logo

сафарҳо

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳо

Рӯзҳои 19 ва 20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Арманистон, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар шаҳраки Бурабойи вилояти Акмалаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошт.
Сардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои мазкурро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев як –як истиқбол гирифт.
Дар мулоқоти ғайрирасмӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни давлатҳои мазкур дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё баррасӣ шуд.
Мавзӯи асосии сӯҳбат андешидани чораҳои муштарак ва дарёфти роҳҳои коҳишдиҳии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ   ба ин кишварҳо буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили умдаи имрӯза, аз ҷумла танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, тарифҳои интиқоли мусофирон ва маҳсулот дар роҳи оҳан ва дигар воситаҳои нақлиёт  ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ ҷалб намуда, кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳамкории наздик ва дастгирии ҳамдигар даъват намуд.
Сарони дигар давлатҳо низ таъкид бар он доштанд, ки кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқобили бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ бояд ҳамбастагии наздик нишон диҳанд, то таъсири манфии он дастаҷамъона коҳиш дода шавад.
Ба нақши Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муттаҳидсозии имконоти муштараки кишварҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳои баланд дода шуд.
Ба густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шуд, аз ҷумла баҳри омӯзиши дақиқи авзои кунунии Афғонистон ва пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.
Дар ҳошияи ин ҳамоиши ғайрирасмӣ       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, муносибатҳои байнибонкӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Аз сатҳи муносибатҳои стратегии байни Тоҷикистону Қазоқистон ва афзоиши мубодилоти молу маҳсулот, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна ба 20-30 дар сад баробар мешавад, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Сарони ду давлат қарор карданд, ки баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамгироиҳоро тақвият диҳанд.
Қарор дода шуд, ки Қазоқистон бар ивази қарзи давлатие, ки дар назди Тоҷикистон дорад, ба кишвари мо дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 гандум, сӯзишвории дизелӣ ва мазут диҳад. Хотиррасон бояд кард, ки маблағи қарзи мазкур 11 миллиону 479 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Суръат бахшидан ба сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, як нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ дар болои яке аз шохобҳои дарёи Вахш ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуданд.
Оид ба татбиқи амалии нақшаҳои муштараки нақлиётию коммуникатсионӣ  баҳри бунёди роҳи оҳан ва мошингарди миёни Қазоқистону Қирғизистону Тоҷикистон бо пайвастшавӣ ба Афғонистону Эрон низ гуфтугӯйи судманд анҷом ёфт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили танзими муҳоҷирати меҳнатӣ зоҳир гардид. Пешниҳод шуд, ки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар намояндагии худро оид ба муҳоҷират дар пойтахтҳои ҳамдигар дошта бошанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва авзои кунунии Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 633

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед