logo

маориф

КӮДАК: АЗ ОИЛА ТО МАКТАБ

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ тарбия, таълим, таҳсил ва маълумотгирии насли наврас ба пешрафти дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа зич  алоқаманд мебошад. Ин омил қувваи бузург ва такондиҳандаи рушди ҷомеа аст.

Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол баробари ба фазои ягонаи  таҳсил ворид гардидан, низоми ба худ хоси  маорифро  дорад, ки фаъолияти он барои амалӣ  гардондани сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар равона шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зинаи аввали низоми маориф буда, фаъолияти босамари онҳо имкон  медиҳад, ки таълиму тарбия ва омодагии кӯдакон ба таҳсилот  таъмин  гардад, занону модарон дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа иштирок  намоянд, дар пешрафти давлати  демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳиссагузор бошанд.
Аз рӯзҳои  аввали соҳиб-истиқлол гардидани кишвар барои нигоҳ доштани муассисаҳои давлатии томактабӣ ва минбаъд ташкилу фаъолият  кардани  муассисаҳои томактабии намуди нав - оилавӣ, хусусӣ, кӯдакистон-мактаб, марказҳои рушди кӯдакон (махсусан дар ноҳияҳои дурдаст), гурӯҳҳои томактабӣ дар  назди мактабҳо ва кӯдакистонҳо шароитҳои муайяни иҷтимоӣ - иқтисодӣ фароҳам оварда  шуданд. Бо  дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар, ҳамдастии мутахассисони илмию кормандони соҳа кӯшиш ба харҷ дода  шуд то  андозае заминаи  таълимӣ-методии соҳа беҳтар гардад.
Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (1993, 2004, 2013), «Консепсияи  пешрафти тарбияи томактабӣ» (1994), «Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ» (1995, 2007), «Низомномаи аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои томактабӣ (1996), Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000) ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Ҳамзамон ба беҳдошти  заминаи методӣ - барномавии муассисаҳои томактабӣ барномаи таълимӣ-тарбиявии «Роҳнамои мураббӣ» (2002), дастурҳои таълимии  таҳия-кардаи  устодон М. Нарзуллоева, З. Тургунова, М. Лутфуллоев, Л. Иматова, Н. Токаева, Б. Маҷидова, Н. Ғуломова, Стандарти давлатии  таҳсилоти томактабӣ (2010), Стандарти омӯзиши ва рушди барвақтии кӯдак (аз рӯзи таваллуд то 7 (6) солагӣ) (2011) мусоидат намуданд. Дар заминаи талаботи стандартҳо аз тарафи  гурӯҳи корӣ ва зери роҳбарии академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  И. Каримова барномаи   тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни  томактабӣ «Рангинкамон» (Душанбе, 2012) таҳия, нашр ва дастраси  кормандони кӯдакистонҳо гардид.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда рушди муассисаҳои  томактабӣ талаботи пешрафти ҷомеаи  имрӯзаро  қонеъ гардонда  наметавонад.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ки дар таҳияи он Вазорати маориф ва илм, зерсохторҳои вазорат, кормандони кӯдакистонҳо, устодони мактабҳои олии педагогӣ, кормандони Академияи таҳсилот, намояндагони ташкилотҳои  ғайридавлатӣ иштирок намуданд, дар рушди  муассисаҳои томактабӣ нақши муҳим  хоҳад бозид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таълиму тарбияи томактабиро дар кишварамон муайян  менамояд.
Амалӣ  гардидани ҳар як қонун, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба  ҳисси  масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан  волидон вобаста аст. Бинобар  ин,  хуб мешуд тибқи  талаботи қонуни мазкур «шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқии хориҷӣ» (боби 2, моддаи 6, зерхати 3, банди 6), аз ҷумла волидони  сарватманди тоҷик бо маблағгузорию ташкили муассисаҳои томактабӣ пешрафти соҳаро таъмин  намоянд. Мақомоти  давлатӣ ва  худидоракунии маҳалҳо дар амалӣ гардондани қонуни мазкур зиёдтар масъулият ҳис карда,  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири кӯдакистонҳои давлатӣ, хусусиро ба таъхир наандохта, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшанд.
Вазорати маориф ва  илми Тоҷикистон оид ба таҳия ва баррасии барномаҳои таҳсилотии  алтернативӣ, ки  (дар ҳамаи кишварҳои ҳамсоя вуҷуд доранд), дастурҳои методию омӯзишӣ озмун эълон намуда, ғолибону  иштирокчиёнро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд  гардонад. Аз тарафи  мутахассисони соҳа бо  иштироки ҳуқуқшинос, равоншинос, омӯзгор - мураббии муассисаи томактабӣ, иқтисоддони соҳаи маориф, роҳбарони идораи маориф, собиқадорони соҳа тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  таълиму тарбияи томактабӣ» таҳия ва нашр шавад.
Тазаккур бояд дод, ки ҳар як боб ва  моддаи қонуни мазкур дақиқназарона тасниф шуда, ба иҷро гардидани  санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки  онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, махсусан «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак»  мусоидат менамояд. Мувофиқи талаботи моддаи 7, боби 2-и қонун, ки «Намудҳои  муассисаҳои таълими томактабӣ» унвон дорад, таъсиси кӯдакистони навъи  тавонбахшӣ-муассисаи таълимии  томактабӣ барои кӯдакони аз 2 то 8 - соларо, ки ба табобати ҷисмонӣ ва ё инкишофи равонӣ, муолиҷа ва тавонбахшӣ эҳтиёҷ  доранд, ба мақсад мувофиқ медонем.
Таъсиси чунин муассисаи таълимии томактабӣ яке аз омилҳои муҳими иҷтимоигардонии кӯдакони имконият ва эҳтиёҷоти махсуси равонию ҷисмонидошта, дастгирии хонаводаҳои чунин  кӯдаконро тарбиядиҳанда, баланд бардоштани фарҳанги педагогӣ - психологӣ ва тиббии волидон мегардад. Дар навбати худ ин муассисаҳо ба татбиқи Консепсияи миллии таълиму тарбияи кӯдакони имконияти маҳдуддошта ба таҳсилоти  фарогир (инклюзивӣ) дар мамлакат, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 апрели соли 2011 қабул  кардааст, мусоидат хоҳанд кард. Ба андешаи  мо, аҳамияти амалии таъсиси чунин  муассисаи таҳсилоти томактабӣ  дар он аст, ки теъдоди  кӯдакони  нуқсонҳои равонию  ҷисмонидошта  дар хонаҳои  кӯдакон кам гардида, модарон дар баробари кору фаъолият дар  истеҳсолот, муассисаҳои давлатию хусусӣ ба  нигоҳубин, тарбия ва табобату таълими фарзандони худ машғул мешаванд. Хуб мешуд дар таъсисдиҳии муассисаҳои томактабии тавонбахшӣ на танҳо  вазорату идораҳои ваколатдори давлатӣ,  инчунин шахсони воқеию ҳуқуқӣ, волидон бо истифодаи  сармоягузории шахсӣ, бурсҳо аз  ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзида, дар таълиму тарбия,  табобату таҳсилоти кӯдакони имконияти маҳдуддошта саҳм гузоранд. Ин амали инсонпарварона яке аз  нишонаҳои пешрафти низоми  маорифу  таҳсилот хоҳад шуд.
 
Бибиҳафиза МАҶИДОВА, доктори илми педагогӣ, профессори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
Муҳаббат ИЗЗАТОВА,
номзади илми педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.05.2014    №: 81    Мутолиа карданд: 2248
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед