logo

номаҳо

"Хатлон: китобхонаҳои маҳаллӣ ҳоли табоҳ доранд"

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд мақолаи "Хатлон: китобхонаҳои маҳаллӣ ҳоли табоҳ доранд" ("Ҷумҳурият",  4 декабри соли 2012, № 149)-ро бо иштироки шахсони масъули соҳа баррасӣ кард ва бо мақсади баландбардории самаранокии фаъолияти китобхонаҳо, сайқал бахшидани маҳорати китобдорон дар соли нав нақшаи чорабиниҳоро мураттаб сохт.
Дар шаҳри Сарбанд 4 китобхона, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона ва 2 китобхонаи деҳотӣ хонандагонро бо китоб таъмин менамоянд. Мутобиқи Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ барои солҳои 2011-2013 дар соли 2012 китобхонаҳои марказӣ ва бачагонаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо 2 адад компютер таъмин гаштанд ва ҳамчунин барои таъмири ҳамаи китобхонаҳо 11500 сомонӣ сарф гардид.
Дар соли рафта ба 2300 сомонӣ китобҳои тозанашр харида шуд, инчунин аз китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин ва "Корвони китоб" ба китобхонаҳои шаҳр китобҳои илмӣ, сиёсӣ, соҳавӣ ва асарҳои бадеии зиёд ворид гардиданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри таъмини китобхонаҳо бо технологияи компютерӣ ва асарҳои тозанашр минбаъд низ чораҳоро роҳандозӣ менамояд.

Қ. ЧИЛЛАЕВ, раиси шаҳри Сарбанд


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мақолаи "Хатлон: китобхонаҳои маҳаллӣ ҳоли табоҳ доранд" ("Ҷумҳурият", 4 декабри соли 2012)-ро бо иштироки васеи масъулони соҳаи фарҳанг баррасӣ кард.
Айни ҳол дар ноҳия 21 китобхонаи оммавӣ, аз ҷумла 18 китобхонаи деҳотӣ бо фонди 122542 нусха адабиёт ба сокинон хизмати маънавӣ мерасонанд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати пурмаҳсул фаъолият кардани китобхонаҳо пайваста санҷишҳо гузаронида, баҳри бартарафсозии мушкилот тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҳисоби "Корвони китоб" соли гузашта 484 китоб  дастрас гардид. Солҳои 2011-2012 ба миқдори 3673 нусха адабиёти тозанашр ба китобхонаҳо ворид гашт.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия китобҳои чанде аз  адибони фархорӣ аз чоп баромаданд.
Бо ташаббуси баъзе омӯзгорон дар назди чанд муассисаи таълимӣ китобхонаҳои шахсӣ ташкил шуданд. Китобхонаи шахсии омӯзгор Абдулҳамид Маҷидзода дар мактаби № 10 бо теъдоди 8 ҳазор нусха, "Адабхона"-и Маҳмуд Мирзоев, омӯзгори мактаби № 5, бо теъдоди 4500 нусха адабиёт дар хизмати мактабиёнанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор минбаъд низ баҳри беҳтар гардонидани фаъолияти китобхонаҳо тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Қ. КАРИМОВ, раиси ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.13    №: 20    Мутолиа карданд: 3151
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед