logo

сафарҳо

Гузориш аз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба ноҳияи Рӯдакӣ

18 июл, субҳи барвақт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.
Тайи боздиди корӣ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, як маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва як корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва амнияти озуқавории кишвар зоҳир гардид.
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз деҳаи Мирзочӯли Ҷамоати деҳоти Чоряккорон оғоз ёфт. Дар ин ҷо Президенти кишвар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ нахуст бо самараи заҳмати деҳқонони хоҷагии "Ҳайдар" шинос шуданд. Тавре зикр гардид, хоҷагии "Ҳайдар" навташкил буда, дорои 72,5 га замин аст ва 52,5 гектари он обӣ мебошад. Аз 42 га замини ғаллаи обӣ, ки ҳоло мавсими дараваш дар авҷ аст, ба ҳисоби миёна 36 - сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ доранд. Дар наздикӣ 6 гектар замини обӣ бояд кишти такрорӣ карда шавад. Аҳли ин хоҷагӣ асосан заминҳои қаблан лалмии ташналабро шодоб намуда, мавриди истифодаи босамар қарор додаанд, ки боиси хушнудии мардуми деҳоти атроф гардидааст, зеро нафарони зиёд дар ин ҷо соҳиби кор шудаанд.
Аҳли ин хоҷагӣ дар майдони 7,5 га боғу токзори нав бунёд намуда, аз миёни қаторҳои он аллакай ҳосили зағер ҷамъоварӣ кардаанд ва дубора тарбузу харбуза ва каду коридаанд, ки намунаи хуби истифодаи босамари замини обӣ аст.
Хоҷагии дуюме, ки дар деҳаи Мирзочӯл мавриди таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, қарор гирифт, бо номи "Фарҳод" маъруф аст.
Аҳли ин хоҷагӣ низ аз фаъол шудани обкашҳои барқии ин мавзеъ ва шодоб гардидани заминҳояшон басо сипосгузоранд, зеро бо ин самараи корашон ва ризқу рӯзии 55 нафар аъзо афзудааст. Тавре зикр гардид, аз 85 га замини хоҷагӣ дар 80 гектараш пахта кишт шудааст ва аҳли заҳмат аз маҳсули корашон умеди зиёд доранд. Аз 5 га замини ғаллаи обӣ 35 - сентнерӣ ҳосил ғундошта, дар ҷойи он сабзавоту полезӣ кишт намудаанд.
Сипас боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар деҳаи Ҷомии Ҷамоати деҳоти Чимтеппа идома ёфт.
Дар ин ҷо нахуст майдони ҷуворимакка барои дони хоҷагии деҳқонии Некрӯз мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тавре иттилоъ дода шуд, аҳли заҳмати хоҷагӣ дар майдони 10 га тухмии серҳосили ҷуворимакка кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш 100-сентнерӣ дон ҷамъоварӣ мекунанд.
Аҳли деҳаи Ҷомӣ бо сипосгузорӣ иттилоъ доданд, ки роҳбари хоҷагии Некрӯз бо ҳамроҳии як соҳибкори дигари маҳаллӣ аз ҳисоби фоидаи софашон дар ин деҳа як мактаби нави замонавӣ барои 600 нафар хонанда бунёд намуда, 4 км роҳҳои маҳаллиро навсозӣ кардаанд.
Дар хоҷагии деҳқонии "Фирӯз"-и ҳамин деҳа кишти такрорӣ ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст. Аҳли ин хоҷагӣ аз ҳар га замини ғаллаи обӣ 40 - сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он дарҳол такроран зироатҳои сабзавоту полезӣ мекоранд. Кишти такрории лӯбиё дар як қитъа замини он бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, оғоз ёфт.
Аз 22 га замини хоҷагӣ дар 10 гектараш пахта кишт шудааст. Онҳо соли гузашта аз ҳар га 33 - сентнерӣ пахта ҷамъ оварда, имсол умед доранд, ки аз порсола бештар мешавад.
Дар деҳаи Очамайлии Ҷамоати деҳоти Чортеппа Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо кори Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби "Абдулло Саркор" бевосита шинос шуд. Тавре зикр гардид, ин ассотсиатсия ба 147 га замини корам, ки дар он беш аз 200 нафар дар 27 хоҷагии деҳқонӣ ва 64 қитъа замини президентӣ машғули кори деҳқонианд, об медиҳад. Ҳамкории мақомоти таъминкунандаи барқу об ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тарзе ба роҳ монда шудааст, ки ҳеҷ мушкили ҷиддӣ пеш намеояд. Ба иттилои масъулин, ноҳияҳои Рӯдакию Ҳисор маблағи истифодаи обро сари вақт пардохт мекунанд ва аз муассисаҳои ин соҳа қарздор нестанд.
Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба деҳаи Маҳмадшои Болои Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ташриф оварда, бо фаъолияти Маркази миллии захираҳои генетикии зироатҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ шиносоӣ пайдо намуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, олимону мутахассисони ин марказ бо ҳамтоёни хориҷии худ ва хоҷагиҳои кишоварзии кишвар ҳамкории пурсамар ба роҳ монда, тухмии тамоми навъҳои қадимаи қариб нестшудаи зироатҳо, аз ҷумла навъҳои гуногуни гандуму ҷавро ҷамъоварӣ, эҳё ва барои даҳсолаҳою садсолаҳои оянда захираю нигаҳдорӣ мекунанд. Онҳо, аз ҷумла тухмии 1022 навъи гандум ва 624 навъи ҷави маҳаллии камёфтро эҳё намуда, барои нигаҳдории садсола ба захирагоҳи махсуси Норвегия фиристодаанд. Тухмии беш аз 2,5 ҳазор навъи рустаниҳои кишвари офтобии мо, ҳамчунин дар захирагоҳи махсусе дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсия Русия нигаҳдорӣ мешавад, ки ҳамагӣ моли Тоҷикистон мебошанд. Ин захирагоҳи Маркази миллии захираҳои генетикии зироатҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бошад, ҳоло имкон дорад, ки тухмиҳои нодирро то 50 сол дар яхдонҳои махсус дар 18 дараҷа сардӣ нигаҳдорӣ намояд. Дар ин ҷо тухмиҳои нодири маҳаллии 32 намуди харбуза, 77 навъи лӯбиё, 82 намуди нахӯд, 40 намуди мош барои наслҳои оянда захира карда шудаанд. Дар ин марказ, ҳамчунин 8 ҳазор намуд дарахти мевадиҳанда аз нав эҳё карда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба кори олимони ҷавони соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба таълиму тарбияи босифати онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Онҳо низ дар навбати худ аз зиёдшавии тадриҷии маоши кормандони соҳаи илм ва ғамхории давлату ҳукумат изҳори хушнудӣ карданд.
Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии "Ҳисор"-и деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки он дорои 306 га замин мебошад ва 140 гектари он обӣ аст. Тавре роҳбари хоҷагӣ Файзулло Зокиров иттилоъ дод, ин хоҷагӣ дар тобеияти "Тоҷикматлубот" қарор дошта, асосан ба сабзавоткорӣ машғул аст. Саҳми намоёни ин хоҷагӣ дар таъмини фаровонӣ ва арзонии сабзавот дар пойтахти кишвар, ки тавассути гӯшаҳои он дар чанде аз бозорҳо ва ярмаркаҳои фурӯш гузошта мешавад, таъкид гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳар рӯз аз заминҳои ин хоҷагӣ 3,5-4 тонна сабзавот ба бозорҳои пойтахт ворид мегардад.
Дар деҳаи Чимтеппа Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо кори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Гулмоҳӣ" шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи парвариши гулмоҳӣ бо саҳмгузории муштараки соҳибкорони тоҷику эронӣ ташкил ёфта, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи нодири ғизоӣ қадамҳои нахустин мегузорад. То ин рӯз аз ин корхона беш аз 1,5 тонна гулмоҳӣ ба фурӯш рафта, зиёда аз 4 тоннаи дигар барои пешкаш ба харидорон омодааст. Парвариши моҳӣ дар ин ҷо тавассути технологияи нав бо истифода аз оби зеризаминӣ, ки тобистону зимистон ҳарорати якхелаи 15 дараҷа дорад, ба роҳ монда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аҳамияти ривоҷ додани кори ин соҳаро махсус таъкид намуда, ба масъулин барои зиёд намудани парвариши гулмоҳӣ ва барои ин корхона ҷудо намудани нуқтаҳои фурӯши моҳӣ дар бозору мағозаҳои пойтахт дастуру ҳидоятҳо дод.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба деҳаи Оли Сомони Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ташриф оварда, заминҳои офтобпараст ва пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии "Баракат" ва "Хуршед"-ро аз назар гузаронд.
Дар хоҷагии "Баракат", аз ҷумла зикр гардид, ки аҳли заҳмати он ду сол боз кишти офтобпарастро васеъ ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ ду ҳосил мерӯёнанд ва аз 2 кишт беш аз 50 - сентнерӣ аз ҳар га дон ҷамъоварӣ мекунанд. Дони офтобпарастро онҳо ба хориҷи кишвар барои истеҳсоли равған ва ҳалво содир мекунанд. Бо маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, роҳбари хоҷагӣ Маҳмадҷон Шоев уҳдадор шуд, ки то моҳи сентябри соли равон як сехи коркарди дони офтобпараст ва истеҳсоли равғану ҳалвои онро ба роҳ мемонад ва 25 нафари дигарро бо кор таъмин менамояд.
Шуғли асосии аҳли хоҷагии "Хуршед" пахтакорӣ аст. Онҳо дар майдони 240 гектар пунба кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш 36 - сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳамчунин бо ғаллакорӣ, парвариши дигар навъи зироатҳо ва чорводорӣ машғуланд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни боздид аз хоҷагиҳои зиёди ноҳияи Рӯдакӣ нақши муҳими ин ноҳияро дар таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолии пойтахт махсус таъкид намуда, ба роҳбарияти ноҳия барои бо масъулияти баланд адо намудани ин вазифаи муҳим, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон ва дар давраи тирамоҳу зимистони оянда супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.12    №: 95    Мутолиа карданд: 590

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед