logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ»

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ  ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 марти соли 2011 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, м.169)  қисми 11  бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«11. Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти сармуҳосиб тибқи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода  шавад.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1074

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 январи соли 2014, № 1409

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 660


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2014    №: 55    Мутолиа карданд: 1647
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед