logo

президент

Шарикии давлат ва бахши хусусӣ густариш меёбад

Гузориш аз Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

13 декабр таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷараён гирифт, 4 масъалаи муҳим баррасӣ шуд:
- Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои мониторинги иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ";
- Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;
- Пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ"-и Бонки ҷаҳонӣ;
- Пешниҳоди яке аз масъалаҳои лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ.
Дар ҷаласа нахуст гузориши котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки қарорҳои қабулнамудаи ҷаласаҳои даҳум ва ёздаҳуми Шӯрои машваратӣ ба густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, идомаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, ислоҳоти фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва суғурта, идомаи ислоҳоти низоми андоз ва рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла барои идомаи ислоҳоти низоми андоз тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ворид карда шуд. Дар ин замина баъзе андозҳо бекор карда шуда, ба истеҳсолкунандагони гӯшти мурғ, тухм ва хӯроки чорво имтиёзҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин номгӯи фаъолиятҳои соҳибкорие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, васеъ гардид ва маблағи патент низ вобаста ба шакли фаъолияти соҳибкорӣ то андозае паст карда шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳанд кард. Зикр шуд, ки дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолият дорад.
Инчунин бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ тасдиқ карда шуд.
Доир ба иштироки бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушд дар татбиқи қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ, узви Шӯро, директори кулли ширкати "Помир энерҷӣ" Далер Ҷумъаев ва роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром низ изҳори андеша карданд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев сухан ронда, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кориро, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо баҳри рушди минбаъдаи бахши сайёҳӣ таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ба ҷаласаи Шӯро санади таҳлилии "Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон" бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ҳамчун натиҷаи корҳои анҷомгардида пешниҳод карда шуд.
Доир ба рушди минбаъдаи бахши сайёҳӣ, ҳамчунин намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯро, роҳбари ширкати сайёҳии "Кафолат" Музаффар Саймуддинов ва Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит сухан гуфтанд.
Робин Орд-Смит таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо табиати биҳиштосо ва фарҳанги пурғановати худ барои ҷалби васеи сайёҳон ва аз ин ҳисоб афзун намудани даромади миллии худ имконоти хеле фарох дорад.
Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, роҳбари Ассотсиатсияи созмонҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Фарҳод Акбаров сухан гуфта, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ"-и Бонки ҷаҳониро муаррифӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ таҳия шуда, як қатор чорабиниҳоро мувофиқи ҳар яке аз даҳ нишондиҳандаи ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ" фаро мегирад. Интизор меравад, ки қабул ва амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои мазкур ба баланд шудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ" такон хоҳад бахшид. Дар баробари ин таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чорабиниҳои вобаста ба ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ" маҳдуд нагардида, гузаронидани ислоҳоти заруриро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини суботи иқтисодии мамлакат идома медиҳад.
Доир ба ин мавзӯъ, роҳбари намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер низ андешаҳои ҷолиб баён намуд.
Масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласаро котиби масъули Шӯро  Қодири Қосим ба миён гузошта, ташкили бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондиро дар Тоҷикистон чун мавзӯи асосии ҷаласаи ояндаи шӯро пешниҳод намуд. Пешниҳод мавриди дастгирии аъзои Шӯрои машваратӣ қарор гирифт.
Дар хотимаи ҷаласа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ҷамъбастӣ андешаҳои ҷолиб баён намуда, ба масъулон ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда, дастуру ҳидоятҳо дод.
Тавре зикр гардид, соли 2011 ҳиссаи бахши сайёҳӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ 6,5 триллион доллари амрикоӣ ё 9,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти умумиро ташкил дода, даромади бахши сайёҳӣ дар муддати 10 сол ба андозаи 116 фоиз афзудааст. Ба ҳисоби миёна ҳар як доллари дар бахши сайёҳӣ сарфшуда ба соҳаҳои дигари алоқаманд се доллари иловагӣ фоида оварда, инчунин аз ҳар як доллари дар бахши сайёҳӣ харҷшуда 91 сенти он дар иқтисоди ватанӣ боқӣ мемонад.
Аз ин хотир таъкид гардид, ки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бояд на танҳо барои фиристодани сайёҳон ба хориҷи кишвар машғул бошанд, балки бештар сайёҳонро ба Тоҷикистон даъват намоянд.
Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистонро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Тибқи пешгӯии коршиносон, дар сурати татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳои мазкур, саҳми мустақими бахши сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз мерасад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистонро оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ"-и Бонки ҷаҳонӣ ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Вобаста ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода, ин мавзӯъро ҳамаҷониба таҳлил кунанд ва натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намоянд.
Дар  хотима  Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои машваратии беҳсозии фазои сармоягузориро "таъмингари муколамаи озоди миёни давлат ва бахши хусусӣ" номида, доир ба идомаи собитқадамонаи корҳо барои ҳавасмандсозии соҳибкорону сармоягузорон дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.13    №: 163    Мутолиа карданд: 15590
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед