logo

мулоқотҳо

Раисон ба Президент ҳисобот доданд

25 июл ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт телефонӣ ҳисобот доданд.
Зимни ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти сершуморе, ки бо маблағгузории  мутамаркази  ҷумҳуриявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ҷараён дорад, ҳамчунин ба ҷамъоварии пураю саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ ба зимистон зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки барои хуб омода кардани муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш ва ба зимистони пешомад аз имкону захираҳои мавҷуда хуб истифода баранд.
Мавзӯи асосии ҳисоботи раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ки мардум бештар ба картошкапарварӣ машғуланд, таваҷҷуҳи зиёд маҳз ба ҳамин бахши соҳаи кишоварзӣ зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ин ноҳияҳо дар иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016 ва ба 1 миллион тонна расондани ҷамъоварии солонаи картошка дар ҷумҳурӣ бояд нақши асосӣ дошта бошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, ҳамчунин доир ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва дар моҳи шарифи Рамазон дасти ёрӣ дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пиронсолони бесаробон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.13    №: 106-107    Мутолиа карданд: 1603
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед