logo

номаҳо

ХОВАЛИНГ: «01» ФАЪОЛ НЕСТ

Дар ин мақола («Ҷумҳурият», № 24 (22329), аз 1 феврали соли 2014) омадааст, ки дар ноҳияи Ховалинг «01» фаъол нест ва дар ҳолати сар задани сӯхтор сокинон наметавонанд ба хадамоти оташнишонӣ занг зананд. Ҳамчунин дар бораи набудани барқи доимӣ ва таъмирталабии нақлиёти оташнишонӣ сухан рафтааст.
Сабаби ҷой доштани камбудиҳо барҳамдиҳӣ ва аз нав таъсис додани идораи оташнишонии ноҳия мебошад. Бинои хадамот соли 1989 дар фосилаи 3 километр аз маркази ноҳия сохта шудааст. Солҳои 90-уми асри гузашта идораи оташнишонӣ фаъол буда, дорои 30 корманд, 2 нақлиёти оташнишон ва хати алоқаи телефонии «01» буд.
Соли 1997  хадамоти оташнишонӣ барҳам дода шуд. Нақлиётҳоро ба дигар ноҳия доданду симчӯбҳои хати алоқаро шахсони фоидаҷӯ ба яғмо бурданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ шартнома ба имзо расонид ва 14 феврали соли 2012 дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ховалинг таъсис ёфт ва он моҳи июл ба фаъолият шурӯъ кард.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бинои дидбонгоҳ қисман аз таъмир баромад, аз тарафи идораи минтақавии хадамоти давлатии оташнишонӣ бо ду нақлиёт, ки дар ҳолати бади корӣ қарор доранд, таъмин гашт.
Дар соли ҷорӣ барои хароҷоти дидбонгоҳи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия  157470 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барқарор намудани хати барқи доимӣ ва алоқаи дидбонгоҳ 247 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки ҳоло мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бинобар норасоии буҷет имкони пардохти онро надорад.

Н. МИРЗОЕВ, и.в. раиси ноҳия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2014    №: 52    Мутолиа карданд: 905
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед