logo

номаҳо

Талоши дона дар хошок

Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва илму технология босуръат пеш меравад. Кас гумон мекунад,  мардуми тоҷик ба пешравиҳои бузург  ноил шудааст ва ҷевонҳои китобро дар ин аср истифода намебаранд, чунки ҳама гӯё ҳамқадами замон буда, фақат бо компютеру интернет сару кор доранд.
На, дар асл ин тавр нест. Мардум пештар каму беш китоб мехонд, вале ҳоло одамон ду - се камсаводи пулдорро дида, аз баҳри хондани китоб баромадаанд, ки инро фоҷиа гӯем ҳам, ғалат нахоҳем кард. Ин манзараро дар аксари хонаҳои деҳотиён ва камтар бошад ҳам, дар хонаи шаҳриён низ мушоҳида кардан мумкин аст. Яъне, чойнику пиёла ва табақу лаълиҳои қиматбаҳо мавқеи ҷевони китобро танг карда баровардаанд ва боиси ифтихори дорандагонашон шудаанд. То он замоне, ки чойнику пиёла ҷои ҷевони китобро танг карда мебароранд, мо пеш нахоҳем рафт.  Аллома Иқбол фармудааст:
Ба парвоз ову шоҳинӣ  биёмӯз,
Талоши дона дар хошок то кай?
Агар холисона таҳлил намоем, маълум мешавад, ки  мардум китоб намехаранд  ва намехонанд. Меҳру муҳаббати мутоилаи китобро мо бояд дар ибтидои мактабравӣ  ба хонанда омӯзонем, вагарна дер хоҳад шуд. Имрӯз одамон ҳазорҳо сомонӣ харҷи беҳуда мекунанд, либосҳои сунъии хориҷиро, ки аслан пӯшидани он ба саломатии инсон зараровар аст, бо пули калон мехаранд. Агар гӯед, ки дар 20-40 сомонӣ як китоб бихаранд, ҳиммат намекунанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки бештар дуконҳои фурӯши китобро дар маҳалҳо ташкил намоем. Шумораи аҳолии ноҳияи Мастчоҳ ба зиёда аз 100 000 мерасад, аммо танҳо як дукони китобфурӯшӣ дар он фаъолият мекунад, ки, албатта,  басанда нест.

Рауф АЗИЗ, ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2014    №: 19    Мутолиа карданд: 949
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед