logo

маориф

ҚУТБНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироагардида як дастури созанда барои ояндаи кишвар ва таъмини ҳаёти осуда ва зиндагии шоиста аст.
Президенти кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳор дошт, ки дар оянда низ ин соҳа ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ мемонад ва барои рушди минбаъдаи он тамоми имконот истифода бурда мешавад. Ба мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад. Ин рақамҳо хурсандиовар ва умедбахшанд. Баланд шудани сатҳу сифати таълиму тарбия - ин истифодаи дуруст ва самараноки дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир мебошад. Зеро минбаъд тараққиёти кишвар ба дониши комил, аз бар кардани касбу кори замонавӣ аз тарафи насли наврас вобастагӣ дорад.
Солҳои охир доираи фаъолияти омӯзгорон ҳамвора густариш меёбад, имконияташон меафзояд, толибилмон бештар ба омӯхтан дилгармӣ пайдо мекунанд.
Роҳбарият, кормандони литсей – интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паём рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва маънавиёти насли наврас ҳавасмандии бештар зоҳир намуда, барои таълиму тарбияи кӯдакони болаёқат, соҳиби илму дониши амиқ ва касбҳои муҳим гардидани онҳо саъю кӯшиш доранд. 
Бо шарофати таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва сарвари литсей, муассисаи таълимии мо сол то сол муҷаҳҳазтар шуда, шароити мусоиду муосир ва муҳити орому созгор барои донишандӯзии шогирдон муҳайё мегардад. Миёни аҳли омӯзгорони литсей истифода аз роҳу усулҳои нав, воситаҳои таълимии техникӣ ва дастурҳои омӯзишӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Яке аз муҳимтарин воситаи таълимии техникӣ ин тахтаи электронӣ ва тахтаи рақамии универсалӣ мебошад. Омӯзгорон аз интернет маводи зарурӣ, асбобҳои аёнӣ ва ҷадвалу рақамҳоро пайдо намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Онҳо тавассути ин тахтаҳо нақшаҳои дарсии хубу пурмазмунро таҳия намуда, ба маълумоти хонандагон мерасонанд. Бартарии кори омӯзгор дар он аст, ки ӯ аз бӯру латта истифода намебарад ва шароити тозаю гигиениро дар синф таъмин менамояд. Бо истифода аз тахтаи электронӣ ва тахтаи рақамии универсалӣ вақтро сарфа менамояд. Боз ҷиҳати бартарии тахтаи рақамию универсалӣ он аст, ки омӯзгор дар он асбобҳои аёниро вобаста ба мавзӯъ васеъ ба хонандагон нишон дода метавонад ва назарияро тавъам бо амалия ба онҳо мефаҳмонад. Боз хубии ин намуди технология дар он аст, ки тамоми воқеаҳои имрӯзаро, ки ба дарс вобаста аст, ба осонӣ намоиш дода метавонад.
Бо ибтикори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳаракати олимпиадавӣ бо шаклҳои гуногун миёни мактаббачагони ҷумҳурӣ роиҷ гардид, ки ин шавқмандӣ ва ҳавасмандии онҳоро ба омӯзиши илму фан афзун намуд.
Хонандагони литсейи мо ҳам соли таҳсили ҷорӣ дар ҳамаи намуди олимпиадаҳо фаъолона иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар даври шаҳрии олимпиадаҳои анъанавӣ ва номӣ 13 ҷой, дар даври ҷумҳуриявӣ олимпиадаҳои даставӣ, номӣ, анъанавӣ 7 ҷой, дар олимпиадаи байналмилалӣ 4 ҷой ва дар маҷмӯъ то ба имрӯз соҳиби 24 медал, аз он ҷумла 4 тилло, 6 нуқра, 14 биринҷӣ гардиданд. Инчунин 85 нафар хонандаи синфҳои 7-11 дар олимпиадаи фосилавии байналмилалии «Русский язык как иностраный» ширкат варзиданд, ки 27 нафари онҳо соҳиби 100 холӣ гардиданд ва дар марҳалаи ниҳоӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ширкат мекунанд.
Соли ҷорӣ қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад. Омӯзгорони мо ба хатмкунандагон моҳияти имтиҳонотро фаҳмонда, дар интихоби ихтисос ва касбу ҳунари онҳо ҳамаҷониба ёрӣ мерасонанд. Ҳамзамон 91 нафар хатмкунандаи литсей пурра аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 15 нафар аллакай ба макотиби олии хориҷи кишвар дохил гардиданд.
Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мо - муаллимони литсей - интернати Президентиро вазифадор месозад, ки барои татбиқи чунин сиёсати хирадмандона дастаҷамъона фаъолият намуда, дар рушди соҳа нақши чашмгир гузорем.
Қурбон ҚУРБОНОВ,
муовини директори литсей – интернати Президентӣ барои кӯдакони
болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2014    №: 89    Мутолиа карданд: 979
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед