logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Жанторо Сатибалдиев

21 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қирғизистонро "шарики табиии минтақавии Тоҷикистон" номида, ба сатҳи муносиботи ду кишвари ҳамсоя баҳои баланд дод.
Аз яксонӣ ва ё наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир ба идора ва истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва ҳифзи муҳити зист қаноатмандӣ изҳор шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли равон дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки ҳоло заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишварро 87 санад ташкил дода, 5 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо тайи 5 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки ин тамоюл бояд идома ёбад. Барои ин густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла тавассути додугирифти неруи барқ, додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.
Андешидани чораҳои муштарак доир ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳани Русия - Қазоқистон - Қирғизистон - Тоҷикистон, Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон, хати барқии CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва дигар тарҳҳои минтақавӣ матлуб дониста шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкории судбахш миёни ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи ҷавобии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои байнидавлатӣ зоҳир гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.13    №: 114    Мутолиа карданд: 1611
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед