logo

номаҳо

ИНТИХОБИ КАСБ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

Барои наврасон, хусусан, онҳое, ки дар синфи 11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил мекунанд, интихоби касб аз мушкили асосӣ ба шумор меравад. Азбаски бештари онҳо дар бораи ихтисосҳои гуногуни макотиби олии кишвар маълумоти зарурӣ надоранд, ҳангоми интихоби касб ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Аслан интихоби касб ба малакаву маҳорат ва табъу завқи инсон бастагӣ дорад ва ҳар нафар бояд мувофиқи донишу истеъдодаш касберо интихоб кунад. Аммо дар ин росто мушкили дигар дар он аст, ки имрӯз интихоби касб низ вобаста ба имкони молӣ сурат гирифта, торафт хусусияти тиҷоратӣ пайдо мекунад. Дар ин ҳол довталабон касбу ихтисоси худро на аз рӯи завқу табъи худ, балки бо назардошти тавоноии ҷайби волидайн интихоб менамоянд. Яъне меандешанд, ки оё волидайнашон имкони пардохти солонаи таҳсилро доранд.
Нафаре, ки касбашро аз рӯи дониш ва маҳорату малака интихоб менамояд, албатта, дар зиндагӣ муваффақ мегардад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки довталабон ҳангоми интихоби пешае дар бораи он маълумоти зарурӣ пайдо намоянд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  низ бояд ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи ихтисосҳои гуногун, базаҳои илмии мавҷуда бо шаклҳои гуногун маълумот диҳанд. Шабакаҳои интернетии макотиби олии касбии кишвар дар бораи донишгоҳ, факултаву ихтисосҳо маълумоти муфассал интишор намоянд. Дар кишварҳои хориҷӣ, мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ натанҳо дар дохили кишвари худ, балки берун аз он бо довталабон дар иртиботанд ва ҳамеша ба онҳо дар бораи ихтисосҳои гуногун маълумоти зарурӣ медиҳанд. Бахусус дар кишварҳои Русия, Туркия, Беларус, Ҳиндустон, Қирғизистону Қазоқистон ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд. Мутаассифона, дар кишвари мо ба ин масъала он қадар диққати ҷиддӣ дода намешавад. Ҳатто сайтҳои интернетии баъзе аз донишгоҳҳои кишвар фаъол нестанд.
Бахтовари Муҳаммадалӣ, донишҷӯи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.05.2014    №: 83-84    Мутолиа карданд: 1506
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед