logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРӢ, НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо муқаррар намуда, муносибатҳоро вобаста ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии оқилонаи онҳо бо мақсадҳои пешбурди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, экологӣ ва биологӣ, амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ, инчунин таъмини нигоҳдории мероси иҷтимоию фарҳангӣ ва таърихӣ барои манфиатҳои наслҳои имрӯзу оянда танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- захираҳои генетикии набототи корам - ҳар маводи генетикии аз наботот пайдоишдошта, ки барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ арзиши воқеӣ ё имконпазир дорад;
- генофонди набототи корам - гуногунии генетикии наботот ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ истифода бурда мешаванд ва ё дар оянда метавонанд истифода бурда шаванд;
- ҳамавлодони худрӯйи набототи корам - намудҳои набототи табиии аз ҷиҳати таҳаввулот ва генетикӣ ба набототи корам наздик, ки аз авлоди набототи корам мебошанд ва ё дар пайдоиш ё таҳаввулоти намудҳои корами дигар комплексҳои авлодӣ иштирок менамоянд;
- маводи набототӣ - объектҳои олами наботот, ки дорои арзишҳои воқеӣ ё имконпазир буда, дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, иқтисодӣ ва дигар фаъолият истифода мешаванд;
- намунаи коллексия - набототи зинда, қисми наботот (тухм, бех, қаламча, пиёзак, реша ва ғ.), бофтаҳои он, ҳуҷайраҳое, ки аз онҳо организми комил ё организме, ки ба як намуди ботаникӣ мансуб мебошад, ҳосил кардан мумкин аст. Намунаи коллексия метавонад дар шакли худрӯй, навъи маҳаллӣ ё селексионии аз истеъмол баромада ё киштшаванда, авлоди генетикӣ ё маводи дигари растанӣ ифода карда шавад;
- навъҳои қадимаи маҳаллӣ - навъҳои селексияи маҳаллӣ, ки аз истеҳсолоти кишоварзӣ баромадаанд, арзиши муайяни илмӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию таърихӣ ва дигар арзишро доранд ва хусусияти ба омилҳои абиотикии муҳит мутобиқшавиро соҳиб мебошанд;
- гуногунии биологӣ - гуногунии организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминию обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо мебошанд. Мафҳуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо дар бар мегирад;
- гуногунии агробиологӣ - ҷузъҳои гуногунии биологӣ, ки барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ истифода бурда мешаванд;
- системаи агроэкологӣ - системаи экологии аз тарафи инсон ба таври сунъӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ офаридашуда (киштзор, чарогоҳ, боғ, ҷангалҳои муҳофизатӣ ва ғ.);
- эрозияи генетикӣ - талафи гуногунии генетикӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти антропогенӣ, аз ҷумла истифодабарии исрофкорона ва риоя накардани чораҳои нигоҳдории захираҳои генетикӣ ба вуҷуд омадааст;
- коллексияи захираҳои генетикии наботот - ҷузъҳои гуногунии биологӣ, ки дар шароити назоратшаванда берун аз маҳалли табиии сабзиши онҳо нигоҳдорӣ карда мешаванд;
- коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам - ҷузъҳои бо тартиби муайян ҷамъоваришуда, ба система даровардашуда ва ҳуҷҷатгузоришудаи гуногунии биологӣ, ки барои наслҳои имрӯза ва оянда аҳамияти воқеӣ ва имконпазир дошта, дар ихтиёри давлат мебошанд;
- коллексияҳои миллии базавӣ - дороии миллии иборат аз намунаҳои арзишнок ва нодири захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки дар Феҳристи миллии захираҳои генетикӣ сабт шудаанд ва дар бонки генетикии махсус таҷҳизонидашуда дар маҳфузияти дарозмуддат қарор доранд, ҳамчунин намунаҳои растаниҳои бисёрсола, ки дар бонки генетикии махсуси саҳроӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- коллексияҳои фаъоли корӣ - намунаҳои захираҳои генетикӣ, ки дар шароити нигоҳдории миёнамӯҳлат маҳфуз буда, барои мубодила ва қонеъгардонии талаботи истифодабарандагони гуногун ба тухмӣ ва маводи дигари генетикии наботот бо мақсадҳои таҳқиқ ва истифодабарӣ дар барномаҳои илмӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ ва дигар мақсадҳо пешбинӣ гардидаанд;
- коллексияҳои нусхавӣ - намунаҳои нусхавии захираҳои генетикии коллексияҳое, ки ба истифодабарандагони ташкилотҳои гуногун (аз ҷумла бонкҳои генетикии хориҷӣ ва байналмилалӣ) бо мақсади омӯзиш ва истифодабарӣ дар барномаҳои гуногун вогузор шудаанд, инчунин намунаҳое, ки ба дигар бонкҳои генетикӣ аз рӯи принсипи "қуттии сиёҳ" бо мақсади нигоҳдории бехатари нусхавӣ зимни ҳолатҳои ғаричашмдошт ва тағйироти харобиовари табиӣ дода шудаанд;
- коллексияҳои генетикӣ - маҷмӯи намунаҳои захираҳои генетикии шаклҳои дохилинамудӣ, ки бо роҳи интихоб ё усулҳои таҷрибавӣ офарида шуда, тафовутҳои ирсиро аз рӯи як ё якчанд аломат ошкор менамоянд;
- коллексияҳои меҳварӣ - намунаҳои захираҳои генетикӣ, ки дар теъдоди камтарини онҳо гуногунии аслии генетикии намуд вуҷуд дорад;
- коллексияҳои гербариявӣ - намунаҳои гербариявии набототи худрӯй ва корам, ки воситаи муҳимтарини таҳқиқи гуногунии биологии олами наботот мебошанд;
- коллексияҳои кислотаҳои дезоксинуклеинӣ (КДН) ва кислотаҳои рибонуклеинӣ (КРН) - намунаҳои кислотаҳои нуклеинии захираҳои генетикии аз наботот пайдоишдошта, ки дар шакли олии молекулавии геномӣ (маҷмӯи генҳои намуд) ё клонӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- феҳристи миллии захираҳои генетикии набототи корам - махзани якшаклаи маълумот оид ба намунаҳои нигоҳдоштавандаи коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо;
- молики намунаи захираҳои генетикӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба коллексияи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо ҳуқуқи моликият дорад;
- дорандаи захираҳои генетикӣ - ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки коллексияи намунаҳои захираҳои генетикиро дар ихтиёр дорад;
- донори захираҳои генетикӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки захираҳои генетикиро пешниҳод намудааст;
- бонки генетикӣ - иншоот ё бинои махсус муҷаҳҳазгардонидашуда, ки барои дар ҳарорати мӯътадили нигоҳдорӣ тибқи стандартҳои тасдиқгардида маҳфуз доштани намунаҳои генетикии набототи корам пешбинӣ шудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Объектҳои захираҳои генетикии набототи корам
Ба объектҳои захираҳои генетикии набототи корам инҳо мансубанд:
- намудҳои худрӯй ва бегона - ҳамавлодони набототи корам;
- навъҳои қадимаи маҳаллӣ, ки дар системаҳои агроэкологии анъанавӣ истифода бурда мешаванд;
- навъҳои селексионӣ (навъҳои корам, аз истифода баромада ва ё навъҳое, ки ба феҳристҳои миллии навъҳои тавсияшуда ворид шудаанд);
- хатҳои селексионӣ, манбаъ ва донорҳои нишонаҳои аз ҷиҳати хоҷагидорӣ арзишнок;
- маводи махсуси генетикӣ (мутантҳо, дурагаҳо, хатҳои бисёркарата нишонагузоришуда, шаклҳои наботот, ки бо усулҳои биотехнологӣ офарида шудаанд);
- кислотаҳои нуклеинӣ (кислотаҳои дезоксинуклеинӣ (КДН) ва кислотаҳои рибонуклеинӣ (КРН)) - ҳомилони асосии ахбори генетикӣ.   
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам дар самтҳои зерин татбиқ карда мешавад:
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
- таъмини нигоҳдории кафолатноки генофонди миллии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо дар коллексияҳо, инчунин таҳқиқи ҳамаҷониба ва истифодабарии оқилонаи ин захираҳо;
- ҳавасмандкунии фаъолияте, ки ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам дар маҳалҳои сабзиши табиии онҳо, заминҳои субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) нигаронида шудааст;
- назорати риояи талабот оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии бехавфи захираҳои генетикии набототи корам;
- риояи ягонагии манфиатҳо ва ҳамоҳангии амалҳои мақомоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам;
- ҷалби шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба иҷрои вазифаҳои нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи ҷузъҳои гуногунии агробиологӣ;
- дастгирии давлатии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо.
Моддаи 5. Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ татбиқ шуда, иҷрои тадбирҳои зеринро дар бар мегирад:
- муайян кардани самтҳои стратегияи миллӣ ва афзалиятҳои давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи ҷузъиёти гуногунии агробиологӣ, аз ҷумла оид ба танзими тартиб ва шартҳои дастрасӣ ба намунаҳои генофонди миллии набототи корам ва тақсими баробари фоида аз истифодабарии онҳо;
- бастани шартномаҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои захираҳои генетикии набототи корам;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, таъмини назорати иҷрои ин барномаҳо;
- ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва маблағгузории мақсадноки онҳо оид ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо;
- таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба масъалаҳои нигоҳдории дарозмуддат ва бехавфи генофонди миллии набототи корам;
- дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки навъҳои қадимаи маҳаллӣ ва дигар намудҳои маҳаллии захираҳои генетикии набототро нигоҳдорӣ менамоянд;
- таҳия ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи миллии маълумот оид ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо.
Моддаи 6. Принсипҳои асосии муҳайё кардани шароит барои рушди фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
Муҳайё кардани шароит барои рушди фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ба принсипҳои асосии зерин асос меёбад:
- тавъамсозии илман асосноки манфиатҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо мақсади таъмини нигоҳдории устувор ва истифодабарии оқилонаи захираҳои наботот;
- баҳисобгирии хусусиятҳои табиӣ ва иҷтимоию иқтисодии системаҳои агроэкологӣ зимни банақшагирии чорабиниҳои марбут ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо;
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қоидаву талаботи марбут ба фаъолият дар соҳаи захираҳои набототро барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ муайян менамояд;
- пешгирии олудашавии антропогенӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият дар маҳалҳои сабзиши табиии гуногунии наботот рух медиҳад;
- пешгирии таъсири манфии зироатҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва дигар маҳсулоти бо роҳи генноинженерӣ ва истифодаи технологияҳои нав бадастомада ба системаҳои агроэкологӣ;
- маблағгузории давлатии фаъолият оид ба таъсиси коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам, инчунин ҷудо кардани маблағҳои махсуси буҷетӣ барои нигоҳдории бехатар ва идоракунии сифатноки онҳо;
- ҳамкории баробарҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам;
- арзёбии мунтазами ҳолати коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, мониторинги гуногунии наботот дар маҳалҳои сабзиши табиии онҳо;
- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва корҳои ҷустуҷӯи биологӣ барои муайян ва муқаррар кардани афзалиятҳои муҳими фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи гуногунии генетикии наботот бо мақсади қабули қарор ва амалҳои мақсадноки дахлдор.
 
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ
ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- самтҳои асосии стратегия ва сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам муайян менамояд;
- мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) ва ваколатҳои онҳоро муайян менамояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корамро  қабул ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- барномаҳои давлатиро дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам қабул ва иҷрои онҳоро таъмин менамояд;
- муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии захираҳои генетикии набототи корамро таъсис медиҳад ва муассисаи ҳамоҳангсози фаъолият дар ин соҳаро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муайян менамояд;
- ҳуқуқи дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корамро муайян ва механизми тақсими фоида аз истифодабарии онҳоро тасдиқ менамояд;
- иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам таъмин менамояд;
- дигар салоҳиятро доир ба муносибатҳои марбут ба захираҳои генетикии набототи корам тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо иборатанд аз:
- иштирок дар пешбурди назорати давлатии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи ҷузъҳои гуногунии агробиологӣ;
- пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи зарурати ташкили системаҳои агроэкологии махсус ҳифзшаванда, ки дар онҳо намудҳои нодир ва нобудшавандаи набототи худрӯй, инчунин навъҳои қадимаи маҳаллии анъанавии селексияи мардумӣ ва ҳамавлодони худрӯйи набототи корам, ки аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ дар кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ истифода бурда мешаванд;
- ташкил ва таъмини амали механизми дастрасӣ ба захираҳои маҳаллии генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо ва гирифтани фоидаи баробар аз истифодабарии онҳо;
- мусоидат ба мониторинги давлатии ҳолати гуногунии агробиологӣ ва баҳисобгирии дараҷаи эрозияи генетикӣ ва иштироки бевосита дар онҳо;
- ширкат дар таҳияи меъёру қоидаҳои танзимкунандаи фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, инчунин дар таҳияи Феҳристи миллии захираҳои генетикии набототи корам ва иттилоот дар бораи онҳо;
- дар доираи ваколатҳои худ татбиқ намудани чораҳо оид ба пешгирии дастрасии беиҷозат ба ҷузъҳои гуногунии агробиологӣ ва фаъолияти ҷустуҷӯи биологӣ;
- намояндагӣ дар мақомоти гуногуни давлатие, ки дар бораи дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ҳамчунин тақсими фоида аз истифодабарии онҳо қарор қабул мекунанд;
- ҳавасмандгардонӣ ва ёрии ҳамаҷониба ба аҳолӣ ва дастгирии он дар амалисозии чорабиниҳо оид ба ҳифзи гуногунии набототи маҳаллӣ ва истифодабарии устувори он дар фаъолияти кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ.
Моддаи 9. Иштироки шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
1. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо дар маҳалҳои сабзиши табиии онҳо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
2. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:
- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҳолати системаҳои агроэкологӣ ва сатҳи эрозияи генетикии онҳо иттилооти дахлдор гиранд;
- фаъолиятро дар соҳаи ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҷузъҳои гуногунии агробиологии маҳаллӣ таҳти назорати ҷамъиятӣ қарор диҳанд;
- дар мақомоти гуногуни давлатӣ ва маҳаллие, ки дар бораи дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо ва тақсими фоида аз истифодабарии онҳо қарор қабул мекунанд, намоянда дошта бошанд;
- дар таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ ва илмӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, таҳқиқ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои маҳаллии генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо мусоидат ва бевосита иштирок намоянд;
- ба намунаҳои ҷудогонаи захираҳои генетикии набототи корам ва коллексияи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба моликият дошта бошанд;
- оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, такрористеҳсолкунӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам барои пешбурди кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ дар маҳалли сабзиши табиии онҳо тадбирҳо андешанд.
Моддаи 10. Низоми давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам
1. Низоми давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо аз низоми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳое, ки коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корамро дар ихтиёр доранд ва (ё) ба сохтори барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ҷалб карда шудаанд, иборат мебошад.
2. Ҳадафи асосии ташкили низоми давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо таъмини нигоҳдории боэътимоди генофонди миллии набототи корам, барӯйхатгирии умумимилии коллексия ва намунаҳои захираҳои генетикии набототи корам, баҳисобгирии мунтазами онҳо, ташкили махзани шакли ягонаи маълумот оид ба маводи генетикии набототи ҳифзшаванда, истифодабарии босубот ва оқилонаи он дар асоси барномаҳои илмӣ, селексионӣ ва дигар барномаҳо, пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба генофонди миллии набототи корам, инчунин ҳамоҳанг сохтани фаъолият дар соҳа мебошад.
Моддаи 11. Коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам
Коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам аз коллексияҳои миллии базавӣ, фаъоли корӣ, нусхавӣ, генетикӣ, меҳварӣ, гербариявӣ, ҳамчунин аз коллексияҳои кислотаҳои дезоксинуклеинӣ (КДН) ва кислотаҳои рибонуклеинӣ (КРН) иборат мебошанд.
Моддаи 12. Таъмини илмии низоми давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
Таъмини илмии низоми давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ гашта, аз вазифаҳои асосии зерин иборат мебошад:
- иштирок дар таҳияи стратегия ва татбиқи сиёсати илмию техникӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии  набототи  корам;
- барӯйхатгирии фонди генетикии дар коллексияҳои миллии нигоҳдошташаванда ва ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти илмӣ;
- таъмини иҷро ва дастгирии молиявии барномаҳои давлатии таҳқиқоти бунёдӣ ва барномаҳои давлатии илмию техникӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо;
- ташкил ва таъмини илмию техникии пешбурди Феҳристи миллии захираҳои генетикии набототи корам ва фаъолияти ҷустуҷӯи биологӣ дар ин соҳа;
- таҳияи асосномаи илмӣ ва дигар мавод, ки барои таҳияи нақшаҳо ва самтҳои афзалиятноки амал зарур мебошанд;
- таъмини ташкил, мукаммал гардонидан, нигоҳдорӣ, бехатар маҳфуз доштан ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи намунаҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо дар коллексияҳои ташкилоту муассисаҳое, ки ба сохтори низоми давлатӣ дохиланд;
- таҳия ва тасдиқи низомнома ва ҳуҷҷатҳои дастурӣ оид ба кор бо генофонди набототи  корам;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани пешниҳодҳо оид ба маблағгузории фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам; 
- ҳамкории байналмилалии илмӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 13. Ҳавасмандии иқтисодӣ ва воқифгардонии ҳамаҷонибаи ҷомеа
1. Давлат бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушди самтҳои фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- барномаҳои давлатиро оид ба нигоҳдории устувори захираҳои генетикии набототи корам, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа ва воқифгардонии он тавассути тарғиби моҳият ва нақши гуногунии наботот дар таъмини зисти аҳолӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии он дастгирӣ ва иҷро менамояд;
- шароити зарурии иқтисодӣ ва иҷтимоиро барои иштироки ҳамаҷонибаи бахши давлатӣ ва хусусии иқтисодиёт, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин доираҳои васеи ҷомеа дар ҳалли мушкилоти нигоҳдорӣ ва истифодабарии гуногунии наботот бо мақсади ташкил ва рушди низоми давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам таъмин менамояд;
- чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, такрористеҳсолкунӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам бо мақсади бештар ҳавасманд кардан ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони замин, ки дар онҳо захираҳои генетикии мазкур мерӯянд, амалӣ менамояд.
2. Ҳавасмандии иқтисодӣ, аз ҷумла ҳавасмандии моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам фаъолона иштирок менамоянд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои махсус, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби дигар маблағҳои ба таври қонунӣ ба дастомада амалӣ карда мешавад.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ
ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ  КОРАМ
Моддаи 14. Назорати фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
1. Назорати фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам аз таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қатъи назар аз шакли моликият ва тобеият, иборат мебошад.
2. Назорати давлатиро мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 15. Баҳисобгирӣ ва қайди давлатии коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам
1. Баҳисобгирӣ ва қайди давлатии коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади ошкор намудани чунин коллексияҳо, муайян кардани мақом, инчунин аҳамияти илмӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, таълимию фарҳангӣ ва таърихии онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Дар асоси баҳисобгирии давлатӣ коллексияҳое, ки дар таркиби онҳо намунаҳои пурарзиш ва нодири захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо мебошанд, ба қайд гирифта, ба барномаҳои давлатии соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам ворид карда мешаванд.
3. Дорандагони чунин коллексияҳо фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 16. Тартиби дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корам
1. Ҳуқуқи дастрасӣ ба захираҳои генетикии набототи корам бо мақсади пешбурди корҳои ҷустуҷӯи биологӣ, ҷамъоварӣ, мубодила, омӯзиш ва истифодабарии онҳо дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ ва дигар фаъолият ба истифодабарандагони ин захираҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои дуҷониба ва ё бисёрҷониба дар бораи вогузор кардани ин мавод дода мешавад.
2. Дар шартнома дар бораи вогузор кардани мавод ҳуқуқу ӯҳдадориҳои донори (молики) захираи генетикии набототи корам ва қабулкунандаи (харидори) он, мӯҳлати амали шартнома, миқдор ва сифати мавод, соҳаи истифодабарии эҳтимолии он ва фоидаи баробар дидан аз тиҷорати минбаъдаи он қайд карда мешаванд.
Моддаи 17. Маҳдуд кардани фаъолият дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии захираҳои генетикии набототи корам
1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйро, ки дар шароити табиӣ сабзиш доранд, маҳдуд намоянд, агар чунин фаъолият ба муҳити зист зарар расонад, ба системаи агроэкологӣ таъсири номатлуб дошта бошад ва боиси кам ё пурра нобуд шудани ҷузъҳои гуногунии агробиологӣ гардад.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд, ба амалҳо нисбати захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки дар моликияти шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ қарор доранд, дар мавридҳои зарурӣ барои таъмини амнияти давлат, ҳифзи муҳити зист, арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар намоянд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки имкониятҳои дастрасиро ба намунаҳои коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам, ки арзиши хоса ё барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ё таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти калон доранд, маҳдуд намоянд.
Моддаи 18. Нигоҳдории захираҳои генетикии намудҳои нодир ва нобудшавандаи набототи корам
Давлат барои нигоҳдории захираҳои генетикии намудҳои нодир ва нобудшавандаи набототи корам, ки барои системаҳои агроэкологӣ аҳамияти имконпазир доранд, чораҳои махсус меандешад. Генофонди чунин наботот бояд дар шароити табиии сабзиш, дар заминҳои субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дар коллексияҳо ва бонкҳои генетикии давлатӣ дар намуди маводи нусхавӣ нигоҳдорӣ карда шавад.
Моддаи 19. Муомилот бо набототи корами аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Ҳама гуна муомилот бо набототи корами аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, инчунин навъҳои кишоварзие, ки бо усулҳои нави биотехнологӣ ва генноинженерӣ офарида шудаанд, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии биологӣ" танзим карда мешаванд.

БОБИ 4. ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ ВА ДИГАР ҲУҚУҚҲО
БА ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ
Моддаи 20. Шаклҳои моликият ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо
1.Шаклҳои моликият ба захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо метавонанд дар моликияти давлатӣ ё хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин моликияти ташкилотҳои ҷамъятӣ қарор дошта бошанд.
3. Захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки дар шароити табиии минтақаҳои моликияти давлатӣ мерӯянд, моликияти давлатӣ маҳсуб меёбанд.
4. Намунаҳои коллексияҳои миллии захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки аз қаламрави мамлакат ҷамъоварӣ шудаанд, дороии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, дастрасӣ ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки пас аз эътибор пайдо кардани Конвенсияи гуногунии биологӣ аз ҳудуди дигар давлатҳо ва (ё) коллексияҳои хориҷӣ, аз ҷумла коллексияҳои байналмилалӣ барои нигоҳдорӣ қабул шудаанд, моликияти пешниҳодкунандаи ин мавод буда, шартҳои дастрасӣ ба онҳо тибқи шартномаҳо дар бораи вогузоштани мавод муайян карда мешаванд.
6. Коллексияҳои захираҳои генетикии набототи корам ва ҳамавлодони худрӯйи онҳо, ки нисбаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои гуногуни ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ татбиқ карда мешаванд ва инчунин захираҳои наботот, ки дар ҳудуди объектҳои гуногун, аз ҷумла дар боғҳои хусусӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мерӯянд, метавонанд дар моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 21. Фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам
1. Фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сурат гирифта, ба нигоҳдории гуногунии наботот, рушди устувори кишоварзӣ ва истеҳсоли озуқаворӣ нигаронида мешавад.
2. Ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи захираҳои генетикии набототи корам фаъолият мекунанд, дигар шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин намояндагони аҳолии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар татбиқи барномаҳо оид ба ҳалли мушкилоти агробиологӣ, аз ҷумла дар таҳқиқоти муштарак, мубодилаи мутахассисон ва технологияҳо ҳамкорӣ намоянд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 августи соли 2012, № 892


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Ш.  ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 июни соли 2012, № 846


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 391


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.08.12    №: 103-104    Мутолиа карданд: 630

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед