logo

номаҳо

РЕШАҲОИ ҲАЁТБАХШ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштанд: «Ҳар касе, ки шаъну шараф, ору номус дорад, барои эҳёи ёдгориҳои таърихии миллатамон кӯшиш мекунад ва дар ин замина барои наслҳои имрӯзаву ояндаи давлати миллӣ шароит фароҳам меорад».
Шоистаи таҳсин аст, ки аз ин суханҳои пандомези Сарвари кишварамон илҳом гирифта соҳибкорони баору номус ва фарҳангдӯсти шаҳри Исфара барои таъмиру тармими баъзе мақбараҳо камари ҳиммат бастаанд.
Албатта, якбора таъмиру тармим намудани ҳамаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мавҷуда ғайриимкон аст. Лек дар муқоиса аз назари моҳияту муҳимияти эҷодиёташон, ҳаёташон мадфангоҳҳои баъзеи онҳоро таъмиру тармим намудан зарур мебошад.
Адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ С. Султонов дар натиҷаи омӯзиш зиёда аз 70 мазорро дар Исфара муайян намуда, онҳоро расман ба қайд гирифтааст. Ӯ нишон додаст, ки дар маҳаллаи Гузари Эшон қабри Мавлоно Бобокалон ҷойгир мебошад. Ин марди  бузург муаллифи китоби «Риёз - ул - мазкурин» буда, соли 1107 милодӣ фавтида, дар санги болои оромгоҳаш навиштаҷоти «Мавлоно Бобокалон нурун марқадуҳу» (Мавлоно Бобокалон марқадаш пурнур бод) сабт гардидааст.
Ин ақидаи хосаро бархе аз соҳибкорон, ватандӯстон амалан дастгирӣ намуда истодаанд, ки ба роҳбарияти шаҳр низ писанд омадаст.
Нафақагир Муҳаммадҷон Сӯфиев ва фарзандону пайвандони эшон – Носирҷон, Суҳробҷон, Солеҳбой, Зафарҷон ва Соҳибҷон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара яке аз мақбараҳои машҳурро, ки он ҷо Саид Ҷалон (Саиди Сарбараҳна) ва бародарашон Саид Ҷамол (Саиди Побараҳна) мадфунанд, аз таъмир ва тармим бароварданду дуои неки мардумро гирифтанд.
Ҳоло зарурат пеш омадааст, ки қабри Мавлоно Бобокалон таъмиру тармим карда шавад. Маблағгузории онро якчанд соҳибкор ба уҳда гирифтаанд. Аз ин лиҳоз мо умедворем, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар амалигардонии ин нияти хайр моро дастгирӣ менамоянд.
Ҷойи мадфангоҳ бошад, ба ақидаи сармеъмори шаҳр А. Фаттоев барои бунёди дилхоҳ мақбара мувофиқ аст.  
Раҳматбой Қодиров, шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2014    №: 83-84    Мутолиа карданд: 1148
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед