли соли 2012, №871


Қарори Маҷлиси намояндагони
 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 апрели соли 2012,  № 745

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
 Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 321


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 829

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед