logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро  дар низоми таҳсилоти касбӣ муайян намуда, муносибатҳои  раванди ҳамкории низоми таҳсилоти касбиро дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи  бозори меҳнат танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-  мутахассис - шахсе,  ки соҳиби таҳсилоти  касбӣ  буда,  доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбиро соҳиб шудааст, ки ба ӯ имконият медиҳад дар соҳаи муайян фаъолияти касбӣ намояд;
- маблағгузории бисёрманбаъ - истифодаи маблағҳои буҷети сатҳҳои гуногун, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин маблағҳои корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо ва манбаъҳои дигари   маблағгузорӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд;
- иттиҳодияи корфармоён - шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратие, ки ба узвияти корфармоён (шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеие, ки меҳнати кирояро истифода менамоянд) асос ёфтааст;
- таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ - намуди фаъолияти таълимӣ, ки ба ташаккул, таҳким ва такмили дониш, маҳорат, малака ва салоҳиятнокии таълимгирандагон дар раванди иҷрои намудҳои муайяни кори  ба  фаъолияти минбаъдаи касбӣ алоқаманд равона гардидааст;
- иттилооти касбӣ - маълумот оид ба касбҳои асосӣ, инкишофи минбаъдаи намудҳои гуногуни фаъолият, шароит ва музди меҳнат, вазъи бозори меҳнат, имкониятҳои гирифтани таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- машварати касбӣ - кӯмак дар интихоби касб ба воситаи фаҳмондадиҳии талаботи бозори меҳнат бо назардошти рақобати мавҷуда, инчунин ба шахсони манфиатдор расонидани иттилооти дахлдор ҷиҳати ҳалли мустақилонаи масъала;
- таҳсилоти касбӣ - навъи таҳсилоте, ки таълимгирандагон дар рафти аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дониш, маҳорат, малака ва салоҳияти сатҳу  ҳаҷми муайянеро соҳиб мешаванд, ки ба онҳо имконият медиҳад  дар соҳаи муайян фаъолияти касбӣ намоянд;
- омӯзиши касбӣ - раванди таълим, ки ба аз худ намудани дониш, маҳорат ва ба даст овардани малакаю салоҳиятнокии зарурии таълимгирандагон дар иҷрои вазифаҳои муайяни меҳнатӣ равона шуда, такмили сатҳи таҳсилотро талаб намекунад;
- бозори меҳнат - соҳаи ташаккули талабот ба қувваи корӣ ва пешниҳоди он, ки дар доираи фазои муайяни иқтисодӣ муносибатҳои мутақобилаи байни корфармоён ва кормандонро оид ба мубодилаи ихтисос, дониш, маҳорат, қобилият ва салоҳиятнокӣ ба музди меҳнат муайян  менамояд;
- ҳамкории иҷтимоӣ - низоми муносибатҳои байни кормандон (намояндагони кормандон), корфармоён (намояндагони корфармоён) ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро аз рӯи масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита бо онҳо алоқаманд мувофиқ мегардонад;
- ҳамкории  давлат ва бахши хусусӣ дар  низоми таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнат - низоми муносибатҳои мутақобилаи байни корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (минбаъд -муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ) , мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатӣ, тарафҳои  ҳамкории иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори  меҳнат
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои Қонуни мазкур
Мақсадҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- мусоидат ба ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектони низоми таҳсилоти касбӣ барои омӯзиши ҳолати воқеии  бозори меҳнат, пеш бурдани мониторинги бозори меҳнат, муайян ва ошкор кардани талаботи имрӯза ва ояндаи бозори меҳнат ба мутахасисон мутобиқи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба таҳия ва амалишавии механизми доимоамалкунандаи танзими низоми тайёр кардани мутахассисон ва кормандон;
- ба шакли муайян даровардани пешниҳодҳо оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр намудан, бозомӯзӣ, такмили ихтисоси мутахассисон ва кормандон бо назардошти талаботи иқтисодиёти инноватсионӣ;
- таъмини иштироки корфармоён дар муайян намудани талабот ба захираҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ,  нав кардани мазмуни он бо назардошти пешгӯии талаботи бозори меҳнат ва дар ин асос ташкил кардани фаъолияти таълимӣ, истеҳсолӣ ва илмӣ;
- таҳким ва инкишофи таъмини молиявӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ.
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи  бозори меҳнат
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба амалӣ намудани тадбирҳои зерини ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ равона гардидааст:
- вусъат додани  низоми таҳсилоти касбӣ  вобаста ба тағйироти нуфус (демографӣ)  ва  талаботи иҷтимоию иқтисодии давлат;
- рушди муносибатҳои мутақобилаи низоми таҳсилоти касбӣ ва корфармоён дар доираи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон, таъмини назорати сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ ва инкишофи арзёбии мустақили давлатии сатҳу сифати  фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, барнома ва нақшаҳои таълимии онҳо;
- дар амалия ба таври доимӣ ҷорӣ намудани мониторинг ва пешгӯии эҳтиёҷот ба мутахассисон ва коргарон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва инъикоси ҳатмии он дар маълумотҳои оморӣ ва иттилоотонии  мақомот ва шахсони манфиатдор дар ин хусус;
- таъсис додани низоми самарабахши иттилооти касбӣ ва машварати касбӣ барои ҷавонон бо мақсади ҳавасманд гардонидани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат;
- пешгӯии талаботи бозори меҳнат ба тайёр  намудани  мутахассисон мутобиқи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои соҳавӣ.

БОБИ 2. ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ  ХУСУСӢ
ДАР СОҲАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН
ДАР НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ
Моддаи 5. Тарафҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ
1. Тарафҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ (минбаъд - тарафҳои ҳамкорӣ) инҳоянд:
 - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, ки вазифаҳои муайян кардан ва амалӣ намудани сиёсати давлатиро дар соҳаи  таҳсилоти касбӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, идоракунии молу мулки давлатӣ ва хизматрасониро ба ӯҳда доранд, инчунин дигар ташкилотҳое, ки дорои  муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ мебошанд;
- корфармоён ва итиҳодияҳои онҳо;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  ва иттиҳодияҳои онҳо;
- тарафҳои ҳамкории иҷтимоӣ:
- кормандон ва корфармоён дар шахси намояндагони ваколатдор (иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо)  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иттиҳодияҳои дахлдори ҷамъиятӣ.
2. Ваколат, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои ҳамкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
3. Тартиб, шарт ва асосҳои фаъолияти тарафҳои ҳамкорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 6. Шаклҳои ҳамкории  давлат ва  бахши хусусӣ
Ҳамкории  давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- машваратҳои мутақобилаи дастаҷамъӣ ва гуфтушунид оид ба масъалаҳое, ки барои тарафҳои ҳамкорӣ ҷолибанд;
- қабул намудани  барномаҳои муштарак оид ба таъмини амалиёти мувофиқашуда, ки ба амалӣ намудани созиши тарафҳо аз рӯи масъалаҳои таълими мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат равона гардидаанд;
- иштироки муштараки тарафҳои ҳамкорӣ  дар ҳалли масъалаҳое, ки дар раванди танзими муносибатҳо дар низоми таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнат, аз ҷумла бо мадади шӯроҳои сарпарастӣ ва назоратӣ, ки дар назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ бо ҷалби намояндагони корфармоён таъсис дода мешаванд, ба миён меоянд;
- ташкили муштараки таҷрибаомӯзии таълимӣ ва  истеҳсолӣ;
- иштироки муштарак дар таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла бо ҷалби корфармоён;
- таъсиси муассисаҳои муштараки тобеи сохторӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили муҳокимаи пешакии он бо ҷалби бунёдҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттилоотонии онҳо аз натиҷаи амалӣ намудани лоиҳаҳои мазкур.
Моддаи 7. Мақомоти ҳамкории  давлат  ва бахши хусусӣ
1. Мақомоти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд-мақомоти ҳамкорӣ) комиссияҳои доимӣ ё  муваққатие (шӯроҳо, клубҳо, кумитаҳо)  мебошанд, ки бо қарор ва розигии тарафҳои ҳамкорӣ бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии амалиёти онҳо дар танзими муносибатҳо дар низоми таҳсилоти касбӣ  ва дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, таҳияи нақшаҳои муштарак  ва барномаҳои  мувофиқашуда,  инчунин барои ташкили назорати иҷрои онҳо таъсис дода мешаванд.
2. Мақомоти ҳамкорӣ шахси ҳуқуқӣ набуда, метавонанд барои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.
Моддаи 8. Иштироки мақомоти ҳамкорӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнат
1. Бо мақсади ташаккул ва таъмини мувофиқати манфиатҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, корфармоён ва давлат мақомоти ҳамкорӣ  дар тадбирҳои зерин иштирок мекунанд:
- таҳия ва муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодӣ ва пешгӯии  таъмини онҳо  бо мутахассисон;
- таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбии соҳавӣ, хусусан барои соҳаҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаи иқтисодиёт;
- рушди шаклҳои давлатию ҷамъиятӣ ва механизмҳои ташкилию иқтисодии идораи низоми таҳсилоти касбӣ, ки талаботи бозори меҳнатро ба ҳисоб мегиранд;
- нав кардани мазмуни таҳсилоти касбӣ, ҷорӣ намудани моделу механизмҳои таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои  таълимӣ дар асоси усулҳои инноватсионӣ, ки дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ муайян карда шудаанд;
- рушди низоми омӯзиши мақсаднок, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони  илмию педагогӣ барои таҳсилоти касбӣ;
-  ташаккули унсурҳои хоси бозори меҳнат, ки бо шуғли аҳолӣ, тафовути иқтисодӣ ва нуфусии (демографии) минтақаҳо, инчунин тафовути фарҳанги миллӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва  иқлимӣ алоқаманд мебошанд.
2. Қарору тавсияҳои пешниҳоднамудаи мақомоти дахлдори ҳамкорӣ метавонанд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои маълумот ҳангоми таҳия ва қабули  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё барномаҳои дахлдор ба инобат гирифта шаванд.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ МУТАХАССИСОН
        БО  НАЗАРДОШТИ   ТАЛАБОТИ   БОЗОРИ   МЕҲНАТ
Моддаи 9. Муайян намудани сохтори интихоби довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти  касбӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, иқтисодиёт ва иҷтимоӣ мувофиқ ба сатҳу сифати таълимии таҳсилоти касбии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  тарафҳо ва мақомоти ҳамкорӣ мутобиқи моддаҳои 5 ва 7 Қонуни мазкур, дар асоси барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, барномаҳои мақсадноки таҳсилоти касбӣ, ки талаботи воқеии иқтисодиёт ва натиҷаҳои мониторинги талаботро ба мутахассисон дар бозори меҳнат ба ҳисоб мегиранд, нишондоди назоратиро муқаррар менамоянд ва барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ оид ба қабули довталабон тавсияҳо таҳия менамоянд.
Моддаи 10. Ташкили кор вобаста ба қабули таълимгирандагон
Тарафҳои ҳамкорӣ фаъолияти мувофиқашударо дар ташкили корҳо вобаста ба таъмини қабули хонандагон, донишҷӯён ва шунавандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ  тибқи қоидаҳои қабул ба  муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо назардошти нишондодҳои назоратии  қабули шаҳрвандон ба таҳсил аз рӯи барномаҳои асосии таҳсилоти касбӣ амалӣ менамоянд.
Моддаи 11. Омӯзиши мақсаднок, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон
1. Тарафҳои ҳамкорӣ дар асоси шартномаҳои байни корфармо (фармоишгар), таълимгиранда (корманди имконпазир) ва муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ ба рушди омӯзиши мақсаднок, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон мусоидат менамоянд.
2. Тарафҳои ҳамкорӣ оид ба таъмини шароит барои  таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии таълимгирандагон мутобиқ ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаю барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии мувофиқ ба талаботи корфармо тадбирҳо таҳия ва амалӣ менамоянд.
3. Тарафҳои ҳамкорӣ барои таъмини бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон бо истифода аз имкониятҳои бевоситаи корфармо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ё дигар муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон тадбирҳо меандешанд.
Моддаи 12. Иштироки корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо дар раванди таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ
Корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо бо мақсади вусъат додани ҳамкории мутақобила бо низоми таҳсилоти касбӣ ва таъсири он ба баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ, нақшаву барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва ташкили низоми таҳсилоти касбӣ иштирок намоянд.
Моддаи 13. Фаъолияти муштарак  оид ба ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии таълимгирандагон
1. Тарафҳои ҳамкорӣ дар асоси шартнома фаъолияти муштаракро  оид ба ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии   таълимгирандагон  таъмин менамоянд.
2. Барои ба таври самарабахш  ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ тарафҳо дар мувофиқа:
- ба сифати роҳбарони таҷрибаомӯзӣ  мутахассисони ботаҷрибаро таъин мекунанд;
- барномаи таҷрибаомӯзӣ, натиҷаҳои ба нақша гирифташаванда ва супоришҳоро оид ба таҷрибаомӯзӣ мувофиқа мекунанд;
- ба таҷрибаомӯзон ҷойи кор пешниҳод менамоянд;
- барои таҷрибаомӯзӣ шароити бехатари меҳнатро муҳайё намуда,  ба таълимгирандагон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат  дастур медиҳанд;
- дар таҳияи маводи баҳогузорӣ ва арзёбии натиҷаҳои азхудкунии ихтисос ва касб дар давраи таҷрибаомӯзӣ  иштирок менамоянд;
- барои гирифтани иттилооти дахлдор бо мақсади  таҳкими донишу малака ва маҳорати касбӣ тибқи ихтисоси интихобкарда (тахассуси касбӣ) шароити зарурӣ муҳайё мекунанд.
Моддаи 14. Мусоидат  барои бо кор таъмин  кардани хатмкунандагони  муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ
Бо мақсади бо кор таъмин кардани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тарафҳои ҳамкорӣ:
- ба ҷудо кардани квота барои мутахассисони ҷавоне, ки бори аввал ба кор шурӯъ мекунанд, мусоидат менамоянд;
- ба корхонаҳое, ки барои ҷавонон ва  шахсони имконияташон маҳдуд ҷойи кор муҳайё мекунанд, ҷиҳати ташкили механизми ҳавасмандгардонӣ ёрӣ мерасонанд;
- бо мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои бо кор таъмин кардани хатмкунандагон ҳамкории бевосита  намуда, дар мавриди  тағйири касб  барои бозомӯзии онҳо  шароит муҳайё менамоянд; 
- барои ба низоми ҳисоботи оморӣ ворид сохтани нишондиҳандаҳо дар хусуси бо кор таъмин кардан ва аз рӯи ихтисос фаъолият намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ мусоидат менамоянд.  
Моддаи 15. Ташкили арзёбии мустақили сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ
Тарафҳои ҳамкорӣ ба ташкили арзёбии мустақили сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ бо роҳҳои зерин мусоидат мекунанд:
- муайян кардани дурнамо оид ба таъмини сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисон;
- мониторинг ва давра ба давра пешниҳод намудани тақриз ба барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ;
- таҳияи  тартиби арзёбии холисонаи  сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи таълимгирандагон, инчунин салоҳиятнокии хатмкунандагон;
- мунтазам мавриди таҳқиқ қарор додани барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ вобаста ба манфиатҳои низоми таҳсилот ва талаботи бозори меҳнат.

БОБИ  4. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГӢ
Моддаи 16. Шаклҳои иқтисодии таъмин ва тавсеаи маблағгузории  бисёрманбаи низоми таҳсилоти касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат
1. Тарафҳои ҳамкорӣ шаклҳои иқтисодии таъмини амали мутақобилаи низоми таҳсилоти касбиро бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди инноватсионӣ-технологии иқтисодиёт  инкишоф медиҳанд.
2. Тарафҳои ҳамкорӣ ба рушди шаклҳои санҷидашудаи иқтисодӣ, ки ба дастрасии васеи таҳсилоти касбии сифатнок мусоидат менамояд, бо роҳҳои зерин кӯмак мекунанд:
- рушди механизмҳои маблағгузории бисёрманбаи низоми таҳсилоти касбӣ, ки талабот ва сохтори иқтисодиёти рушдкунандаро бо мутахассисони ботаҷриба  таъмин  менамояд;
- истифодаи манбаъҳои маблағгузорие, ки  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд;
- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ.
Моддаи 17. Ҳавасмандгардонӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таклифҳои тарафҳои ҳамкорӣ барои муҳайё кардани шароити ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла муқаррар намудани имтиёзҳо ба сармоягузороне, ки соҳаи таҳсилоти касбиро маблағгузорӣ мекунанд, инчунин ба корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва сохторҳои дигари таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тадбирҳо меандешад.
Моддаи 18. Заминаи моддию техникӣ
1. Тарафҳои ҳамкорӣ рушди заминаи моддию техникии низоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро бо назардошти дурнамои барномаҳои инкишофи инноватсионии соҳаҳои дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар навбати аввал таъмин менамоянд.
2. Заминаи моддию техникӣ бояд ҷавобгӯи  талаботи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос буда,  роҳандозии ҳама намудҳои омодагии мутахассисон, корҳои лабораторӣ, амалӣ ва илмию тадқиқотии таълимгирандагонро, ки дар стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилоти касбӣ, барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд. Заминаи моддию техникӣ бояд бо истифодаи  технологияҳои иттилоотӣ ва фосилавии муосир, паркҳои инноватсионию технологӣ ва илмӣ, технополисҳо, бизнес-инкубаторҳо, лабораторияҳо, толорҳо ва синфхонаҳои компютерии бо воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз, дигар сохторҳое, ки дар инкишофи қобилияти илмию техникӣ ва эҷодии таълимгирандагон барои фаъолияти инноватсионии минбаъдаи онҳо дар иқтисодиёт рушд намояд.
         
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 августи соли 2012, №  895


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 июни соли 2012, № 884


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 394


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.12    №: 101-102    Мутолиа карданд: 842

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед