logo

иқтисод

Обанборҳо мардумро аз фалокат наҷот мебахшанд

Мубориза бо офатҳои  табиии марбут ба обро одамон ҳанӯз аз замонҳои қадим медонистанд. Дар Мисри Қадим ва Месопотамия қисми зиёди обро аз марказҳои асосӣ ба пастхамиҳо равона мекарданд, ки  минбаъд обанборҳо пайдо мешуданд. Нахустин дарғот панҷ ҳазор сол пеш дар Сурия, дар дарёи Оронт сохта шуда буд. Ҳамин тавр, дамбаҳо ба вуҷуд омаданд, ки ба воситаи онҳо майдонҳои кишту боғу роғ аз обхезӣ эмин ёфтанд. Таҷрибаи хуби мубориза бо обхезӣ асосан аз Шарқ оғоз ёфта, он аз Мисру  Чин ба Аврупо гузашт.
Обхезӣ солҳои охир қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад. Афзоиши аҳолӣ, маҳви ҷангалзор ва умуман, муносибати бераҳмонаи инсон нисбат ба табиат сабаби асосии васеъ шудани миқёси обхезӣ дар ҷаҳон гардид. Соли 1998 аз 12 июн то 30 август дар Чин 13 обхезӣ шуд, ки он қариб тамоми қаламрави кишварро фаро гирифт. Аз ин обхезӣ 240 миллион одам зарар дид, ҳазорон кас нобуд шуд ва бештар аз 56 миллион нафарро ба дигар мавзеъҳо кӯчониданд.
Моҳи августи соли 1973 оби дарёи Ҳинд аз соҳил баромада, зиёда аз 50 километри мураббаи қаламрави Панҷобро, ки ноҳияи асосии кишоварзии Покистон мебошад, ишғол намуд. Дар натиҷаи ин обхезӣ 10 ҳазор деҳа ва 22 шаҳр хароб гашта, ҳазорҳо нафар нобуд шуд. Зарари умумии он танҳо дар соҳаи кишоварзӣ 300 миллион долларро ташкил намуд.
Солҳои охир афзоиши офати обхезиро, ки қариб  ҳама фаслҳои сол мушоҳида мешавад, ба дигаргуншавии иқлим вобаста медонанд. Махсусан, обхезиҳои солҳои 1997-1999  ташвишовар буданд. Он солҳо дар рӯи Замин 339 обхезӣ ба қайд гирифта шуд, аз он беш аз 170 ҳазор нафар одам ба ҳалокат расид. Ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ барои рафъи он корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд ва 140 миллион нафарро, ки аз манзил маҳрум шуда буданд, ба ҷойҳои дигар кӯчониданд. Зарари умумии обхезӣ дар ин солҳо ба 250 миллиард доллар дакка хӯрд.
Дар Тоҷикистон обхезӣ бештар дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон ба назар мерасад. Моҳи апрели соли 2004 аз обхезӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зарар моддӣ расид. Шабакаҳои обёрӣ, роҳи автомобилгард, 6 пул ва 680 метри мураббаъ иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ зарари ҷиддӣ дид. Моҳи июли соли 2005 аз обхезии навбатӣ дар ин ноҳия 30 гектар замини пахтазор ва 242 гектар замини кишти ғалладона зери об монд. Дар ноҳияи Фархор соли 2005 аз ин офати табиӣ шабакаҳои обёрӣ, иншоотҳои гидротехникӣ, обанборҳои хурд, системаҳои мелиоративӣ, лӯлаҳои обгузар (водопровод) осеби ҷиддӣ диданд. Зарари умумӣ 5024000 сомониро ташкил кард.
Офати табиии дигари марбут ба об аз ҳаракату лағзиши пиряхҳо сар мезанад. Пиряхҳо, ки манбаи муҳими оби нӯшидании сайёраи мо ҳастанд, 14,2 дар сади масоҳати  Заминро ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳисоботи академик В.Котляков, агар ҳаҷми паҳншавии айсбергҳоро (пиряхҳои шиновар) низ ба ҳисоб гирем, масоҳати  умумии пиряхҳои сайёраи мо қариб ба 100 миллион км2 баробар мешавад. Аз ҳама бештар захираҳои пиряхҳо дар  Антарктида, Амрикои Шимолӣ бо Греландия ва Осиё паҳн шудаанд. Ҳаҷми умумии оби пиряхҳои кураи Замин ба 30 миллион км3 баробар аст, ки ин дар маҷмӯъ аз се ду ҳиссаи захираи оби нӯшидании сайёраи моро ташкил медиҳад.
Дар Осиёи Марказӣ калонтарин захираи пиряхҳои материкӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон маскан гирифтааст. Дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор пирях бо масоҳати умумии 8,5 ҳазор км2 ҷойгир шудаанд. Мавзеи Помир манбаи бузургтарини барфу пиряхҳои доимӣ буда, дар он 5 ҳазор пирях дар масоҳати 6,4 ҳазор км2 воқеъ мебошад. Яъне масоҳати пиряхҳои Помир нисбат ба пиряхҳои  Қафқоз 3,5 маротиб зиёд аст. Дар ин минтақа 16 пирях беш аз 15 км ва 7 пирях зиёда аз 20 км тӯл кашидааст. Пиряхҳои калонтарини Помир ба номи Федченко (масоҳаташ 652 км2), Гржимайло (142,9 км2), Октябр (88,2 км2) ва ғайра машҳуранд. Бо вуҷуди он ки пиряхҳо манбаи оби нӯшиданӣ ва ба танзимоварандаи иқлим ба шумор мераванд, дар бисёр ҳолатҳо ҳаракати онҳо боиси фалокати зиёд мегардад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 пиряхи ҳаракаткунанда ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо аз ҳама бештар пиряхи Хирсон (дарозиаш 13,1 км) серҳаракат буда, солҳои 1963, 1973 ва 1989 ба хоҷагиҳои ноҳияи Ванҷ зарари калони моддӣ расонид. Бори аввал, яъне соли 1963 ҳаракати Хирсон бо гирифтани пеши дарёи Абдуқаҳҳор кӯли сунъии чуқуриаш 100 метраи дорои 21 миллион м3 обро пайдо намуд. Ба хотири пешгирии фалокат аҳолии  назди соҳил  ба ҷои бехатар кӯчонида шуд. Вале баъди  муддате чанд дарғоти сунъӣ аз ӯҳдаи нигоҳ доштани ҳаҷми бузурги об набаромад. Об бо як фишори баланд ба самти водӣ ҳаракат намуд. Сел ба маркази ноҳия расида фурудгоҳ, чандин пул ва роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғро ишғол намуд. Зарари моддии ин сел ба ноҳия ба маблағи 1,5 миллион  сӯм шуд. Ҳаракати минбаъдаи пиряхи Хирсон ба солҳои 1973 ва 1989 рост омад. Он солҳо барои тадқиқоту пешгӯии хатар аз тамоми ИҶШС беҳтарин олимону мутахассисон сафарбар шуданд. Тибқи пешбинии мутахассисон пиряхи Хирсон дар  солҳои наздик боз ба ҳаракат меояд.
Дар нишебиҳои қаторкӯҳи Пётри Як (водии Рашт) қариб 50 пиряхи ҳаҷман хурду миёна доман паҳн кардааст. Калонтарини он пиряхи Дидал- дарозиаш 4,8 км ва масоҳаташ ба 1,6 км2 баробар аст. Пиряхи мазкур ба назар ором метобад, вале 13 августи соли 1974 баъди фишори навбатӣ қисми забонаи он,  бо дарозии 600 метр ва ҳаҷми 1,5 миллион м3 якбора канда шуда, бо суръати баланд ба поён ҳаракат намуд. Вай ба деҳаи Қаросағур наздик омад, вале дар натиҷаи чораҳои фаврӣ касе аз сокинони деҳа осеб надид. Дар бораи пиряхи Дидал ва серҳаракатии он ҳанӯз яке аз муҳаққиқони Осиёи Марказӣ В.Липский дар китобаш «Горная Бухара» қайд кардааст, ки соли 1890 пиряхи Дидал сабаби нобудшавии 100 гӯсфанд ва чанд тан одам шудааст.
Жола низ аз ҳамин навъи офати  табиист, ки ҳангоми тағйири фишори атмосферӣ ва конденсатсияи ҳавои гарму хунук якбора пайдо мешавад. Соли 1957 дар кишвари Краснодар ҳаҷми алоҳидаи донаҳои жола аз 1,2 то 1,8 кг расид. Дар паёмади ин бориш боғу киштзор ба биёбон табдил ёфт. Шифти бому тирезаи хонаҳо шикаста, аҳолӣ осеби калон дид ва дар дашту даман аз зарбаи жола садҳо паранда ба ҳалокат расид.
Соли 1986 дар Бангладеш аз жола, ки вазни баъзеи он ба 1 кг мерасид, садҳо сар гову гӯсфанд ва 92 одам ҳалок гашт.Моҳи марти соли 1961 дар шимоли Ҳиндустон аз осмон  жолаҳои хиштгуна борид, ки вазни он 3 кг буд ва филро аз пой афтонд.
Соли 1999 (моҳи май) бо сабаби боридани жолаи шадид дар ИМА парвози киштии кайҳонии «Шатл» ба мӯҳлати дигар бозмононда шуд. Дар Тоҷикистон макони аз ҳама зиёди бориши жола ноҳияи Ҳисор аст. Моҳи майи соли 1966 дар қисми шарқии водии Ҳисор вазни як дона жола то 700 грамм расида, бисёр намуди чорвои хурду калонро нобуд кард ва ба боғу киштзор зарари калон овард. 
Аслан давомнокии бориши жола аз 15 дақиқа зиёд нест, вале мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳаи метерология моҳи майи соли 1959 дар Душанбе давомнокии бориш ба 1 соату 45 дақиқа расид. Моҳи апрели соли 1954 дар Ховалинг бориши жола то 3 соату 15 дақиқа идома ёфт. Дар ИМА ин ҳодиса боз ҳам мудҳиштар буд. Дар иёлати Колорадо 21 июни соли 1972 9 соат жола борид.
Ҳанӯз замони шӯравӣ роҳҳои гуногуни муборизаро бо жола ҷустуҷӯй намуда буданд. Ба ин хотир бо иқдоми Раёсати гидрометерологияи мамлакат дар яке аз теппаҳои водии Ҳисор (соли 1963) маркази пешгирии жола таъсис ёфт. Дар ин марказ ва минбаъд дар мавзеъҳои дигари Тоҷикистон, ки жола таҳдид мекард, дастаҳои махсуси бо ракета мусаллаҳ ташкил шуданд.  Ҳоло бо ёрии ин гурӯҳҳои махсус дар ҷумҳурӣ беш аз 210 ҳазор гектар замини кишт аз хавфи  жола ҳифз мешавад.
Яке аз роҳҳои пешгирии хатари эрозияи замин ва сел ва таъмини одамон бо оби нӯшиданӣ сарфа намудани захираҳои об мебошад. Ҳоло  70 фоизи захираи оби сайёра барои кишоварзӣ сарф мешавад.  Тибқи пешгӯиҳо  соли 2025 аҳолии сайёра ба 7,8 миллиард мерасад, ки нисбат ба имрӯз 38 дар сад зиёд аст. Суръати баланди афзоиши аҳолӣ бештар дар давлатҳои рӯ ба инкишоф мушоҳида мешавад. Инчунин дар ин давра талабот ба ғалладона то 37 фоиз ва ба маҳсулоти хӯрока то 40 фисад меафзояд. Аз ин ҳисоб барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ эҳтиёҷ ба об дар заминҳои обёришаванда то 20-29 дар сад хоҳад афзуд.
Барои пешгирии хароҷоти барзиёди об дар минтақаҳои хушк, ки он боиси болоравии обҳои зеризаминӣ, эрозия ва беҳосилу шӯр гаштани замин мегардад,  бо истифода аз технологияи пешқадам сарфаи об метавонад садди роҳи камчинии он шавад. Истифодаи технологияи обмонӣ имконияти гирифтани ҳосили баландро фароҳам меоварад. Масалан, бо ин усул ҳосилнокии пахта аз 1 га ба 45-60, ғалладона 50-60, ангур 200-250, сабзавот ба 1000- сентнерӣ расонида шуда, то 3 маротиб зиёдтар об сарфа мегардад. Мувофиқи тавсияи Институти зироаткории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳангоми истифодаи усули чакрагӣ дар 1 га ба ҷои 10 ҳазор м3 ҳамагӣ 3-4 ҳазор м3 об истифода мешавад. Ҳоло усули технологияи нави обмониро ба таври васеъ дар Исроил, Миср, ИМА ва Олмон истифода менамоянд.
Роҳи дигари пешгирии офатҳои табиии марбут ба об дар шароити Тоҷикистон бунёд ёфтани обанборҳост. Сохтмони обанборҳо дар шароити кӯҳсор хароҷоти зиёдро талаб намекунад ва дар радифи истеҳсоли нерӯи барқ дар шароити камобӣ ягона роҳи ҷилавгирӣ аз бӯҳрони энергетикӣ ва хушксолист. Сохтмони обанборҳо дар Тоҷикистон имконияти обшор намудани садҳо ҳазор заминҳои ташналабро дар Ӯзбекистону Туркманистон фароҳам меоварад. Обанборҳо дар шароити кӯҳистон инчунин садди роҳи селу тармафуроӣ, кӯчишу сангрезӣ буда, аз хатари доимии ин гуна офатҳои табиӣ мардумро наҷот медиҳанд. Бо ин мақсад бояд тадқиқоти илмии доимии реҷаи оби обанбору дарёҳо ва мониторинги онҳо гузаронида шавад. Вале пештар дар ҳудуди Тоҷикистон 150 гидродидбонгоҳ амал мекард, ҳоло ҳамагӣ 80-то мондааст. Аз ин нигоҳ вобаста ба аз худ намудани захираҳои энергетикию обӣ ва минбаъд пешгирию огоҳ намудани аҳолӣ аз офатҳои табиии марбут ба об зарур аст миқдори стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва гидродидбонгоҳҳо зиёд шуда, бо техникаю технологияи навтарин таъмин гарданд.

Холназар МУҲАББАТОВ,
доктори илмҳои ҷуғрофӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 519
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед