logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №12, мод.662; с.2008, №12, қ.2, мод.1010) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои якум ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«-вируси норасоии масунияти одам – вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад;
- бемории пайдошудаи норасоии масуният – давраи интиҳои сироятёбӣ, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст;»;
- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- сархатҳои ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум ва даҳум бо мазмуни  зерин илова карда шаванд:
« - гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки эҳтимолан метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам иртибот дошта, ҳамчунин дар инкишофи эпидемия ва чораҳои ҷавобӣ нақши асосӣ бозанд, аз ҷумла шахсони алоқаи ҷинсии ҳамҷинсона дошта, шахсони фоҳиша ва шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд;
- гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ – шахсоне, ки барои онҳо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва меҳнатӣ хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, кӯдакони бесаробон, ҷавонони бемори дорои нишонаи бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, шарикони ҷинсии шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд;
- пинҳонӣ – муоинаи шахс бо мақсади ошкор кардани мубталошавӣ ба вируси норасоии масунияти одам (машваратдиҳӣ, ташхис) бе ифшои насаб, ном, номи падар ва маълумоти дигар;
- махфӣ - манъ будани ҳама гуна муҳокимаи вазъи солимии шахс ё дар бораи вай ошкор кардани маълумот, ба ғайр аз муносибатҳои байниҳамдигарии касбӣ ва танҳо бо розигии худи шахс.».
2. Дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи 4 баъд аз калимаҳои «бемории пайдошудаи норасоии масуният» калимаҳои «бо риояи махфӣ будани муоинаи он» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 5:
- дар сархати дуюми қисми дуюм баъд аз калимаҳои «маблағи фондҳои мақсаднок» калимаҳои «, аз ҷумла Фонди миллии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, ки фаъолияти он мувофиқи Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад» илова карда шаванд;
- қисми сеюм хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
- дар қисми якум:
- сархати якум хориҷ карда шавад;
- дар сархати дуюм ва дар қисми сеюм калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм баъд аз калимаи «ихтиёрӣ» калимаи «махфӣ» илова карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- мунтазам гирифтани иттилооти пурра ва босифат, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, барномаю хизматрасониҳои мавҷудаи пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин оид ба муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирии шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният,»;
- дар қисми дуюм баъд аз калимаи «гурӯҳҳои» калимаҳои «махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва гурӯҳҳои» илова карда шаванд;
- қисми панҷум хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 61:
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ин амалҳо ба принсипҳои риоя намудани ҳуқуқҳои инсон асос ёфта, мувофиқи санадҳои дахлдори байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқҳои инсон вобаста ба сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният татбиқ карда мешаванд.»;
- қисми сеюм хориҷ карда шавад.
6. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум калимаҳои «давлатӣ ё хусусии нигаҳдории тандурустӣ» ба калимаҳои «давлатии тандурустӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи «пинҳонӣ» ба калимаи «махфӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаи «ноболиғон» ба калимаҳои «ноболиғони ба синни 16 нарасида» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 8 баъд аз калимаҳои «шаҳрвандони хориҷӣ» калимаҳои «, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ» илова карда, калимаҳои «дар муассисаҳои махсусгардондашудаи тиббӣ» хориҷ карда шаванд.
8. Аз моддаи 9 қисмҳои чорум, панҷум ва шашум хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 10:
- дар қисми якум калимаи «пинҳонӣ» ба калимаи «махфӣ» иваз карда, калимаҳои «бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Маълумоти бадастовардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (табиб) дар бораи вазъи саломатӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам маълумоти махфӣ (сирри табибӣ) мебошад ва он танҳо дар асоси қарори суд ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ дода шуда, истифодаи ин маълумот бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон манъ аст.».
10. Дар моддаи 11:
- дар номи модда калимаи «духтурӣ» ба калимаи «табибӣ» иваз карда шавад;
- дар матни модда калимаи «хизматӣ» ба калимаи «табибӣ» иваз карда шавад.
11. Дар қисми якуми моддаи 12:
- ҷумлаи дуюми сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои «ҷуброни зараре» ба калимаҳои «ҷуброни зарари моддию маънавие» иваз карда шаванд;
- сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- ба ройгон гирифтани ҳамаи намудҳои кӯмаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки доруворӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ;»;
- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба падару модар ё намояндагони қонунии кӯдакони таваллудкардаи модарони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта аз лаҳзаи таваллуд то пурра муқаррар шудани ташхиси кӯдак оид ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам, бо мақсади минбаъд кам кардани хатари сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам, гирифтани маводи ивазкунандаи шири модар.».
12. Дар моддаи 13:
- дар қисми якум калимаҳои «нагирифтан ба кори муассисаҳои таҳсилотӣ ва муассисаҳои тиббие, ки хизмат мерасонанд» ба калимаҳои «ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва дар вазифаҳои муқаррарнамудаи номгӯи махсус» иваз карда шаванд;
- аз қисми панҷум калимаҳои «солимии ҷомеа,» хориҷ карда, калимаи «дигарон» ба калимаҳои «шахсони дигар» иваз карда шавад. 
13. Дар моддаи 14:
- аз қисми якум калимаҳои «, ки иҷозатномаи дахлдор доранд» хориҷ карда шаванд;
- қисми сеюм хориҷ карда шавад;
- қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Кӯмаки иҷтимоию равоншиносӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббии дорои иҷозатномаи дахлдор, ки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ҳамкорӣ мекунанд, расонида мешавад.».
14. Дар моддаи 141:
- дар қисми якум калимаҳои «Шахсе, ки зимни ташхиси ӯ вируси норасоии масунияти одам мусбат муайян шудааст» ба калимаҳои «Шахсе, ки дар натиҷаи муоинаи ӯ вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният муайян шудааст» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи «зиндонҳо» ба калимаи «маҳбасҳо» иваз карда шавад;
- қисми сеюм хориҷ карда шавад.
15. Дар қисми шашуми моддаи 15 калимаҳои «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ» ба калимаҳои «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳои тиббӣ» иваз карда шаванд.
16. Қисми якуми моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Кормандони дахлдори муассисаҳои давлатии махсусгардонидашудаи низоми тандурустӣ, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ё беморони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ёрии тиббӣ ё дигар кӯмакҳо мерасонанд ва ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятёфта, истеҳсоли доруҳои биологӣ барои ташхис машғул мебошанд, ҳуқуқ доранд:».
17. Дар моддаи 23:
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро барои гурӯҳҳои осебпазир ва махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам таҳия ва татбиқ менамоянд.»;
- қисми сеюм хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1078


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва  бемории пайдошудаи норасоии масуният»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 2013, № 1382

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 664


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2014    №: 57    Мутолиа карданд: 1538
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед