logo

номаҳо

ИСФАРА: МОҲӢ РӮ БА НЕСТӢ ДОРАД

Дар шумораи 159, аз 7 декабри соли 2013-и рӯзномаи  «Ҷумҳурият» мақолаи рӯзноманигор Нигинаи Раҳмон, бо унвони «Моҳипарварӣ:  Мутахассисони касбӣ намерасанд» ба табъ расидааст.
Муаллиф дар асоси далелҳои муътамад бурду бохти соҳаи моҳипарвариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда, қазияҳои алҳол ҷойдоштаи ин соҳаро мушаххас баррасӣ намудааст. Тибқи матлаб, бо қабули «Барномаи оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015»  дар ҷумҳурӣ моҳипарварӣ рушд ёфт. Миқдори хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 8 то ба 180 расид. Лекин иқтидори истеҳсолии ин хоҷагиҳо дар маҷмуъ талаботи аҳолиро қонеъ намегардонад. Тибқи меъёр истеҳсоли солонаи маҳсулоти моҳӣ бояд 72 ҳазор тонна бошад. Ҳол он ки истеҳсоли 1700 тонна моҳӣ дар нақша аст. Муаллиф   масъала мегузорад, ки тариқи эксенсидикатсия, яъне зиёд кардани майдони истеҳсолӣ,  афзудани хоҷагиҳои моҳипарварӣ, такмил додани корхона ва хоҷагиҳо, бо коркунони соҳибкасбу мутахассис таъмин кардани хоҷагиҳои моҳипарварӣ истеҳсоли моҳиро зиёд карда, дар амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузорем.
Инчунин дар мақола масъалаи ҳифзи моҳӣ ва барқарор кардани захираҳои моҳиёни дарёву обанборҳо гузошта мешавад. Мо дар масоили мазкур ҷонибдори рӯзноманигор ҳастем.
Диққати маро ҳамчун биолог ҷиҳати экологии масоили марбут ба моҳӣ ҷалб мекунад. Чӣ хеле, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, захираи моҳиёни маҳаллӣ, намудҳои хос ба Тоҷикистон дар рӯдхонаҳо сол то сол кам шуда истодааст. Алалхусус захираи моҳӣ дар дарёи Исфара, ки шохоби  Сирдарё мебошад, вақтҳои охир хеле кам шуда, намудҳои аҳамияти хоҷагидошта, аз қабили ширмоҳӣ ва лаққамоҳии туркистонӣ рӯ ба нестӣ меоранд. Сабаби асосии нобудшавии моҳиён ба киштзор пурра табдил додани заминҳои соҳилӣ, нобуд шудани шибарзаминҳо ва усули мамнуи шикор мебошад. Бо қувваи барқ шикор кардан боиси нест шудани моҳӣ ва дигар фаунаи обӣ шуда истодааст.  Кумитаи экологияи шаҳри Исфара бояд ба ин масъала бештар диққат диҳад. Белбиниҳои Сирдарё ва Амударё, ки ба қатори тосмоҳиёни пурқимат мансубанд, рӯ ба нестӣ оварда истодаанд. Оё имкони бо истифода аз дастовардҳои навини биология парвариши ин қабили моҳиёнро ба роҳ монда, саршумори онҳоро зиёд кардан нест?  Ёдовар мешавем, ки моҳии белбинӣ яке аз намудҳои қадимтарин буда, танҳо дар Сирдарё, Амударё ва Мисиссиппии Америкаи Шимолӣ боқӣ мондааст. Дар Тоҷикистон 947 дарёи хурду бузург бо тӯли умумии 28500 км ҷорианд. Намудҳои гуногуни ҳазорсолаҳо ба шароити онҳо мутобиқшудаи моҳӣ сокини онҳоянд. Лекин сол ба сол захираи моҳӣ дар ин рӯдхонаҳои ватанӣ кам шуда истодааст. Мо баҳри ҳифзи моҳиён ва дигар ҳайвонот пайваста миёни мардум, хонандагони мактабҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Тарбияи экологӣ қисми таркибии ҳар як дарси муаллимони биология мебошад. Аз назари мо, бо мақсади ҳифзи моҳӣ ташкили  мамнуъгоҳҳои хурди маҳаллӣ ва парваришгоҳҳои муҳофизатӣ дар заминаи рӯдхонаҳо манфиатнок хоҳанд буд.

Б. ИСМОИЛОВ, ноҳияи Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.2014    №: 59    Мутолиа карданд: 897
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед