logo

барқияҳо

Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

28 октябр Эмомалӣ  Раҳмон,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ба Ислом  Каримов,  Президенти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон,  барқияи  табрикотӣ  ирсол  намуд, ки дар  он,  аз  ҷумла,  чунин гуфта  мешавад:

Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Дар ин  рӯзҳо  ба санаи  барқароршавии  муносибатҳои  дипломатии  миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  20  сол  пур  мешавад.
Аз  Шумо  хоҳиш  мекунам ба  муносибати  ин  воқеаи  фархундаи  таърихи  навтарини  муносибатҳои  мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринамро  қабул  фармоед.
Мо  дар  Тоҷикистон  анъанаҳои чандинасраи   муносибатҳои  дӯстӣ ва  ҳамсоягии  неки  байни   халқҳоямонро  қадр  мекунем.
Мо аз  рӯзҳои  аввали  истиқлолияти  миллиамон   ба онҳо  такя  намуда, сайъ мекунем, ки  тамоми   маҷмуи  ҳамкории  амалии  Тоҷикистону Ӯзбекистонро  дар заминаи  принсипҳои   баробарҳуқуқӣ, эҳтироми  якдигар  ва ба инобат гирифтани  манофеи тарафайн, ки дар  санадҳои  асосии танзимкунандаи  муносибатҳои дуҷонибаи  имрӯзаамон асос  ёфтаанд, бемайлон  густариш  диҳем.
Мехоҳам  аз  имконияти  мусоид  истифода  карда, қайд  намоям, ки  саъю  кӯшишҳои  якҷояамон  мусоидат  мекунанд, ки на фақат  ба  ситезаҷӯӣ ва хавфу хатари имрӯза  муқобилат  намоем,   балки  муносибатҳои  кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан  нави  тараққиёт  ба нафъи халқҳоямон ва ба хотири таҳким бахшидани суботи минтақа низ барорем.
Ба  Шумо,  муҳтарам  Ислом Абдуғаниевич,  тансиҳатии  бардавом  ва  беҳбудии ҳамаҷониба ва ба халқи дӯсти  Ӯзбекистон  сулҳу субот ва инкишофи минбаъдаро орзу менамоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 2079
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед