logo

мулоқотҳо

Сергей Наришкин дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 октябр Сергей Наришкин - раиси Думаи давлатии Федератсияи Русияро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот доир ба паҳлӯҳои гуногуни муносиботи бисёрҷониба ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугӯ сурат гирифтааст. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз он ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Русияро беш аз 200 санади дуҷониба ташкил дода, 30 санади дигар дар ҳоли баррасист, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ба манзури афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия, ки рӯ ба коҳиш овардааст, фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва истифода аз омилҳои муассир зарур шумурда шуд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз робитаҳои мустақими минтақаҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 80 субъекти минтақавии Русия нақши Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон - Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» - ро дар ин масир қобили таҳсин донистааст.
Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, ки баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро ба хабарнигорон баён мекард, бо тасдиқи ин ҳарфҳо ба дурнамои ҳамкориҳои бештари ду кишвар хушбинӣ кард.
Мавсуф аз тасвиби Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки ба тозагӣ аз сӯи парлумони Тоҷикистон сурат гирифт, истиқбол намуд. Ба андешаи ӯ, ин ва созишномаҳо дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон  дар қаламрави Русия, содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба кишвари мо ба нафъи ҳарду кишвар хизмат намуда, дар таҳкими муносиботи стратегӣ мусоидат мекунанд. Сергей Наришкин изҳор дошт, ки бар асоси муқаррароти созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, имкон дорад, ки  тоҷикон пас аз ворид шудан ба Русия 15 рӯз бидуни сабт дар мақомоти давлатӣ иқомат ва иҷозаи кор ба муддати то 3 солро дарёфт кунанд.
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия гуфт, ки мо бо Ҷаноби Президент ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитариро баррасӣ намуда, доир ба авзои кунунии минтақа ва тадбирҳои амниятӣ баъд аз хурӯҷи неруҳои эътилоф аз Афғонистон табодули назар кардем.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.13    №: 133    Мутолиа карданд: 1614
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед