logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, 18 июли соли 2012

Ҳамватанони азиз!

Бистуми июл моҳи шарифи Рамазон - моҳи раҳмату шафқат ва мағфирату саховат фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Боиси қаноатмандӣ ва саодатмандиву иқболи баланди мардуми мост, ки халқи азизамон дар фазои сулҳу осудагӣ, ваҳдати комил ва рӯҳияи баланди созандагӣ зиндагӣ дорад. Худои таоло низ дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карданро ба бандагонаш як амри ҳатмӣ медонад.
Моҳи Рамазон ҳам дар каломи раббонӣ ва ҳам дар аҳодиси пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо борҳо таъкид шудааст.
Сарчашмаи гиромӣ донистани ин моҳи шариф ба мусулмонони дунё нузули китоби муқаддаси Қуръони шариф мебошад. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомӯз ва намунаи ибрат мебошанд. Чунонки Худованд дар ояи 185-уми сураи "Бақара" мефармояд: "Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар кӣ аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳар кӣ бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад".
Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, аз рӯи тавону имкон кумак кардан ба бародарону хоҳарони муъмину мусулмони худ, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи наку ва тақвияти он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шуморида мешаванд.
Муҳимтарин хислати ин моҳи шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусулмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой гирад ва тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад. Бинобар ин, анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад.
Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.
Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.
Набояд фаромӯш кард, ки моҳи саиди Рамазон нафақат моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол низ мебошад. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд.
Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ аз амалҳои бадтарине ҳисоб мешавад, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст.
Дар ин маврид Пайғамбари ислом фармудаанд: "Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод".
Инсонпарвариву инсондӯстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳусни тафоҳум ва саъю талоши бештар барои анҷом додани аъмоли нек, аз ҷумла созандагиву ободгарӣ аз фазилатҳои дигари моҳи Рамазон мебошад.
Аз ин рӯ, инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро ба яке аз маҳакҳои зиндагии ҳамарӯзаи худ табдил диҳанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, аз даргоҳи Худованди бузург, пеш аз ҳама, тандурустиву саодати рӯзгор, оромишу осоиш, сулҳу ризоият ва хонаи ободу осударо орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.12    №: 95    Мутолиа карданд: 1027

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед