logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Патрисия Флор

23  июл  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Патрисия Флор,  намояндаи махсуси навтаъини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва ҳамтои собиқи ӯ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  хонум Флорро бо оғози иҷрои ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, ба ӯ барору комёбӣ хост ва ба собиқ намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел барои фаъолияти пурсамараш арзи сипос кард.
Аз рушди мунтазам ва густариши рӯз ба рӯзи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ба натиҷаҳои силсилаи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Порлумону Шӯрои Аврупо ва дигар мулоқоту музокироти мунтазам баҳои баланд дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба ҷараёни татбиқи Созишномаи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007-2013 баҳои мусбат дода, изҳор дошт, ки "Тоҷикистон ба таҳия ва қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақа манфиатдор аст".
Дар ин замина густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусии он, тиҷорат ва сармоягузорӣ, бахшҳои гуногуни саноат, гидроэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ ва дар таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон зарур шумурда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистон ба бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Баррасии авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистони ҳамсоя ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
"Вобаста ба Афғонистон ҳадафи аслии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон таъмини сулҳу субот, амният ва истиқрори ҳаёти осоишта дар ин кишвар мебошад ва мо омодаем, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории созандаро бо шарикони байналмилалии худ идома диҳем", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин робита татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия амри зарурӣ дониста шуд.
Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj

* * *

Патрисия Флор, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, дар нахустин мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, равобити кишвари мо бо Иттиҳоди Аврупоро дорои заминаҳои устувор унвон кард.
Хонум Патрисия Флор, ки дар ин мақом Пйер Морелро иваз намуд, дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки дар робита ба наздик шудани муҳлати анҷоми Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ омодагӣ ба таҳия ва қабули стратегияи нав вусъат мегирад. Зикр шуд, ки дар доираи старатегияи нав ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои экология, иқтисод, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика ва саноат авлавияти бештар дода мешавад.
Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо ба дурнамои робитаҳои ҳасана, бахусус, дар самти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ, назири терроризму қочоқи маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуб хушбин буда, қавл дод, ки аз сӯи худ раванди ҳамкориҳоро такони тоза мебахшад.
Патрисия Флор иттилоъ дод, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар назар аст. Мавзӯи хуруҷи неруҳои эътилофӣ аз Афғонистон ва таъмини амният дар минтақа дар меҳвари гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.12    №: 97    Мутолиа карданд: 555

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед