logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Сарвари давлат бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

16 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, муовини мудири Барномаи рушди СММ хонум Ребека Гринспанро, ки ба Тоҷикистон барои омодасозии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ва иштирок дар он ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Хонум Ребека Гринспан доир ба муносибати Тоҷикистон ба ин ҳамоиши муҳими глобалӣ, ки дар доираи чорабиниҳои "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" баргузор мегардад, таассуроти худро баён дошта, ба сатҳи омодагиҳо баҳои баланд дод. Ӯ ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо дастовардҳои намоёни рушд, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ табрик гуфт.
Ребека Гринспан, аз ҷумла изҳор дошт: "Мо пешсафию пешоҳангии Шумо, муҳтарам Президент ва кишвари шуморо дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бори дигар таъйид менамоем, зеро Шумо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарвоқеъ, дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба рушд, хусусан дар соҳаи об, пешвоед".
Бо ишора ба мушкилоти ҷумҳурии мо дар самти таъминот бо неруи барқ хонум Гринспан таъкид дошт, ки барои татбиқи иқдоми Дабири кулли СММ - "Энергияи устувор барои ҳама" низ Тоҷикистон кишвари пилотӣ (озмоишӣ) пазируфта шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ёрию дастгирии худро барои бартараф намудани ин мушкилӣ дареғ намедорад.
Хотиррасон гардид, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об беш аз 900 нафар сиёсатмадорон ва олимону коршиносони бахшҳои гуногуни вобаста ба об ва ҳифзи муҳити зисти  зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори байналмилалию минтақавӣ иштирок хоҳанд дошт. Танҳо аз СММ ҳафт муовини Дабири кулли он ва мутахассисону масъулони сершумори дигар ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.
Сарвари  давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки "ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкории босамарро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид тақозо мекунад".
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимнан ба ҳамкории ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Барномаи рушди он, бо Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои судбахши ду ҷониб минбаъд густариши бештар пайдо мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.13    №: 113    Мутолиа карданд: 1633
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед