logo

мулоқотҳо

Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай

25 июл бо ибтикори ҷониби афғонӣ байни Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар бораи ҳаводиси дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон рухдода ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешавад.
Сарварони ду кишвари дӯст ба мувофиқа расиданд, ки аз ду ҷониб иқдомоти муассире пиёда хоҳанд шуд, то вазъи одии марзҳои Афғонистону Тоҷикистон ва пешгирӣ намудани ҳар гуна аъмоли террористӣ ва зиддиқонунӣ дар он таъмин гардад.
Ҳомид Карзай, Президенти Афғонистон, эълом дошт, ки бо дастури ӯ ба ҷониби сарҳад, алалхусус минтақаи ҳаммарзи Хоруғ, нерӯҳои иловагии низомӣ ва марзбонӣ фиристода хоҳад шуд, то татбиқи ҳадафҳои дар боло баёншуда таъмин гардад.
Сарварони ду кишвар таъкид намуданд, ки байни роҳбарияти Афғонистону Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду мамлакат то ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия иртиботи доимӣ ва муассир барқарор хоҳад буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.12    №: 98    Мутолиа карданд: 520

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед