logo

мулоқотҳо

Машварати корӣ бо роҳбарияту фаъолони вилояти Суғд

Субҳи 14 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.
Дар машварати корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғдро дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳоро барои оянда муайяну мушаххас кард. Зимни таҳлил, аз ҷумла зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти умумии вилоят дар соли 2012 ба 8,7 миллиард сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин дастовард дар соли 2006 4 маротиб зиёд аст. Ҳаҷми буҷети маҳаллии вилоят бошад, аз 199 миллион сомонии соли 2007 дар соли 2012 ба 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ расид, ки беш аз 5,5 баробар зиёд аст. Таъкид гардид, ки бо афзоиши босуръату босуботи иқтисодӣ маблағгузории давлатии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама бахшҳои иҷтимоӣ ба маротиб афзун мегардад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд, бунёди садҳо корхонаҳои хурди саноатӣ, иншооти сершумори маърифатӣ ва варзишию фарҳангӣ, навсозии роҳҳои маҳаллӣ, азхуднамоии заминҳои бекорхобида, дар маҷмӯъ аз афзоиши истеҳсолот ва иқтидори содиротӣ ва беш аз ҳама аз саҳми арзандаи соҳибкорони ташаббускор арзи қаноату хушҳолӣ кард. Изҳори боварӣ шуд, ки дар натиҷаи дастгирии пайвастаи сиёсати бунёдкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои вилояти Суғд минбаъд боз ҳам бештару беҳтар мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулони давлатӣ ва мардуми кишварро ба риояи фарҳанги волои сиёсӣ ва иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳим ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки ба ҳамаи номзадҳо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мулоқотҳо бо мардум ва муаррифии барномаҳои пешазинтихоботиашон имкону шароити баробару яксон бояд муҳайё гардад. Изҳори боварӣ шуд, ки интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда, шаффофу демократӣ ва бо риояи  меъёрҳои байналмилалию талаботи қонунгузории кишвар баргузор мегардад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва кулли Тоҷикистонро, ҳамчунин бо арафаи иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфт. Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толори бузурги Қасри таърихии Арбоб маҳфили озоду ошкоро ва самимии пурсишу посух барпо шуд.
Дар ин маҳфил донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Малоҳат Собирзода, қаҳрамонмодар аз ноҳияи Мастчоҳ Гулизор Шарифова, собиқадор аз шаҳри Исфара Бобоусто Мавлонов, собиқадори маориф аз ноҳияи Ғончӣ Маърифат Салоҳиддинова ва сархатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд Мирзо Ибодулло Калонзода андешаҳои ҷолиб баён доштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.13    №: 137    Мутолиа карданд: 1523
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед