logo

номаҳо

Моро фаромӯш карданд

Ман аз соли 1996 дар Хонаи маданияти комбинати таълимӣ - истеҳсолии нобиноёни ноҳияи Ҳисор кор мекунам. Дар замони шӯравӣ дар хонаи маданият беш аз 10 нафар фаъолият доштем ва он дар миқёси ноҳия яке аз ҷойҳои беҳтаринро ишғол мекард. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор рафтам, зеро ба мо касе аҳамият намедод. Соли 2004 дубора маро ба хонаи маданият ба кор даъват карданд. Онро вайрону валангор дарёфтам. Атроф ва ҳавзи зидди сӯхтори комбинат, то ба ҳол,  ба партовгоҳ мубаддал гардидааст. Бинои клубу китобхона дар ҳолати садамавист ва аз толору майдони варзишӣ қариб нишонае намондааст. Бо сабаби ниҳоят бад будани шароит китобхона фаъолият надорад. Ҳатто китобҳо корношоям шудаанд. Агар як соли дигар ҳамин аҳвол давом ёбад, китобҳо пӯсида аз байн мераванд.
Сарварии комбинати нобиноёнро Ҷобир Исматов ном шахсе ба уҳда дорад, ки ба корҳои ободониву равшаннамоӣ ва рушди фарҳангу маданият тамоман аҳамият намедиҳад. Партовгоҳҳоро ҳамчун замини наздиҳавлӣ ба якчанд нафар тақсим кард. Маркази насосҳои оббарорӣ бошад, ғайрисанитарӣ буда, болояш кушода аст. Сарвари корхона ҳамаи ин камбудиву норасоиҳоро нодида мегирад ва ҳамеша дар ғами худу хешу ақрабояш мебошад. Биноҳои корхонаро ба наздикону хешовандонаш ба иҷора додааст.
Мо барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо чандин маротиба ба сарвари корхона, раиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, прокуратура ва дигар мақомоти болоӣ муроҷиат карда бошем ҳам, то ҳол ягон чора дида нашудааст. Гӯё моро ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳода бошанд, касе аҳамият намедиҳад. Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи фарҳанг аз масъулони ноҳия ва ҷумҳурӣ мехоҳам, ки ба ин гӯшаи фаромӯшшуда назаре намоянд, то ин ки хонаи маданияти мо - нобиноён обод шавад.

Нозимҷон ШАРИФОВ,
корманди Хонаи маданияти нобиноёни ноҳияи Ҳисор, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2014    №: 19    Мутолиа карданд: 955
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед