logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбат ба фаъолият доир ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷузъҳои он, ҳамчунин маҳсулоти хӯрокҳои парҳезӣ, кӯдакона ва иловаҳои фаъоли биологӣ татбиқ мегардад. Муқаррароти Қонуни мазкур инчунин ба мавод, маснуот, маводи банду баст ва ёрирасони ба маҳсулоти хӯрокворӣ алоқаманд низ паҳн мегардад.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ҳайвоноти зинда, агар онҳо бо мақсади тайёр намудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои фурӯш ба аҳолӣ пешбинӣ нашуда бошанд, нисбат ба растаниҳо то ҷамъоварии ҳосили онҳо ва мева, маҳсулоти косметикӣ тамоку ва маҳсулоти он татбиқ намегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маҳсулоти хӯрокворӣ - маҳсулоте, ки онро дар шакли табиӣ ё коркардшуда (консервшуда) инсон дар хӯрок истеъмол менамояд, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки кӯдакона, парҳезӣ, оби нӯшокии дар зарф ҷой кардашуда, маҳсулоти спиртдор, оби ҷав, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, сақич, инчунин ашёи хоми хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ;
- маҳсулоти хӯроки кӯдакона - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои ғизои кӯдакони то 14-сола пешбинӣ шуда, ба талаботи физиологии организми кӯдакон ҷавобгӯ мебошанд;
- маҳсулоти хӯроки парҳезӣ - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои хӯрокҳои муолиҷавӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пешбинӣ шудаанд;
- маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ - маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли табиӣ ё сунъие, ки дорои таъми хуш ва сифатҳои сиҳатибахшанда барои инсон буда, барои истифодаи ҳамарӯза ва мунтазам пешбинӣ шудаанд. Ғизои функсионалӣ дар баъзе мавридҳо усули имконпазири муолиҷаи тиббӣ буда, ҳамчун маҳсулоти барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос муқаррар карда мешавад;
- маҳсулоти хоми хӯрокворӣ - ашёи хоми аз растанӣ, ҳайвонот ё маводи микробиологӣ, минералию сунъӣ тайёршаванда ва об, ки барои омода намудани маҳсулоти хӯрокворӣ истифода бурда мешаванд;
- иловаҳои хӯрокворӣ - моддаҳои табиӣ ё сунъӣ ва пайвастаҳои онҳо, ки бо мақсади тағйир додан ва нигоҳ доштани хусусиятҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ ва (ё) нигоҳ доштани сифати онҳо махсус ворид карда мешаванд;
- иловаҳои фаъоли биологӣ - моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли  табиӣ, ки барои истеъмоли якҷоя бо хӯрок ё ба таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ омехта намудан пешбинӣ шудаанд;
- мавод ва маснуоти бо маҳсулоти хӯрокворӣ (минбаъд - мавод ва маснуот) алоқаманд - мавод ва маснуоте, ки барои тайёр кардани банду баст, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, аз ҷумла таҷҳизоти технологӣ, асбобу дастгоҳҳо, борҷома, зарфҳо, асбобу анҷоми ошхона;
- бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ - мавҷудияти  боварии асоснок ба маҳсулоти хӯрокворӣ, ки истеъмоли он дар шароити муқаррарӣ барои саломатӣ зарарнок нест ва ба саломатии наслҳои ҳозираву оянда хатар надорад;
- арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣ - маҷмӯи хосиятҳои маҳсулоти хӯрокворие, ки мавҷудияти онҳо талаботи физиологии инсонро ба моддаҳо ва энергияи зарурӣ қонеъ мегардонад;
- шаҳодатномаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ - ҳуҷҷате, ки дар он мутобиқат ба талабот оид ба бехатарии маҳсулот тасдиқ карда мешавад;
- сертификатсия - фаъолият оид ба тасдиқи мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;
- сертификати мутобиқат - ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои системаи сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои техникӣ - ҳуҷҷатҳое (талаботи техникӣ, дастурҳои технологӣ, дастурамалҳо ва ғайра), ки мутобиқи онҳо омодасозӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ гардонида мешаванд;
- ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон талаботи ҳатмиро дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар менамоянд;
- маҳсулоти хӯроквории қалбакӣ - маҳсулоти хӯрокворие, ки қасдан ба маҳсулоти истеҳсолкунандаи воқеӣ монанд тайёр карда шудааст;
- ҳаммонандкунии маҳсулоти хӯрокворӣ -фаъолият оид ба муқаррар намудани мутобиқати маҳсулоти хӯроквории муайян бо маълумот дар бораи чунин маҳсулот, ки дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагашта ва тамғакоғазҳо нишон дода шудаанд;
- коркарди партовҳои маҳсулоти хӯрокворӣ - коркарди маҳсулоти хӯроквории хатарнок барои аз он ҳосил кардани маҳсулоти барои хӯрокворӣ пешбининашуда;
- мӯҳлати истеъмол - марҳилаи вақте, ки аз рӯзи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ то рӯзи қобили истеъмол будани онҳо ҳисоб карда мешавад;
- мониторинг - мушоҳидаи доимии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бо мақсади ошкор намудани мувофиқатии он ба натиҷаи дилхоҳ;
- пеститсидҳо - заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашарот ва зараррасонҳо;
- нишондиҳандаҳои органолептикӣ - нишондиҳандаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба воситаи узвҳои ломиса (таъм, бӯй, намуди зоҳирӣ, ранг) муайян ва арзёбӣ мешаванд;
- маҳсулоти нави хӯрокворӣ - маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҷузъи он, ки ба андозаи зарурӣ аз тарафи инсон ба сифати хӯрок истифода нашудаанд, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;
- истеҳсолоти аввалия - ҷараёне, ки аз кишт, бордоршавӣ, парвариш, сабзиш, ҷамъоварии ҳосил, шикор ва ҳамлу нақли маҳсулоти хом, ҳайвонот ва моҳӣ барои коркарди минбаъда ё борбандӣ ва тақсимот иборат аст;
- коркарди аввалия - ҷараёни коркарди маҳсулоти хом, ки дар он корҳои зерин, ба монанди обкунии яхи маҳсулоти яхкарда (агар он маҳсулоти хоми яхкарда бошад), тоза намудани маҳсулот аз ифлосиҳо ва қисми истеъмолнашаванда (шуста тоза кардан), аз маҳсулот ҷудо карда партофтани қисми арзиши пасти хӯрокидошта (бехтан, тозакунӣ ва соида тоза намудан, пар кандан, парт кардан (сӯзонидан), аз рӯдаҳо холӣ кардан, тар карда мондан ва ғ.), ба маҳсулот додани андоза, шакл ва ҳолати мутобиқ ба намуди маснуоти хӯрокворие, ки маҳсулот барои тайёр намудани он пешбинӣ шудааст, истифодаи омилҳои таъминкунандаи суръатбахшии коркарди минбаъдаи ҳароратии маҳсулот иҷро мегарданд;
- мушоҳидакунӣ - қобилияти мушоҳида намудани ҳаракат, тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хӯроки чорво ё моддаҳое, ки метавонанд ё эҳтимолияти ворид шудани онҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ё хӯроки чорво дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, коркард ва тақсимот ҷой дорад;
- таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез - низоми ҳаммонандкунӣ, арзёбӣ, таҳлил ва назорати хатарҳое, ки барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муҳим мебошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
1. Ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи тавсияҳои ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ, Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба истифодаи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва дигар созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ амалӣ гардонида мешаванд.
2. Агар санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон назар ба Қонуни мазкур меъёрҳои дигареро пешбинӣ намуда бошад, пас меъёрҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии танзими бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Принсипҳои асосии танзими бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- масъулияти бевосита - масъулияти истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони маҳсулоти хӯрокворӣ барои бехатарии маҳсулоти хӯроквории истеҳсол, таҳвил ва фурӯхташаванда. Иҷрои ин ӯҳдадориҳоро мақомоти ваколатдор таъмин мекунанд;
- арзёбии хатарҳо - ошкор намудани хатарҳо ва дараҷаи хатарнокии онҳо ба воситаи чораҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур барои ноилшавӣ ба дараҷаи баланди ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти инсон истифода мешаванд. Арзёбии хатарҳо дар асоси маълумоти мавҷудаи илмӣ ва хулосаи ташхисгарон анҷом дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки маълумоти мавҷудаи илмии дахлдор нокифоя бошад. Арзёбии хатарҳо холисона ва шаффоф гузаронида мешавад. Идоракунии хатарҳо ба натиҷаи арзёбии хатар, принсипи пешгирии хатар ва дигар омилҳое, асос меёбад, ки барои ҳодисаи баррасишаванда муҳиманд. Чораҳои истифодашаванда мутобиқи дараҷаи хатар амалӣ шуда, наметавонанд барои савдо то он андоза маҳдудкунанда бошанд, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои Қонуни мазкур заруранд. Мувофиқи мақсад будани чораҳои техникию иқтисодӣ ва дигар омилҳое, ки ба ҳодисаи баррасишаванда вобастагӣ доранд, ба назар гирифта мешаванд. Чораҳои истифодашаванда вобаста ба хусусияти хатари барои ҳаёт ва саломатии инсон ошкоршуда, намудҳои иттилооти илмӣ, ки барои арзёбии ҳамаҷонибаи хатарҳо зарур мебошанд, дар давоми марҳилаи мақбули вақт аз нав баррасӣ мешаванд;
- огоҳонидани пешакӣ - истифодаи чораҳои муваққатӣ бо мақсади идоракунии хатар барои ноил шудан ба сатҳи баланди ҳифзи саломатии инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то гирифтани иттилооти нави илмии ба қабули арзёбии холисонаи хатар зарур, дар ҳолатҳое, ки агар дар асоси арзёбии маълумоти мавҷуда имконияти муайян кардани таъсири зарарноки омили муайян ба саломатии инсон ошкор гарданд ва маълумоти боварибахши илмию иттилоотӣ баъди арзёбии холисонаи хатар мавҷуд набошанд;
- назорати пурра - анҷом додани назорати маҳсулоти хӯрокворӣ мувофиқи тамоми силсилаи истеҳсолоти маҳсулоти хӯрокворӣ (истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва фурӯш);
- мушоҳидакунӣ - аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони  маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намудани мушоҳиданокии маҳсулоти хӯрокворӣ, ашёи хом, мавод ва моддаҳои барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифодашаванда дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолу тақсимот. Аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис додани низоме, ки барои ҳаммонандкунии маҳсулоти хӯроквории эҳтимолан ё воқеан хатарнок ва аз муомилот баровардани онҳо имконият диҳад;
- ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон - ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ба дараҷаи баланди имконпазир. Субъектҳо дар ҷараёни истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ба истеъмолкунанда дар бораи таркиб, хусусият ва таъиноти маҳсулот, ки ба истеъмолкунанда имконияти интихоб ва хариди маҳсулоти хӯроквориро медиҳад, пешниҳод менамоянд;
- шаффофият - пешниҳод намудани имконияти баррасӣ ва пешниҳоди шарҳу эродҳо ҳангоми коркард ё таҷдиди назари чораҳо дар соҳаи бахатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба тарафҳои манфиатдор. Шарҳу эродҳои пешниҳодшуда муҳокима гардида, хулосаҳои онҳо дар рафти коркард, таҷдиди назар ё қабули чораҳо ба эътибор гирифта мешаванд;
- реҷаи миллӣ - баробар будани тамоми талабот ва чораҳои татбиқшаванда нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои маҳсулоти хӯроквории воридшаванда ва маҳсулоти хӯроквории ватанӣ;
- савдои озод -Қонуни мазкур мутобиқи принсипҳои савдои озод, татбиқ гардида, сатҳи баланди ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро таъмин менамояд.
Моддаи 6. Таҳия ва қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври зерин таҳия ва қабул мешаванд:
- дар доираи барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон зарурӣ;
- бо назардошти принсипҳои илмӣ ва маълумоти мавҷудаи илмӣ, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;
- барои роҳ надодан ба табъизи беасос ва ноҳақ дар байни давлатҳои шароиташон якхела ва ба ҳам монанд, аз ҷумла табъиз дар байни қаламрави худӣ ва қаламрави давлатҳои дигар;
- дар асоси арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон, ки мутобиқи методологияи соҳавии ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад;
- ба тарзе, ки онҳо маҳдудияти ниҳонии савдои берунаро инъикос нанамоянд.
2. Арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон дар раванди таҳия ва қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба маълумоти илмӣ бо назардошти равандҳо ва усулҳои истеҳсолӣ, усулҳои санҷиш, интихоби намуна, озмоиш ва шароити мутобиқи муҳити зист асоснок карда мешавад.
3. Ҳангоми нокифоягии далелҳои илмӣ ҷиҳати арзёбии холисонаи таҳдид дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда мақомоти дахлдори  ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар асоси маълумоти мавҷуда, аз ҷумла маълумоти ташкилотҳои соҳавии байналмилалӣ ва иттилоот оид ба чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар дигар давлатҳо чораҳои муваққатӣ андешад.
4. Чораҳои андешидашуда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ метавонанд сатҳи баландтари ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро нисбат ба сатҳе, ки аз ҳисоби чораҳои дар стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ асоснокшуда ба даст меоянд, таъмин намоянд, агар онҳо аз ҷиҳати илмӣ асоснок шуда бошанд ё тахмин равад, ки сатҳи мазкури ҳифз сатҳи мувофиқ мебошад.
5. Ҳангоми қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бо назардошти чораҳои муваққатии дар ҳолатҳои фавқулодда қабулшуда, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ пайдоиши маълумоти нави илмиро назорат менамоянд.
Моддаи 7. Чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ
1. Агар стандартҳо, принсипҳои роҳбарикунанда ва тавсияҳои  байналмилалӣ мавҷуд набошанд ё чораи соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба стандартҳо, принсипҳои роҳбарикунанда ва тавсияҳои  байналмилалӣ мутобиқат накунад ё агар чунин чора ба савдо таъсири ҷиддӣ расонида тавонад, мақомоти дахлдори  ваколатдори давлатӣ:
- оид ба мақсади истифодаи чора дар марҳилаи ибтидоии омодагии он огоҳинома нашр менамояд;
- тарафҳои манфиатдорро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи маҳсулоти хӯрокворие, ки нисбат ба онҳо ин чора амалӣ мегардад, хабардор менамояд ва барои қабули чораи мазкур пешниҳоди асоснокшударо пешниҳод менамояд;
- бо хоҳиши мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ матни санади меъёрии ҳуқуқиро, ки дар он чораи пешниҳодшуда бо ишораи фарқият аз стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ворид шудааст, пешниҳод менамояд;
- барои пешниҳоди ақидаҳо мӯҳлати кӯтоҳтарин муқаррар намуда, бо хоҳиши тарафҳои манфиатдор машваратҳо мегузаронад.
2. Огоҳинома дар бораи маҳсулот, ки ба онҳо чора истифода мегардад ва асос барои қабули чораи пешниҳодшуда дар давоми на камтар аз 75 рӯзи то саршавии амалиёти қабули он пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 8. Баробарарзишии чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Агар мақомоти дахлдори  ваколатдори давлатӣ муқаррар намояд, ки чораҳои дар дигар давлат татбиқшаванда ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, олами набототу ҳайвонот ба як андоза ё дар сатҳи нисбатан баландтар аз талабот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯроквории дар давлати дигар татбиқшаванда чораҳои баробарарзиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда ҳисобида мешаванд.
2. Дар бораи эътирофи баробарарзишии чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ қарор қабул карда мешавад.
Моддаи 9. Расмиёти назорат ва санҷиши давлатӣ
1. Расмиёти назорат ва санҷиши давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври зерин амалӣ мешаванд:
- фавран ва бе таъхири иловагӣ ва табъизи маҳсулоти воридшаванда нисбат ба маҳсулоти ҳаммонанди ватанӣ;
- танҳо дар асоси далелҳо ва иттилоот, ки барои гузаронидани расмиёт заруранд;
- ҳангоми иттилоотонии арзкунанда оид ба мӯҳлати ба охир расидани расмиёт, камбудиҳои дар ариза мавҷудбуда марҳила ва натиҷаи истеҳсолот;
- ба он тарзе ки ҳифзи махфӣ будани иттилоот таъмин карда шавад;
- бо роҳи интихоби намуна танҳо бо он микдоре, ки барои амалӣ намудани расмиёти санҷиш ва сертификатсиякунонӣ зарур мебошад.
2. Агар баъди гузаронидани назорат ва санҷиши давлатӣ дар хусусиятҳои маҳсулот тағйирот ба амал ояд, расмиёти назорат ва санҷиши маҳсулоти дигаргуншуда танҳо аз рӯи зарурат ҷиҳати муайян кардани ҷавобгӯи талаботи дахлдор будани ин маҳсулот сарфи назар аз тағйирот  гузаронида мешавад.
Моддаи 10. Маҳсулоти хӯроквории бехатар
1. Дар муомилот метавонанд танҳо маҳсулоти хӯроквории бехатар ҷой дошта бошанд.
2. Маҳсулоти хурокворӣ бехатар ҳисобида мешавад, агар истеъмоли он ҳангоми истифодаи дуруст ва мувофиқ ба саломатии инсон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар нарасонад. Дар мавриди муайян намудани бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ чунин ҳолатҳо ба инобат гирифта мешаванд:
- риояи талаботи бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқарраршуда дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолот ва тақсимот, талабот ба коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯш, инчунин талабот ба омодасозӣ ва истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ мувофиқи таъиноти онҳо;
- мавҷудияти иттилоот барои истеъмолкунандагон, аз ҷумла иттилоот дар тамғакоғаз ва мутобиқати он бо хусусияти истеҳсолкунанда ё дигар иттилооти дастраси истеъмолкунандагон вобаста ба пешгирии таъсири зарарнок ба саломатии инсон аз навъи мушаххаси маҳсулот.
3. Ҳангоми муайян намудани зарари маҳсулоти хӯрокворӣ ба саломатии инсон инҳо ба эътибор гирифта мешаванд:
- оқибатҳои имкопазирӣ мустақим ё ғайримустақим, кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати нохуш барои саломатии инсон, инчунин имконпазирии чунин оқибатҳо барои наслҳои оянда;
- имконпазирии  таъсири кумулятивии (ғуншавии) заҳролудшавӣ;
- эҳсосоти махсуси саломатии гурӯҳи муайяни истеъмолкунандагон, агар маҳсулот ба чунин гурӯҳи истеъмолкунандагон пешбинӣ шуда бошад.
4. Қобили истеъмол набудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои инсон дар асоси истифодаи пешбинишуда, ифлосшавии эҳтимолии он аз муҳити атроф ё бо дигар тарз (пӯсидан, вайроншавӣ ё таҷзия ва ғайра) муайян карда мешавад.
5. Агар маҳсулоти хӯроквории зарарнок як қисми миқдор, силсила ё бори маҳсулоти хӯроквории ҳамон категория ва тавсифот бошад, тамоми маҳсулот дар чунин миқдор, силсила ё бор хатарнок ҳисобида мешавад, агар далели дигар набошад.
Моддаи 11. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок
1. Маҳсулоти хӯрокворие хатарнок ҳисобида мешаванд, агар онҳо ба саломатии инсон зарарнок ва (ё) барои истеъмоли инсон номувофиқ бошанд.
2. Маҳсулоти хӯрокворӣ хатарнок ҳисобида мешаванд, агар:
- дар таркибашон микроорганизмҳо, бактерия - паразитҳо, заҳрҳои бактериологӣ ва моддаҳои фаъоли кимиёвии бофтаҳои аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;
- дар таркиби худ заҳрҳои табиӣ ё дигар моддаҳои заҳрноки табиии аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;
- дар таркибашон намакҳои металлҳои вазнин, боқимондаи пеститсидҳо, дорувориҳои байторӣ, гормондор, микотоксинҳо ва дигар моддаҳоеро дошта бошанд, ки аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор баланд бошанд;
- дар таркибашон иловаҳое дошта бошанд, ки дар навъҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ набояд истифода шаванд ё агар таркиби иловаҳои иҷозатдодашуда дар маҳсулоти хӯрокворӣ аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор баланд бошад;
- дар таркибашон моддаҳои радиоактивии аз сатҳи меъёрӣ зиёдтар ё агар маҳсулоти хӯрокворӣ аз сатҳи иҷозатдодашуда зиёдтар шуоъ зада бошанд;
- борбандҳо, маводу маснуоте, ки дар якҷоягӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба талаботи муқарраршуда мутобиқ набошанд;
- аз ҳайвоноте пайдо шаванд, ки аз назорати пешакӣ ва баъдинаи байтории забҳ гузаронида нашудаанд;
- аз ҳайвоноти бемор ё мурда пайдо шаванд;
- тавсифоти органолептикии онҳо бинобар равандҳои ҷисмонӣ, кимиёӣ, микробиологӣ ва ғайра тағйир ёфта бошанд;
- дар таркибашон моддаҳоеро дошта бошанд, ки арзёбии токсикологиро нагузаштаанд ва хатарнокии онҳо барои истеъмоли инсон санҷида нашуда бошад;
- дар таркибашон омехтаҳои механикӣ дошта бошанд;
- ба борҷомаи онҳо чунин нуқсоне расида бошад, ки он ба ифлосшавии микробӣ, кимиёвӣ ё дигаргуншавӣ мусоидат  кунад;
- бо тартиби муқарраршуда истеҳсол, коркард, борбандӣ, борчинӣ ва тақсим карда нашуда бошанд;
- бо тартиби муқарраршуда тамғазанӣ ва нишонагузорӣ нашуда бошанд;
- мӯҳлат ва (ё) санае, ки то он лаҳза маҳсулоти мазкур бояд истеъмол шавад (барои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки нисбат ба онҳо муқаррар намудани мӯҳлати истеъмол ҳатмӣ мебошад) нишон дода нашуда бошад ё мӯҳлати истеъмоли онҳо гузашта бошад;
- ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва меъёрӣ мутобиқат накунанд;
- қалбакӣ бошанд.
3. Муомилот ва фурӯши маҳсулоти хӯроквории хатарнок манъ аст.
Моддаи 12. Ҳуқуқҳои истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол, муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, мутобиқи Қонуни мазкур чунин ҳуқуқҳо доранд:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдори давлатӣ ё ташкилотҳо дар бораи натиҷаи назорати давлатӣ ё арзёбии экспертии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ иттилооти зарурӣ, дастрас ва саҳеҳ гиранд;
- таъмини махфӣ будани ҳама гуна иттилоот ва паҳн накардани иттилооти махфиро талаб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- аз болои натиҷаи ташхиси озмоишӣ шикоят намоянд, агар ин натиҷа аз натиҷае, ки истеҳсолкунанда бо истифодаи ҳамин гуна ё усулҳои ҳаммонанди таҳлилӣ гирифта фарқ кунад ва дар озмоишгоҳи арбитражии ваколатдор ва акредитатсияшуда таҳқиқоти арбитражӣ гузаронанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои ҳама гуна қарорҳои нозирони дахлдор, ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ вобастагӣ доранд, шикоят намоянд;
- барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, истеҳсол ва (ё) ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок ва нораво барои истеъмол ва ё нодуруст тамғазадашуда манъ мебошад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва  муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд:
- талаботи Қонуни мазкурро риоя намоянд;
- ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани махсулоти хурокворӣ низоми таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои назорати таҳдидомез ва ё дигар низоми таъмини бехатариро ҷорӣ намоянд;
- дар маҳсулоти хӯрокворӣ истифодаи ҷузъҳои иҷозатдодашуда, бехатар ва дар доираи иҷозат мавҷудбударо таъмин  кунанд;
- мавҷудияти иттилооти кофӣ ва боварибахшро оид ба арзиши ғизонокӣ, таркиб, шароити нигоҳдории мувофиқ, чораҳои пешгирӣ ва омодасозии маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намоянд;
- шароити мувофиқи нигоҳдорӣ ва (ё) банамоишгузории маҳсулоти хӯроквориро таъмин созанд;
- фурӯши маҳсулоти хӯроквории нодуруст тамғазадашудаи хатарнок ва қобили истеъмол набударо пешгирӣ намоянд;
- маҳсулоти хӯроквории истеҳсол ё ба муомилот воридкардаи худро дар ҳолати ошкор шудани далеле, ки чунин маҳсулоти хӯрокворӣ хатарнок ва қобили истеъмол нестанд ё нодуруст тамға зада шудаанд, ихтиёран мусодира намоянд;
- нуқсонҳои  маҳсулоти хӯроквории истеҳсолшуда ё дар муомилот бударо, ки ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намебошанд, ислоҳ намоянд;
- дастрасии бемамониати нозиронеро, ки дар иншооти зертобеъ назорати давлатиро амалӣ мегардонанд, барои гузаронидани чорабиниҳои нозиротӣ таъмин кунанд;
- дар давоми се сол ҳисоби харид ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёридиҳандаро, ки дар истеҳсолот ё муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, анҷом диҳанд. Дар ҳолати истеҳсоли силсилавии маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ё маводи ёридиҳанда барои коркард, чунин ҳисоб аз рӯи рақами миқдор амалӣ  мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва  муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд ва таҳвилгарони хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар соҳаи хӯроки умумӣ барои  таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории истеҳсолкунанда, таҳвилшаванда ва фурӯхташаванда масъул  мебошанд.
Моддаи 14. Таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба воситаҳои зерин таъмин карда мешавад:
- истифодаи чораҳои танзими давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба  истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд, гузаронидани чорабиниҳои ташкилӣ, агрокимиёвӣ, байторӣ, технологӣ, муҳандисию техникӣ, санитарию зиддиэпидемиявӣ ва фитосанитарӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ба маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити омода сохтан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳо;
- анҷом додани назорати истеҳсолӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити омода сохтан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳо;
- татбиқи чораҳои гражданию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя намекунанд.
Моддаи 15. Маълумот дар бораи бехтарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар соҳаи хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, ӯҳдадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин мақомоти дахлдори  ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва санҷиши бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ҳангоми истеҳсол ва гардиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ маълумоти эътимоднок пешниҳод намоянд.
 2. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ (оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ ва назорати фитосанитарӣ ва карантинии растаниҳо) ба шахсони манфиатдор иттилоотро дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ, маҳсулоти хӯроквории нави дахлдор тадбирҳои пешгирии маҳсулоти хӯроквории хатарнок таъмин менамоянд.
3. Мақомоти дахлдори  ваколатдори давлатӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба воситаи маркази ягонаи иттилоотӣ ба шахсони манфиатдор иттилоот, ҳуҷҷат ва маълумоти ба инҳо вобастаро пешниҳод менамоянд:
- чораҳои пешниҳодшуда ва қабулшуда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- чораҳои назорат, санҷиш ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- расмиёти арзёбии таҳдид ва усулҳои муайян намудани сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- узвият ва иштирок дар ҷаласаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, низоми ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, мавҷудият ва мазмуни созишномаю шартномаҳои дуҷониба  ва бисёрҷониба.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ
ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 16. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мансубанд:
- таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ;
- бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва қабули санадҳои меъёрӣ дар доираи салоҳияти худ;
- амалӣ сохтани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 17. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ваколатҳои зерин дорад:
- мусоидат ба таъсиси таҷрибаи зарурии пешбурди истеҳсолот дар тамоми марҳилаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи тамоми силсилаи истеҳсол, коркард, фурӯш, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва методикаи таҳлили таваккалҳо ва назорат дар нуқтаҳои хатарнок ё методикаи ҳаммонанде, ки сатҳи баланди бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин менамояд;
- ҳамкорӣ бо вазорату  идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории ворид ва содиршаванда;
- татбиқи барномаҳои маърифатӣ барои истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таъсис ва вусъат додани системаи мушоҳидавии маҳсулоти хӯроквории ворид ва содиршаванда;
- назорати бемориҳои ба воситаи маҳсулоти хӯрокворӣ гузаранда, гузаронидани тафтиши дақиқи заҳролудшавӣ аз хӯрокворӣ;
- ҳамкорӣ бо пажӯҳишгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ барои муайян намудани моҳияти бемориҳои ба воситаи маҳсулоти хӯрокворӣ гузаранда;
- таҳия ва тасдиқи талаботи санитарию гигиенӣ дар объектҳое, ки бо истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо, иловаҳои хӯрокворӣ, воситаҳо ва маводи ёрирасон машғул мебошанд;
- тасдиқи меъёрҳои ҳатмии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар меъёрҳои санитарӣ ва талаботе, ки бехатарии зарурии маҳсулоти хӯроквориро таъмин мекунанд;
- амалигардонии назорати давлатӣ барои иҷрои меъёрҳои санитарӣ дар қисмати риояи талаботи қонунгузории санитарӣ, ки ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро танзим менамояд ва гузаронидани мониторинги натиҷаҳои он;
- амалигардонии назорати давлатии ҷорӣ намудани методикаи таҳлили таваккалҳо дар  нуқтаҳои назорати таҳдидомез ва низоми ҳаммонанди таъмини бехатарӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёрирасон барои коркарду истеҳсол дар объектҳои таҳти назоратбуда;
- гузаронидани назорати давлатӣ ва (ё) санҷиши давлатии объектҳои истеҳсол, коркард ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёрирасон дар асоси методика ва муомилаҳои пешқадам тибқи принсипҳои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- додани сертификати гигиенӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ аз рӯи дархости тарафҳои манфиатдор дар асоси натиҷаи ташхиси санитарию эпидемиологӣ;
- таъин ва гузаронидани таҳқиқҳои озмоишӣ барои арзёбии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар объектҳои таҳти назоратбуда;
- тасдиқи номгӯи референс - озмоишгоҳҳо барои гузаронидани таҳқиқоти арбитражии маҳсулоти хӯроквории таҳти назоратбуда;
- назорати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва транзитии таҳти назоратбуда;
- ташкил ва гузаронидани ташхиси санитарию эпидемиологии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- муқаррар намудани давраҳои назорати давлатӣ дар объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси таҳлили таваккалҳо;
- муайян ва тасдиқ намудани номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба саломатии инсон хавфи зиёд, миёна ва кам доранд;
- иштирок дар кори Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳое, ки ба ваколатҳои он дохил мешаванд, аз ҷумла таҳия ва аз нав баррасӣ намудани талаботи санитарию гигиенӣ;
- амалигардонии мувофиқат, шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, регламентҳои техникӣ ва стандартҳое, ки ба объектҳои маҳсулоти хурокворӣ истифода мешаванд, лоиҳаи объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, методикаҳои ченкунӣ ва усулҳои санҷиши маҳсулоти ҳӯрокворӣ дар масъалаи риояи тадбирҳои санитарии  дахлдор;
- тасдиқи номгӯй, методикаҳои ченкунӣ ва усулҳои санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба масъалаи риояи чораҳои санитарии дахлдор, озмоишгоҳҳое, ки барои ҳаммонандкунӣ, санҷиш ва арзёбии самаранокии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ пешбинӣ шудаанд;
- пешбурди феҳристи хулосаҳои ташхиси санитарию эпидемиологӣ.
Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ваколатҳои зерин дорад:
- дар объектҳои  чорводорӣ маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз набототу ҳайвонот пайдогардида ва муомилоти маҳсулоти кишоварзӣ назорати давлатии байторию санитарӣ ва фитосанитарӣ гузаронида, хулосаҳои марбутаи байторию фитосанитарӣ медиҳад, ки шаҳодати бехатарии онҳо мебошанд;
- назорати иҷрои чораҳои байторию фитосанитариро дар қисмати риояи талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот, инчунин инсонро аз бемориҳои ба воситаи ҳайвонот гузаранда (зоонозҳо) танзим менамоянд, ҷорӣ ва амалӣ менамояд;
- ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба масъалаҳои низоми таҳлили таваккалҳо дар нуқтаҳои назорати таҳдидомез ё системаҳои ҳаммонанди таъмини бехатарӣ машварат медиҳад ва омӯзиш мегузаронад;
- назорати давлатии ҷорӣ намудани низоми таҳлили таваккалҳо  ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез ва низомҳои ҳаммонанди таъмини бехатарӣ, ки онҳоро истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мебаранд ва таҳти назорати хадамоти объектҳои байторӣ ва фитосанитарӣ қарор доранд, амалӣ мегардонад;
- бо дархости тарафҳои манфиатдор дар асоси назорати давлатӣ ё натиҷаи арзёбии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки таҳти назорати хадамоти байторӣ қарор доранд, ба маҳсулоти хӯрокворӣ сертификатҳои байторӣ медиҳад;
- дар доираи ваколатҳои худ назорати байторӣ ва фитосанитарии маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва транзитиро мегузаронад;
- методикаи ченкунӣ, усулҳои санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва номгӯи онҳоро дар объектҳои байторию фитосанитарии таҳти назоратбуда тасдиқ мекунад;
- номгӯи референс-озмоишгоҳҳое, ки таҳқиқоти арбитражии маҳсулоти хӯроквории таҳти назорати хадамоти байторию фитосанитарӣ бударо анҷом медиҳанд, тасдиқ менамояд;
- давра ба давра гузаронидани назорати давлатии объектҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшударо, ки таҳти назорати хадамоти байторию фитосанитарӣ мебошанд, дар асоси таҳлили таваккал муқаррар мекунад;
- талаботи байторию санитарӣ ва фитосанитариро барои объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, ки таҳти назорати хадамоти байторӣ ва фитосанитарӣ қарор доранд, муқаррар ва тасдиқ менамояд;
- андозаҳои ҳатмии бехатарии маҳсулоти хӯроквориро, ки таҳти назорати хадамоти байторӣ ва фитосанитарӣ қарор доранд, тасдиқ мекунад;
- феҳристи хулосаҳои ташхиси байториро пеш мебарад;
-  системаи мушоҳидавии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда ва ватаниро дар доираи ваколатҳои худ таъсис ва ривоҷ медиҳад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ назорат ва санҷиши давлатиро барои маҳсулоти хӯроквории зерин амалӣ мегардонад:
- маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшуда (бо иловаи истеҳсоли аввалия ва маҳсулоти коркарди аввалия дар объектҳое, ки танҳо коркарди аввалия иҷро мегардад);
- тамоми маҳсулоти аз ҳайвонот ва растаниҳо тайёршуда, ки дар бозорҳо ба фурӯш бароварда мешаванд;
-  маҳсулоти аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшуда, ки аз  бунгоҳҳои гузариши сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ назорати санитарию байтории истеҳсоли маҳсулоти хӯроквориро дар корхонаҳое, ки маҳсулоти хӯроквории аз ҳайвонот ҳосилшударо барои коркарди аввалия ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд, амалӣ мегардонад, ба истиснои корхонаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ва корхонаҳои нигоҳдории яклухти маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз ҳайвонот ҳосилшуда.
Моддаи 19. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ;
- гузаронидани назорати метрологӣ ва санҷиши таҷҳизоти корхонаҳое, ки дар онҳо коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ карда мешаванд, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, озмоишгоҳҳое, ки ба саноати хӯрокворӣ вобаста мебошанд;
- ваколатдоркунонии озмоишгоҳҳо ва сертификатсияи низоми бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ;
- гузаронидани назорати давлатӣ барои риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурӯш ва воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ; 
- муқаррар намудани тартиби коркарди партовҳо ва нобуд кардани маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ намебошанд.
Моддаи 20. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ (минбаъд - Шӯрои ҳамоҳангсоз) мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, барои таъмини сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот пешниҳод ва дастгирии илмӣ ва экспертӣ барои қабули қарорҳои мушаххас, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис дода мешавад.
2. Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин аз ҳисоби намояндагони маъруфи ҷамъиятӣ, илмӣ ва экспертҳо, ки фаъолияти касбии онҳо бо таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста аст, таъсис дода мешавад. Шӯрои ҳамоҳангсоз дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 21. Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Талабот ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити истеҳсол, омодасозӣ ва муомилоти онҳо, бехатарии хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ аз рӯи меъёру қоидаҳои дахлдори санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Талабот ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз рӯи регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ барои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти  маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 22. Арзёбӣ ва тасдиқи мутобиқат
1. Намудҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод, маснуот ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ арзёбӣ ва тасдиқ карда мешаванд.
2. Мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи истеҳсолкунандагон тасдиқ карда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсияи ихтиёрии маҳсулотро гузаронанд.
4. Дар ҳолате, ки агар истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ё иҷрокунандаи хизматрасонии сертификатсияшуда дар соҳаи савдои чакана ё хӯроки умумӣ талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии муқарраршударо вайрон кунад, мақоми аккредитатсияшуда, ки сертификатро додааст, ӯҳдадор аст то бартараф кардани вайронкории ҷойдошта истеҳсол, фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва иҷрои хизматрасониро боздорад. Агар бартараф кардани вайронкорӣ имконпазир набошад, мақоме, ки сертификатро додааст, амали онро қатъ мегардонад.
Моддаи 23. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  назорати  санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ, назорати  фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо ва дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мутобиқи ваколатҳои дар моддаҳои 17, 18 ва 19 Қонуни мазкур зикргардида амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, бо роҳи гузаронидани назорати нақшавӣ ва ғайринақшавӣ (бе огоҳонидани пешакӣ) мутобиқи сатҳи таваккал ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Назорати давлатии давра ба давра гузарондашавандаи ҳама гуна объекти мушаххас, ки ба он талаботи Қонуни мазкур дахл дорад, инҳоро инъикос менамояд:
- таваккалҳои вобаста ба объект, инчунин технологияи истеҳсол ва (ё) коркард;
- натиҷаҳои назорати давлатии қаблӣ;
- боварибахш будани расмиёти назорат, ки аз тарафи субъекти хоҷагидор барои таъмини риояи  талаботи дахлдори санитарӣ, байторӣ ва регламентҳои техникӣ истифода бурда мешаванд;
- мавҷуд будани эҳтимолияти иҷро нагардидани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи субъекти хоҷагидор.
4. Дар бунгоҳҳои иҷозатдиҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунгоҳҳои барасмиятдарории гумрукӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, назорат ва санҷиши давлатии онҳо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ, назорати фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 24. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ
1. Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, инчунин бо мақсади таҳияи чораҳо оид ба пешгирии ворид шудан ба бозори истеъмоли маҳсулоти хӯроквории хатарнок аз тарафи мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
2. Мониторинги  бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БАРОИ ТАЪМИНИ
БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 25. Талабот барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Маҳсулоти хӯроквории барои фурӯш пешбинишуда бояд талаботи физиологии инсонро ба моддаҳои зарурӣ ва энергия таъмин намояд, ба талаботи оддии маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисмати нишондодҳои органолептикӣ ва физикию кимиёвӣ ҷавобгӯ бошад, ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таркиби кимиёвии иҷозатдодашуда (аз ҷумла радиоактивҳо), моддаҳои биологӣ ва пайвастагиҳои онҳо ва дигар организмҳои биологӣ, ки барои саломатии инсон хатарнок мебошанд, мутобиқат намоянд.
2. Арзишнокии ғизоии маҳсулоти хӯроки кӯдакона бояд ба ҳолати функсионалии организми кӯдак бо назардошти синни ӯ мутобиқ бошад. Маҳсулоти хӯроки кӯдакона бояд барои саломатии кӯдакон бехатар бошанд.
3. Маҳсулоти хӯроки парҳезӣ бояд дорои хусусиятҳое бошад, ки имкон диҳад онҳо ҳамчун хӯроквории табобатӣ ва пешгирӣ аз беморӣ мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва талабот нисбат ба ташкили хӯроквории парҳезӣ истифода бурда шаванд ва ба саломатии инсон бехатар бошанд.
Моддаи 26. Талабот ба истеҳсоли маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ
1. Маҳсулоти хӯрокворие, ки барои истеҳсоли хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ (парҳезӣ) истифода бурда мешаванд, бояд ба меъёрҳои ҳатмии бехатарии барои истеъмолкунандаи дорои талаботи махсуси парҳезӣ мувофиқи меъёрҳои санитарӣ ва регламентҳои техникӣ қабулшуда мутобиқ бошанд.
2. Иловаҳои хӯрокворӣ (парҳезӣ) метавонанд ба маҳсулоти хӯроквории алоҳида бо назардошти сатҳи дохилкунӣ, ки дар меъёрҳои санитарии дахлдор муайян шудаанд, инчунин барои истеъмоли бевосита ба сифати маҳсулоти хӯроквории мустақил истеҳсол мешавад, дохил карда шаванд.
Моддаи 27. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти нави хӯрокворӣ
1. Ҳангоми коркарди маҳсулоти нави хӯрокворӣ, ҷараёни технологии нави истеҳсол, борбандӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, тамғазанӣ ва фурӯш, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд талаботи бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквориро ба асос гиранд, дар бораи бехатарии чунин маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсол ва муомилоти онҳо иттилоот диҳанд, барномаҳои назорати истеҳсолиро барои бехатарии чунин маҳсулоти хӯрокворӣ ва методикаи санҷиши онҳо таҳия кунанд, инчунин мӯҳлати истеъмоли ин навъи маҳсулоти хӯроквориро муқаррар намоянд.
2. Мӯҳлати истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои он маҳсулоти хӯрокворие, муқаррар мешавад, ки бо гузашти мӯҳлати муайян аз лаҳзаи истеҳсол сифати онҳо коҳиш ёфта, хусусиятҳое пайдо мекунанд, ки ба саломатии инсон хатарнок буда, вобаста ба он қобилияти истеъмолии худро барои истифода аз рӯи таъинот гум мекунанд.
3. Нишондодҳои бехатарии маҳсулоти нави хӯрокворӣ, мӯҳлати истеъмоли онҳо, талабот ба борбандӣ ва тамғагузорӣ иттилоот дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ, шартҳои истеҳсол ва муомилоти онҳо, барномаҳои назорати истеҳсолӣ оид ба таъмини бехатарӣ, методикаи санҷишҳо, усулҳои коркарди партовҳо ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок бояд ба ҳуҷҷатҳои техникӣ дохил карда шаванд.
4. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нави хӯрокворӣ вобаста ба намуди истеҳсол бояд аз ташхиси санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ гузарад.
5. Талаботи ҳуҷҷатҳои техникии тасдиқшуда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти намудҳои мушаххаси маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд, ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 28. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсоли онҳо
1. Маҳсулоти хӯроквории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда бояд бехатар, аз ҷиҳати гигиенӣ тоза, қобили истеъмол ва дуруст тамға зада шуда бошанд ва мутобиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ ҳангоми риояи талаботи регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ ва байторӣ истеҳсол шаванд.
2. Барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд ашёи хоми хӯрокворие истифода шаванд, ки сифат ва бехатарии онҳо ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мутобиқ бошанд.
3. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хоми хӯрокворӣ ба истифодаи иловаҳои хӯрокворӣ, нумӯяи (стимулятори) афзоиши ҳайвонот, аз ҷумла дорувориҳои гормоналӣ, воситаҳои доругӣ, пеститсидҳо, агрохимикатҳое, ки аз ташхиси санитарию эпидемиологӣ ва байторию санитарӣ (ё ташхиси озмоишгоҳи агрохимиявӣ) гузаронида шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
4. Ба маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ҳосилшуда барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ тайёршаванда танҳо баъди гузаронидани ташхиси байторию санитарӣ ва аз тарафи истеҳсолкунанда гирифтани хулосаи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ҳосилшавандаро ба талаботи меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, иҷозат дода мешавад.
5. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин истеъмол дар хӯрок, метавонанд иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ истифода карда шаванд. Иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, бояд ба саломатии инсон зарар нарасонанд.
6. Мавод ва маснуоти дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифодашуда бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарии чунин маводу маснуот мутобиқ бошанд.
7. Истеҳсолкунанда бояд истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории хатарнокро дар мӯҳлати зарурӣ барои бартараф кардани сабабҳое, ки истеҳсоли чунин маҳсулоти хӯроквориро ба миён овардаанд, ҳатман боздорад. Дар ҳолате, ки агар бартараф намудани чунин сабабҳо имконнопазир бошад, ӯ ӯҳдадор аст истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории хатарнокро қатъ кунад, муомилотро боздорад, аз харидорон ва истеъмолкунандагон баргардондани чунин маҳсулоти хӯроквориро таъмин намояд, тибқи тартиби муқарраршуда ташхис, коркарди истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳоро ташкил намояд.
8. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ӯҳдадоранд меъёрҳо ва муқарраротро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки парҳезӣ ва кӯдакона, иловаҳои хӯрокворӣ ва фаъоли биологӣ барои таъмини мутобиқати онҳо бо меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар давоми на камтар аз 5 сол ё ҳангоми пайдо шудани маълумоти нави илмӣ аз нав баррасӣ намоянд.
Моддаи 29. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми коғазпечкунӣ, борбандӣ ва тамғазании онҳо
1. Маҳсулоти хӯрокворӣ бояд дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза коркард шаванд, дар таркиби худ моддаҳои зараровар надошта бошанд (ё дар меъёри барои организми инсон безарар дошта бошанд), бояд тарзе коғазпеч ва борбандӣ шуда бошанд, ки бехатарии онро ҳангоми нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯш таъмин карда шаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки коғазпечкунӣ ва борбандии маҳсулоти хӯроквориро амалӣ мегардонанд, ӯҳдадоранд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро барои коғазпечкунӣ ва борбандии маҳсулоти хӯрокворӣ, тамғазании онҳо, инчунин маводи истифодабариро барои борбандӣ ва тамғазании маҳсулоти хӯрокворӣ риоя намоянд.
3. Дар тамғакоғазу тамғаи бор ё тавсиякоғазҳои маҳсулоти хӯроквории борпечшуда ғайр аз маълумоте, ки номгӯи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян мекунад, бо назардошти намуди маҳсулоти хӯрокворӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шуда бошад:
- номи маҳсулоти хӯрокворӣ;
-  ном, суроғаи пурра ва рақами телефони истеҳсолкунанда, барои маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бошад, суроғаи пурра ва рақами телефони воридкунанда;
- шумораи вазни холиси маҳсулоти хӯрокворӣ дар ченакҳои ягонаи муқарраршуда (вазн, ҳаҷм ё адад);
- таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ бо тартиби афзалиятноки таркибёфтаи онҳо, аз ҷумла иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳое, ки дар истеҳсоли онҳо истифода шудаанд;
- арзишҳои калория ва ғизонокӣ бо нишон додани шумораи сафедаҳо, карбогидрадҳо ва равғанҳо дар ченакҳои ягонаи муқарраршуда барои 100 грамми маҳсулоти хӯрокворӣ;
- мӯҳлат ва санае, ки то он маҳсулоти мазкурро истеъмол кардан мумкин аст ё санаи истеҳсол ва мӯҳлати қобили истеъмол будани он;
- шароити нигоҳдорӣ ва истифода, агар маҳсулоти хӯрокворӣ барои таъмини бехатарии он шароити муайяни нигоҳдорӣ ва истифодабариро талаб намояд;
- эҳтиёткорӣ ҳангоми истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ (кӯдакон, занҳои ҳомиладор, пиронсолон, варзишгарон ва одамоне, ки ба аллергия моиланд), агар чунин маҳсулот ҳангоми истеъмол ба саломатии онҳо зарар расонида тавонад.
4. Барои баъзе намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба регламентҳои техникии дахлдор  мутобиқ мебошанд, мумкин аст ғайр аз муқаррароти дар моддаи мазкур пешбинишуда талаботи ҳатмии махсус барои тамғакоғазкунӣ муқаррар карда шавад.
5. Матни тамғакоғазкунии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ба таври ҳатмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад. Тартиби тасдиқи матни тамғакоғазкунии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои фаъоли биологиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар мекунад.
6. Тамғакоғазҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои онҳо рамзҳо истифода мешаванд, бояд рамзҳоеро дошта бошанд, ки онҳоро ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои стандартизатсия ва бамеъёрдарории техникӣ тасдиқ кардаанд.
7. Навиштаҷот дар тамғакоғази маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои истеъмолкунандагон манфиатдор буда, қаллобиро пешгирӣ мекунад ё як маҳсулоти хӯроквориро аз дигар, ба монанди "пурра табиӣ", "органикӣ" "аслӣ", "бе организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшуда" ва ғайра фарқ мекунонад ва маълумоти дигари иловагии дар моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки барои иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур нашр шудаанд, санҷида мешаванд.
Моддаи 30. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳо
1. Нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд дар шароите анҷом дода шавад, ки нигоҳдошти бехатарии онҳоро таъмин намояд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯроквориро анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро нисбат ба шароити нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ риоя кунанд ва риояи чунин талаботро дар борхати маҳсулот бо навиштаҷоти махсус тасдиқ намоянд.
3. Нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ танҳо дар биноҳо ва иншооти махсус ҷиҳозонидашуда, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, санитарӣ ва байторӣ мутобиқ мебошанд, иҷозат дода мешавад.
4. Барои ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд воситаҳои нақлиёте истифода шаванд, ки барои ин мақсадҳо махсус ҷиҳозонида шуда, шиносномаи санитарӣ доранд, ки дар асоси ташхиси гигиенӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дода мешавад.
5. Агар ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ ба вайронкорӣ роҳ дода шавад, ки боиси пайдо намудани хусусиятҳои хатарнок гарданд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯроквориро амалӣ мекунанд, ӯҳдадоранд дар ин бора соҳибон ва қабулкунандагони маҳсулоти хӯроквориро хабардор намоянд.
6. Чунин маҳсулоти хӯрокворӣ  фурӯхта намешаванд ва намунаҳои ин маҳсулот барои гузаронидани ташхиси дахлдор ва қабули қарор оид ба истифодаи чунин партовҳо ё нобуд кардани онҳо ба мақоми дахлдори давлатӣ фиристода мешавад.
Моддаи 31. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми фурӯхтани онҳо
1. Дар савдои чакана фурӯхтани маҳсулоти хӯроквории коғазпеч ва борбандинашуда иҷозат дода намешавад, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории намудҳои муайян, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор оид ба назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ муқаррар менамояд.
2. Назорати давлатии фурӯши маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди гузаронидани ташхиси санитарию байторӣ дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи байторӣ ва аз тарафи фурӯшанда гирифта шудани хулосаи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорати байторӣ, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хӯроквориро бо талаботи меъёру қоидаҳои байторию санитарӣ тасдиқ мекунанд, иҷозат дода мешавад.
3. Дар ҳолате ки, агар ҳангоми фурӯхтани маҳсулоти хӯрокворӣ ба вайронкорӣ роҳ дода шавад, ки сабабгори пайдоиши хусусиятҳои хатарноки  маҳсулоти хӯрокворӣ шудааст, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маҳсулоти хӯроквориро мефурӯшанд, ӯҳдадоранд чунин маҳсулоти хӯроквориро аз фурӯш бароварда, аз истеъмолкунандагон баргашта гирифтанро таъмин намоянд, маҳсулоти хӯроквории хатарнокро барои ташхис фиристонанд ва коркарди партовҳо ё нобуд кардани онҳоро бо тартиби муқарраршуда ташкил намоянд.
Моддаи 32. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории воридотӣ
1. Маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ  мутобиқ бошанд.
2. Воридоти маҳсулоти хӯрокворие, ки хатарнок, қобили истеъмол набошанд, нодуруст тамғазанӣ шуда бошанд, ба талаботи регламентҳои техникӣ, санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ ва фитосанитарӣ мутобиқ набошанд, манъ карда мешавад.
3. Ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
4. Шахсоне, ки ба қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд ба нозири дахлдори сарҳадӣ намудҳо ва ҳаҷми тамоми маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшударо, ки барои истеъмоли шахсӣ ворид мекунанд, эъломия намоянд. Ворид кардани чунин маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо барои саломатии инсон хатари зиёди дошта бошанд, таҳдиди хатари зиёди сирояти бемории ҳайвонот ё хатари зиёди ворид шудани организмҳои зараровар ҷой дошта бошанд, манъ мебошад.
5. Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти хӯрокворӣ бе ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквориро тасдиқ мекунанд, манъ аст.
6. Дар бунгоҳҳои гузариши Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
7. Дар ҳолате ки, агар шахсони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии байторӣ ва назорати давлатии фитосанитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бехатарии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда ба таври асоснок шубҳа намоянд, шахсони зикршуда оид ба муваққатан боздоштани барасмиятдарории воридшавии чунин маҳсулоти хӯроквориро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд.
8. Агар маҳсулоти хӯроквории воридшаванда хатарнок ҳисобида шаванд, шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии байторӣ ва назорати давлатии фитосанитариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, дар доираи ваколатҳои худ ба қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани чунин маҳсулоти хӯроквориро манъ мекунанд ва дар борхати маҳсулот қайд мекунанд, ки ин маҳсулоти хӯрокворӣ барои саломатии инсон хатарнок буда, бояд фурӯхта нашаванд.
9. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок ӯҳдадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи корӣ онҳоро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Дар ҳолати ошкор намудани организмҳои карантинии зараровар дар маҳсулоти хӯрокворӣ, соҳиби чунин маҳсулот ӯҳдадор аст онҳоро таъҷилан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Агар маҳсулоти хӯроквории хатарнок дар мӯҳлати муқарраршуда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов коркард ё нобуд карда мешаванд.
Моддаи 33. Талабот нисбат ба ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсолӣ барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд ташкил ва гузаронидани санҷиши бехатарии истеҳсоли онҳо, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникиро нисбат ба шартҳои истеҳсол ва муомилоти  маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ намоянд.
2. Назорати истеҳсолии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи барномаи назорати истеҳсолот амалӣ карда мешавад, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ  дар асоси регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ таҳия мегарданд. Бо барномаи зикршуда тартиби назорати истеҳсолӣ барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, методикаи чунин назорат ва методикаи санҷиши шароити истеҳсол ва муомилоти онҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 34. Талабот нисбат ба кормандоне, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ анҷом медиҳанд
1. Кормандоне, ки бо кори ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ  дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти хӯроки умумӣ вобаста мебошанд, ҳангоми иҷрои корҳое, ки алоқаи бевоситаи корманд бо маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот пайдо мешавад, ҳангоми ба кор даромадан муоинаи ҳатмии қаблӣ ва даврагии тиббӣ, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз курсҳои омӯзиши гигиенӣ мегузаранд.
2. Бемороне, ки гирифтори бемориҳои гузаранда мебошанд, шахсоне, ки эҳтимолияти ба чунин бемориҳо гирифтор буданашон ҷой дорад, шахсоне, ки ба гирифторони бемориҳои гузаранда алоқа доранд, шахсоне, ки паҳнкунандаи бемориҳои гузаранда буда, вобаста ба хусусиятҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот метавонанд барои паҳншавии чунин бемориҳо хатарнок бошанд, инчунин кормандоне, ки аз муоинаи қаблӣ ва даврагии тиббӣ ва курси омӯзиши гигиенӣ нагузаштаанд, ба корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо алоқаи бевоситаи корманд бо маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ мегардад, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 35. Аз муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок
1. Истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ӯҳдадор аст, маҳсулоти хӯроквории хатарнокро мустақилона ё дар асоси қарордоди мақомоти давлатии назорат ва санҷиш аз муомилот барорад.
2. Агар истеҳсолкунанда ё таҳвилкунанда шубҳа кунад ва ё муқаррар намояд, ки талабот оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳама гуна марҳилаҳои истеҳсолот, коркард ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ вайрон карда шуда, дигар таҳти назорати бевоситаи ӯ қарор намегиранд, ӯ бояд дар ин бора мақомоти дахлдори ваколатдори давлатиро огоҳ намояд ва барои аз муомилот баровардани чунин маҳсулот ташаббускор бошад. Агар маҳсулот ба истеъмолкунанда дастрас шуда бошанд, истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ӯҳдадор аст бо усулҳои самаранок ва возеҳу равшан сабабҳои баровардани маҳсулот аз муомилот ва ҳангоми зарурат, агар таъмини сатҳи баланди ҳифзи саломатӣ бо дигар чораҳо имконнопазир бошад, талаб намояд, ки маҳсулотро баргардонанд.
3. Дар ҳолате ки, агар истеҳсолкунанда ё таҳвилгари маҳсулоти хӯроквории хатарнок оид ба аз муомилот баровардани онҳо чора наандешад, чунин маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ аз муомилот бароварда мешаванд ва бо тартиби муқарраргардида барои коркард ҳамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.
Моддаи 36. Ташхис, коркарди партовҳо, нобуд кардани маҳсулоти хатарнок
1. Барои маҳсулоти хӯроквории хатарнок, ки аз муомилот бароварда шудаанд, ташхиси дахлдори (санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, молшиносӣ ва ғ.) аз ҷониби мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ бо мақсади муайян кардани имконияти истифодаи партовҳои онҳо ё нобуд кардан анҷом дода мешавад.
2. Маҳсулоти хӯрокворие, ки соҳиби онҳо баромади онҳоро тасдиқ карда наметавонад ва онҳо нишонаҳои вайроншавӣ дошта, аз ҳамин сабаб ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдиди бевосита доранд, бе гузаронидани ташхис барои коркард ҳамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.
3. То фиристодан барои коркард ҳамчун партов ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок соҳиби онҳо ӯҳдадор аст, дар ҳузури намояндаи мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ хусусиятҳои чунин маҳсулоти хӯроквориро бо ҳама гуна усулҳои дастрас ва боварибахш, ки имконияти минбаъд истифодабарии онҳоро аз рӯи таъинот истисно менамояд, тағйир диҳад.
4. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок ба нигоҳдории муваққатӣ фиристода мешаванд, ки шароити он имконияти дастрасиро ба ин маҳсулоти хӯрокворӣ дар мӯҳлате, ки барои гузаронидани ташхис, коркарди партов ва нобуд кардан зарур аст, истисно менамояд.
5. Маҳсулоти хӯроквории дар нигоҳдории муваққатӣ ҷойгирбуда ба таври ҷиддӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Барои нигоҳдории чунин маҳсулоти хӯрокворӣ соҳиби онҳо масъул мебошад.
6. Дар асоси натиҷаи ташхиси маҳсулоти хӯроквории хатарнок мақомоти дахлдори назорат ва санҷиши давлатӣ оид ба истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳо қарор қабул мекунад.
7. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок интихоби усулҳо ва шароити коркарди партовҳо ё нобуд кардани онҳоро мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ё техникӣ бо мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ оид ба истифодаи партов ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯрокворӣ усулҳо ва шароити коркарди партов ё нобуд кардани он қарор қабул намудааст, мувофиқа мекунад.
8. Имконияти истифодаи маҳсулоти хӯроквории хатарнок ба сифати хӯроки ҳайвонот бо хадамоти давлатии байторӣ мувофиқа карда мешавад.
9. Хароҷоти ташхис, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, коркарди партовҳо ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнокро соҳиби онҳо пардохт мекунад.
10. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок ӯҳдадор аст ба мақоми назорат ва санҷиши давлатӣ, ки дар бораи коркарди партов ё нобуд кардани онҳо қарор қабул кардааст, ҳуҷҷат ё тибқи тартиби муқарраршуда нусхаи имзошудаи онро, ки воқеияти истифодаи партовҳо ё нобуд карда шудани чунин маҳсулоти хӯроквориро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.
11. Мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ, ки оид ба коркарди партов ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок қарор қабул намудаанд, ӯҳдадоранд назорати истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳоро бо мақсади пешгирии эҳтимолияти заҳролудшавии одамон ва ҳайвонот, паҳншавии бемориҳо, инчунин ифлосшавии муҳити зист анҷом диҳанд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 37. Арзиши хизматрасонӣ
Тамоми пардохтҳо вобаста ба ҳама гуна амалҳои маъмурӣ, таҳқиқоти озмоишӣ, ташхисҳо, назорат ва дигар амалиёти вобаста ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бояд аз арзиши аслии онҳо зиёд набошанд.
Моддаи 38. Маблағгузории назорати давлатӣ
Назорати давлатии объектҳое, ки бояд таҳти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ қарор гиранд, аз ҳисоби маблағи буҷетӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 40. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002,  №4, қ. 2, мод. 317; с. 2006, №3, мод. 166; с. 2007, №7, мод. 667; с. 2011, №3, мод. 170) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 41.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
         
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 августи соли 2012, № 890


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ва мавриди амал қарор додани он аз 31 октябри соли 2001, № 426 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 2, мод. 319; с. 2006,  № 2,  мод.  64; с. 2007, № 6, мод. 481; с. 2011, № 1, мод. 4) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 июни соли 2012, № 894


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 389


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.08.12    №: 103-104    Мутолиа карданд: 788

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед