logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону мутахассисон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Ваҳдат, 19 июли соли 2012

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳозирини муҳтарам!
Мо рӯзи гузашта ва субҳи имрӯз бо ҷараёни иҷрои фармону амрҳо ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қарорҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат шинос шудем.
Дар ин раванд мо итминон ҳосил кардем, ки бо заҳмати аҳлонаи кишоварзони асилу меҳнатдӯстамон имсол ҳосили фаровони ҳамаи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ рӯёнида шудааст ва ҳоло онҳо дастаҷамъона ба ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ машғуланд.
Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки имрӯз бо шумо мулоқот доир намуда, масъалаҳои таъмини рушди минбаъдаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро таҳлилу баррасӣ кунем ва ҳамзамон бо ин, вазифаҳои минбаъдаро доир ба татбиқи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ бори дигар мавриди муҳокима қарор диҳем.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулот беш аз 2 миллиард сомониро ташкил карда, суръати рушди он ба 103,5 фоиз баробар гардидааст. Бо вуҷуди дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барзиёд таъмин гардидани нақшаи даромади буҷет дар ин самт ҳоло ҳам имконияту захираҳои истифоданашуда зиёданд.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбат ба аввали сол   3 миллион сомонӣ кам гардидааст. Вале маблағи умумии бақияпулиҳои андоз ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 41 миллион сомониро ташкил менамояд ва афзоиши онҳо дар ноҳияҳои Ҳисору Ҷиргатол ва Нурободу Тавилдара мушоҳида мегардад.
Бинобар ин, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда якҷо бо роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои пурраву сифатноки буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бояд таъкид намуд, ки иҷрои барзиёди буҷети давлатӣ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии  аҳолӣ мебошад.
Тавре ки аз таҳлили хароҷоти маблағҳои буҷетӣ бармеояд, як қатор соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор, Нуробод, Тоҷикобод ва Шаҳринав пурра маблағгузорӣ карда нашудаанд. Ҳамзамон бо ин, зимни санҷиши иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун беш аз 2,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.
Махсус таъкид менамоям, ки ҳар як роҳбару корманди сохтору мақомоти давлатӣ бояд  масъалаи хароҷоти мақсадноку сарфакорона ва шаффофи маблағҳои буҷетиро зери назорати доимӣ ва қатъӣ қарор диҳад.
Маҳз бо мақсади беҳтарсозии шароити зиндагии сокинони мамлакат, ташкили ҷойҳои нави кор ва ноилшавӣ ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ масъалаи рушди соҳибкорӣ чун яке аз масоили марказӣ қарор дода шуд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкории шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 240 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо карда шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз зиёд мебошад.
Бо дарназардошти нерӯи бузургу созандаи соҳибкорон бори дигар таъкид месозам, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои миллии стратегиамон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ пайваста чораҷӯӣ намуда истодааст.
То 1 июли соли 2012 дар мамлакат дар доираи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ 9,2 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст, ки аз ин ҳисоб танҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар доираи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ беш аз 1,4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Сохтмону азнавсозии роҳҳои мошингард ва нақбу пулҳо дар самти Душанбе - Чанак тавассути ноҳияи Варзоб, Душанбе - Данғара - Кӯлоб, Кӯлоб - Шӯрообод - Дарвоз, Қурғонтеппа - Дӯстӣ, Душанбе - сарҳади Қирғизистон ва Душанбе - Турсунзода,  ки ҳоло идома дорад, имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварро ба таври куллӣ беҳтар мегардонад.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатиро зарур аст, ки назорати татбиқи сифатноки лоиҳаҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои онҳоро таъмин намоянд.
Илова бар ин, Вазорати нақлиёт ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии кишвар вазифадоранд, ки масъалаи таъмиру тармими роҳҳои дохили шаҳру ноҳияҳо, байни ноҳияҳо ва ҷамоату деҳот, инчунин нигоҳубини роҳу пулҳо ва истифодабарии дурусти онҳоро мунтазам назорат намоянд.
Дӯстони азиз!
Ҳарчанд ки дар давоми нимсола корхонаҳои саноатии мамлакат ба маблағи қариб 4,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, афзоиши онро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  12 фоиз таъмин намудаанд, суръати фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Ваҳдат ва Турсунзода хеле суст шудааст.
Агар дар шаҳри Турсунзода камшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби ширкати "ТАЛКО" ба вуҷуд омада бошад, пас дар шаҳру ноҳияҳои дигар аз 175 корхонаи саноатии мавҷуда 52 корхона умуман фаъолият накардааст.
Аз ин рӯ, Вазорати энергетика ва саноат ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати амалӣ намудани нақшаву барномаҳои соҳавӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот, таъмини фаъолияти мураттаби корхонаҳои саноатӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, инчунин бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дар навбати аввал корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тавассути ворид намудани технологияҳои замонавӣ ва бо ин роҳ ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яке аз самтҳои асосии рушди соҳа ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта, пилла, маҳсулоти чорво ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мебошад ва дар ин самт зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳаҳои зикршуда чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Бо мақсади ҳарчи бештар коркард намудани меваю сабзавоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати кишвар "Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010 - 2012" қабул гардидааст, вале таъмини иҷрои он дар як қатор маҳалҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод ва Рашт ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Бинобар ин, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони вазорату идораҳо вазифадоранд, ки амалишавии барномаҳои соҳавию маҳаллиро дар шаҳру ноҳияҳо зери назорати қатъӣ қарор дода, иҷрои онҳоро дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд. Зеро рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз иҷрои саривақтии нақшаву барномаҳои қабулшуда вобастагии калон дорад.
Дар марҳалаи ҳозираи тараққиёти мамлакат тараққӣ додани соҳаҳои саноату энергетика яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин масъала дар пешбурди сиёсати иқтисодии кишвар  мавқеи махсус дорад.
Аз ин рӯ, муҳимтарин коре, ки бояд аз ҷониби мутасаддиён дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад, бо воридоти технологияҳои пешрафта бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, ба шуғли доимӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва таъмини бозори истеъмолии мамлакат мебошад.
Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи амал оид ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар қаламрави мамлакат барои солҳои 2012-2013 тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он дар соли 2012 дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сохта, ба истифода додани 23 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи санади мазкур то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор ва Шаҳринав дар маҷмӯъ 12 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо 900 нафар шаҳрвандон ба кор фаро гирифта шудаанд. Вале ин нишондиҳанда назар ба имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам кам аст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат, ки зимни сафари корӣ аз 2-4 октябри соли 2008 ба ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара баён гардидаанд, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикршуда вазифадор шуда буданд, ки дар давоми солҳои 2009-2010 барои таъмин намудани бозори дохилӣ, инчунин содироти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар доир ба бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот чораҳо андешанд. Вале тибқи маълумот то имрӯз доир ба ин масъала ягон иқдоми ҷиддӣ амалӣ нагардидааст.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони ноҳияҳои зикршуда вазифадоранд, ки якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ иҷрои нақшаи бунёди корхонаҳои навро таъмин намуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода супурдани  онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Инчунин зарур аст, ки корҳои созандагӣ дар Корхонаи коркарди нафти хом дар ноҳияи Шаҳринав ва Комбинати металлургии Тоҷикистону Хитой дар ноҳияи Ҳисор вусъат бахшида шаванд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва саноат,  Ширкати "Барқи Тоҷик"  ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати таъмини ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо нерӯи барқ доир ба татбиқи Барномаи бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар  мамлакат ҳамаҷониба чораҷӯӣ намоянд.
Аз ҷумла то саршавии мавсими зимистон ба истифода супурдани  нерӯгоҳҳои хурди "Тутак" бо иқтидори 586 киловатт ва "Тоҷ" бо иқтидори 125 киловатт дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав таъмин карда шавад.
Доир ба омодагии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳот ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки масъалаҳои зиёд кардани истеҳсоли ангишт, таъмиру тармими  иншооти иҷтимоӣ, таъмин намудани муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бо маводи сӯхт, насби генераторҳои барқӣ дар иншооти ҳаётан муҳим, ҳарчи бештар ташкил намудани нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва ангишт, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва таъмиру барқарорсозии дастгоҳу таҷҳизот ва шабакаҳои барқиро ҳаллу фасл намоянд.
Муҳимтар аз ҳама, ба аҳолии шаҳру деҳот зарурати захираи дусолаи маводи озуқа ва омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистонро мунтазам фаҳмонанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллии мо буда, сатҳи зиндагии аксарияти аҳолии шаҳру деҳот аз пешрафти он вобастагии калон дорад.
Бояд қайд намуд, ки аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат мунтазам зиёд гашта, мо ба сӯи яке аз ҳадафҳои стратегии худ - таъмини амнияти озуқавории кишвар қадамҳои устувор  гузошта истодаем. Бо вуҷуди зимистони тӯлонии сипаришуда, табиат имсол барои соҳаи кишоварзӣ шароити хеле мусоидро фароҳам овард. Ҳоло дар натиҷаи азму талоши кишоварзони мамлакат ҳосили хуби ғалладона ва умуман ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнида шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маблағи наздик  ба 620 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 фоиз зиёд мебошад. Вале ин суръати пешрафт нисбат ба захираву имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз қонеъкунанда нест, зеро он дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҷумҳуриявӣ хеле паст мебошад.
Дар ин самт, пеш аз ҳама таъмини талаботи бозори дохилӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо аз заҳмати кишоварзони мамлакат, аз ҷумла заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамчун ноҳияҳои наздишаҳрӣ вобастагии зиёд дорад ва бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки якҷо бо сохторҳои маҳаллии Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Тибқи маълумот бо вуҷуди обу ҳавои мусоиди имсола дар  шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ва Варзоб суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда нашудааст. Дар баробари ин, дар ноҳияҳои  Рӯдакӣ, Ҳисор, Тоҷикобод ва Нуробод майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар маҷмӯъ қариб 1200 гектар кам гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, гарчанде дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ 7 фоиз зиёд шуда бошад ҳам, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи рустанипарварӣ 6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладона дар мамлакат 102,7 фоиз таъмин гардида, қариб 400 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Вале дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 33 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 69 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби дигар, дар ин давра истеҳсоли картошка ва сабзавот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта мутаносибан 83 ва 92 фоизро ташкил дода, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Шаҳринав ва Ҳисор истеҳсоли картошка ва сабзавот кам гардидааст.
Бинобар ин, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарону масъулони хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ҳамаи имконияту воситаҳои заруриро сафарбар намоянд.
Ҳамзамон бо ин, барои таъмини кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ чораҳои дахлдор андешида, пастравии истеҳсоли маҳсулоти дар боло зикршударо аз ҳисоби  кишти такрорӣ  бартараф намоянд.
Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ қатъиян вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи парваришу захираи тухмии аълосифати ғалладонагиҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд ва аз соли оянда навъҳои тухмиеро кишт кунанд, ки ҳосилнокии онҳо дар заминҳои обӣ аз 50 сентнер кам набошад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ то 1 июли соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар масоҳати 3400  гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 2800 гектар кам мебошад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 350 гектар, Ҳисор 50 ва Шаҳринав 85 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Яъне иҷрои нақша ҳамагӣ аз 12 то 30 фоиз таъмин карда шудааст, ки чунин ҳолат  боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Мо доим таъкид мекунем, ки баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил дар як сол омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ буда, ба ин васила масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ роҳи ҳалли худро пайдо менамоянд.
Хусусан, идомаёбии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, гармшавии глобалии иқлим ва дар натиҷаи он зуд-зуд такрор шудани офатҳои гуногуни табиӣ, хушксоливу камобӣ ва торафт зиёдшавии аҳолии кураи замин масъалаи таъминот бо маҳсулоти озуқавориро ба проблемаи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал сохта истодааст.
Дар чунин шароит васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва дар ҳар як оила таъмин кардани захираи дусолаи маҳсулоти озуқа, аз ҷумла ғалладонагиҳо, инчунин бо истифода аз фаровонии алафи табиии имсола ҳарчи бештар захира кардани хӯроки чорво аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Мутобиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ супориш шуда буд, ки дар ноҳияи Тавилдара дар давоми солҳои 2009-2010 ҷиҳати  аз худ намудани 1600 гектар замини обӣ чораҷӯӣ намоянд. Вале тибқи маълумот дар ин муддат аз ҷониби Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамагӣ 100 гектар замин ва он ҳам дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 обёрӣ шудаасту халос.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳоро қатъиян огоҳ менамоям, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо оид ба азхудкунии заминҳои нав  ва беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони шаҳру ноҳияҳо ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
Зеро ин кор сарчашмаи даромади иловагӣ ба буҷети маҳаллӣ, ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мебошад.
Дар назди масъулони соҳаи кишоварзӣ вазифа гузошта шудааст, ки дар солҳои наздик истеҳсоли картошкаро ба як миллион тонна расонанд. Ин вазифа бояд иҷро карда шавад ва Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои содиркунандаи картошка табдил ёбад, зеро бозори минтақа ба ин намуди маҳсулот ниёзи калон дорад.
Хотиррасон месозам, ки масъалаи мазкур зери назорати қатъӣ қарор дорад ва Вазорати кишоварзӣ ва раисони ноҳияҳои картошкапарвар дар ин самт бояд чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Тибқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар асоси Фармони Президенти мамлакат  "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014" дар масоҳати  беш аз 1 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳамасола барои бунёди боғу токзорҳои нав ва шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан  заҳмат ва маблағи зиёд сарф мегардад, вале, мутаассифона, аз беаҳамиятии масъулини соҳа на ҳамаи боғу буттазорҳои бунёдгардида месабзанд ва фоида меоранд.
Бо ин мақсад Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки ба масъалаи нигоҳубин ва парваришу сабзонидани ниҳолҳои шинонидашуда диққати махсус диҳанд.
Соҳаи чорводорӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои муҳиму сердаромади кишоварзӣ буда, барои рушди он шароити мусоид мавҷуд мебошад.
Ҳарчанд ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1 то 5 фоиз афзуда бошанд ҳам, вале ҳоло қонеъкунанда нестанд, зеро мо бо чунин суръати рушд худтаъминкуниро ба даст оварда наметавонем.
Тавре ки борҳо таъкид кардаем, асоси пешрафти ин соҳа беҳтар кардани зотпарварӣ мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои зотпарвар қариб ба 30 адад расида бошад ҳам, шумораи бисёр ками онҳо ба талаботи зотпарварӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба талаботи зотпарварӣ ҷавобгуй будани ин хоҷагиҳоро муайян намуда, пешниҳодҳои илман асоснокшударо доир ба ташкили шабакаи нави хоҷагиҳои зотпарвар новобаста аз шакли хоҷагидориашон манзур намоянд.
Таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо тухм ва гӯшти истеҳсоли ватанӣ аз рушди ҳамаҷонибаи парандапарварӣ вобаста мебошад. Дар иртибот ба ин, барои тараққӣ додани парандапарварӣ зарур аст, ки ҷиҳати бо хӯроки омехтаи худӣ таъмин намудани корхонаҳои парандапарварӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Зеро дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ дар назди масъулони соҳа вазифа гузошта шудааст, ки ҷиҳати дар панҷ соли оянда бо гӯшт ва шири истеҳсоли худӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Масъалаи дигари муҳими соҳаи кишоварзӣ истифодаи самараноки замин мебошад. Тибқи баланси замин ба ҳолати 1 январи соли 2012 дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони заминҳои партов 1030 гектарро ташкил медиҳад, ки 650 гектари он замини обӣ мебошад.
Вобаста ба масъалаи мазкур борҳо таъкид менамоям, ки ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд чораҳои дахлдор андешанд.
Бо мақсади таъмин намудани ҳар як оилаи эҳтиёҷманд ба манзили зист бо  қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 7 ҳазор гектар замин ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид, ки яке аз омилҳои муҳими ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Вале масъалаи баррасии аризаҳои шаҳрвандон ва тақсимоти одилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шахсони воқеан эҳтиёҷманд дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ваҳдат, Шаҳринав ва Варзоб ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор, роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро зарур аст, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла тақсимоти замин ба мардум муносибати одилонаву ҷиддӣ намоянд.
Дар робита ба ин, ба ҳамаи роҳбарон бори дигар масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасиву ҳалли мушкилоти онҳоро таъкид месозам ва хотиррасон менамоям, ки ба ин масъалаи бисёр муҳим эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бар асари офатҳои табиӣ - боришоти барф, боронҳои зиёд ва омадани сел  дар моҳҳои январ то июн ва заминларзаи рӯзи 13 майи  соли ҷорӣ ба манзили зисти шаҳрвандон, иншооти иқтисодӣ ва соҳаи кишоварзиву чорводории шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бахусус минтақаи Рашт хисороти калони моддӣ расидааст.
Дар натиҷа 545 адад хонаҳои  истиқоматӣ  ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ зарар дида, аз он 124 ададаш пурра хароб гаштааст. Инчунин даҳҳо мактабу муассисаҳои томактабӣ, дармонгоҳу иншооти маданиву маишӣ, роҳҳои нақлиётиву пулҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои объёрӣ ва каналҳо, заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ зарар дидаанд.
Тибқи ҳисоби мутахассисон маблағи умумии зарар аз офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 17 миллион сомониро ташкил дода, мутаассифона, 12  нафар одам ба ҳалокат расидааст.
Бинобар ин, ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва минбаъд пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Аз ҷониби дигар, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ ва иҷрои саривақтии нақшаҳои муҳоҷирати экологӣ ва дохилӣ чораҳои муассир андешида шаванд.
Инчунин, ҷиҳати омода нигоҳ доштани селроҳаҳо ва соҳилҳои дарёҳо чораҷӯӣ карда шавад. Дар ин самт омодагии маҷрои дарёҳои Кофарниҳон ва Элок, каналу селпартоҳо, пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ диққати ҷиддиро талаб менамояд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2011-2015 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳамаи тадбиру чораҷӯиҳо ва азму талошҳои Ҳукумати мамлакат ба он равона шудаанд, ки шароити зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, музди меҳнату нафақаи шаҳрвандон зина ба зина баланд бардошта шавад.
Аз ин рӯ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнат ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд.
Инчунин ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намудани Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии мамлакат ҳамаи имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
То имрӯз дар қаламрави кишвар ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, мубориза бо тамоми намудҳои он  ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва хусусан ҷавонон як қатор барномаву стратегия ва нақшаҳои амал татбиқ гардида истодаанд.
Дар баробари ин, дар сатҳи дахлдор иҷро нагардидани санадҳои қабулшуда оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ба вазъи умумии ҷинояткорӣ таъсири манфӣ расонида, боиси афзоиш ёфтани сатҳи қонунвайронкунӣ, халалдор шудани тартиботи ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ сабаби поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мешаванд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2012 дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1461 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 102 адад ё 7 фоиз зиёд мебошад.
Ҳолатҳои пинҳон кардани ҷиноятҳо ҳоло ҳам ҷой доранд, ки ба ин васила аз ҷавобгарӣ дур мондан ва боз ҷиноятҳои вазнинтар содир намудани шахсони алоҳида ба мушоҳида мерасад. Дар шаш моҳ зиёда аз 50 ҷинояти пинҳонкардашуда ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Бо вуҷуди он ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои кор бо ноболиғон, инчунин сохторҳои маҳаллии кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила  фаъолият доранд, аммо чораҳои андешидаи мақомот барои дар сатҳи зарурӣ пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят бо иштироки ноболиғон ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.
 Ғайр аз ин, аз 125 нафар ноболиғи дар шаҳри Душанбе ҷиноят содирнамуда 57 нафараш сокини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад.
Аз ҷониби сохторҳои масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам ба роҳ монда нашудани кор бо шахсони қаблан ҷиноят содиркарда, ба меҳнати фоиданок ҷалб накардани онҳо ва умуман мавқеи бетарафиро ишғол кардани баъзе масъулону мутасаддиён нисбат ба тақдири чунин шахсон боиси такроран содир шудани ҷиноят гардидааст.
Вобаста ба ин масъалаҳо, ба Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва оид ба дин супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳиро тавсеа бахшида, инчунин иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" -ро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Масъалаи истифодаи оқилона ва самараноки замин дар маркази диққати Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Вале тибқи маълумоти мавҷуда то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳолатҳои аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани заминҳо, қабули қарорҳои ғайриқонунию беасос аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, ғайриқонунӣ мавриди хариду фурӯш қарор додани қитъаҳои замин, худсарона забт намудани заминҳои корами обӣ ва дар онҳо бунёд намудани иншооту хонаҳои истиқоматӣ зиёд мушоҳида мегарданд.
Танҳо дар ҳамин нимсола бо эътирози прокурорҳо 94 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бекор карда шуда, 32 гектар замини худсарона ишғолкардашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Баъзе аз кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҷойи ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин худашон ба фурӯш ва талаву тороҷи замин даст мезананд.
Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, заминсозӣ ва геодезӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин ва тақсими одилонаву қонунии заминҳои ба аҳолӣ ҷудошаванда назоратӣ доимӣ бурда, инчунин барои пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо дар ин самт чораҳои таъсирбахш андешанд.
Дӯстони азиз!
Барои ҳамаамон равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тӯлонӣ доранд ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хеле бузург мебошад.
Ҳаёт нишон дод, ки қонуни панҷ сол пеш қабулкардаи мо "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" иқдоми саривақтиву дуруст буда, риояи муқаррароти он боиси сол то сол баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардумамон гардида истодааст.
Аммо тибқи маълумот то ҳанӯз аз ҷониби баъзе сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин масъала ба қонуншиканӣ ва зиёдаравӣ роҳ дода мешавад.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо, инчунин масъулони бахши танзим бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки барои риояи ҳатмии муқаррароти қонун аз ҷониби ҳамаи табақаҳои ҷомеа назорати доимиро ба роҳ монанд.
Ҳамватанони азиз!
Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бори дигар табрик мегӯям. Тавре ки дар паёми табрикии худ ба мардуми шарифи кишвар изҳор намудам, моҳи Рамазон - моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо мебошад. Рамазон моҳи сабру таҳаммул буда, ба инсон матонату тобоварӣ меомӯзад ва дар ниҳоди ӯ парҳезгориву накӯкориро тақвият мебахшад.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳар як фарди бонангу номус  ва хайрхоҳу саховатпеша, хусусан соҳибкорону тоҷирон хотиррасон месозам, ки барои дастгирии табақаҳои ниёзманд, пеш аз ҳама, ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробон ҳиммату ёрмандии ҷавонмардона ва башардӯстонаи худро дареғ надоранд.
Хотиррасон месозам, ки назорати нархи маҳсулоти озуқа дар бозорҳо ва риояи қоидаҳои инсоф дар ин айём бисёр муҳим аст. Ман дар паёми табрикии худ дирӯз фармудаи Пайғамбари исломро беҳуда наовардам, ки мегӯяд: "Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи Қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод".
Бори дигар таъкид месозам, ки шумо - фаъолони ҷомеа, ки аксарият роҳбарии сохторҳои ҳукуматӣ, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои гуногунро ба зимма доред, инчунин роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, омӯзгорону табибон, аҳли зиё ва шахсони рӯзгордида вазифадор ҳастед, ки мардумро пеш аз ҳама, ба заҳмати созанда, ободонии диёр, тарбияи фарзандон ва дигар амалҳои хайр ҳидоят намоед, дар ин раванд худатон намуна бошед ва тамоми саъю талоши худро ба хотири оромиву суботи ҷомеа, риояи интизоми давлатӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар созед.
Ҳамаи мо бояд ба қадри соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ расем, шукронаи ватани озоду соҳибихтиёрро ба ҷо орем, наврасону ҷавонон, яъне насли ояндаи диёрамонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, нангу номуси миллӣ ва сазовори номи неки гузаштагонамон тарбия кунем, ваҳдати миллиамонро ҳамчун неъмат ва дастоварди бузурги халқи куҳанбунёдамон эҳтиёт кунем ва онро қуввату вусъати тоза бахшем. Зеро ин неъмат дар баробари истиқлолияту озодӣ барои мо бисёр азизу муқаддас аст.
Бинобар ин, такроран иброз медорам, ки касе ба ваҳдати миллӣ ва ҷовидонагии он шубҳа дорад, имон надорад.
Дар ниҳояти сухан ба ҳамаи шумо - ҳозирини арҷманд, тани сиҳат, оромиву осоиш ва барори кор орзу менамоям!
Доимо саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.12    №: 96    Мутолиа карданд: 545

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед