logo

маориф

МУРОҶИАТНОМАИ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми довталабон

Довталабони азиз!
Инак, шумо барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии интихобкардаатон ба қайд гирифта шудед. Тамоми маълумотҳои инфиродӣ ва интихобии шумо дар варақаи бақайдгирӣ, ки дар даст доред, дарҷ гардидааст. Ин интихоби озоду оқилонаи шумо аст, ки ояндаатонро тавассути аз худ намудани касбҳои дӯстдошта ва гирифтани маълумоти олии касбӣ муайян менамоед. Мо бовар дорем, ки интихоби шумо дуруст аст ва барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ омодаед.
Вобаста ба нишондодҳои худ дар варақаи бақайдгирӣ шумо метавонед, то 31 майи соли ҷорӣ даъватномаи худро барои иштирок дар имтиҳонҳои тестӣ ва имтиҳонҳои эҷодию маҳорат дар шакли чопӣ аз тариқи мактабҳо, шуъбаҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои бақайдгирие, ки аз қайд гузашта будед, дастрас намоед. Дар баробари ин, шакли электронии даъватномаро аз тариқи “ҳуҷраи инфиродӣ”-и худ дар сомонаи Маркази миллии тестӣ низ дастрас карда метавонед.
Тавре ки шумо огоҳӣ доред, аз 1 то 12 июли соли ҷорӣ имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар марказҳои имтиҳоние, ки худатон интихоб намудаед, гузаронида мешавад. Баъд аз имтиҳонҳои тестӣ довталабоне, ки аз рӯйи қоидаҳои қабул барои дохилшавӣ ба ихтисосҳое, ки омодагии эҷодӣ ва маҳорат дар онҳо ҳатмӣ мебошад, дар худи донишгоҳу донишкадаҳои интихобнамуда аз 10 то 19 июли соли ҷорӣ вобаста ба гурӯҳи ихтисос (кластер) -ҳо имтиҳонҳои эҷодию маҳорат месупоранд.
Аз ин рӯ, ба шумо лозим аст, ки то оғози имтиҳонҳо вақтро барои тақвияти дониш ва азхуд намудани тарзи иҷрои тест сарф намуда, ба имтиҳонҳо тайёрии ҷиддӣ бинед. Пеш аз ҳама, барои омодагӣ ба имтиҳонҳо аз китобҳои дарсӣ самаранок истифода намоед. Барои тақвият ва мустаҳкам намудани дониши худ, инчунин, аз маводи ёрирасон, монанди маҷмӯаи намунаҳои тест ва барномаҳои имтиҳонҳо аз рӯйи фанҳои имтиҳонӣ, ки дар сомонаи Маркази миллии тестӣ ҷой дода шудааст, оқилона истифода намоед. Мазмун ва мундариҷаи намунаҳои тест ба талаботи барномаҳои таълимӣ мувофиқат мекунад. Инчунин, имконияти аз устодони фанҳои таълимӣ гирифтани дарсҳои иловагиро низ аз даст надиҳед.
Дар ин замина, таъкид менамоем, ки имтиҳонҳо ба таври ҷадид ба роҳ монда шуда, коркард ва санҷиши натиҷаҳо тавассути техникаю таҷҳизоти навин бе дахолати шахс амалӣ мегардад.
Дар низоми нави имтиҳонсупорӣ тамоми имконоти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст. Дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад, ки имконияти шахсони назораткунандаро низ барои расонидани кумак ба довталаб имконнопазир менамояд. Ба ҷойи ному насаби довталаб танҳо штрихкод навишта мешавад ва ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ тавассути барномаи махсуси рамзкушо муайян карда мешавад. Ҷараёни санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсон анҷом дода мешавад, ки расонидани ягон намуди ёрӣ ба довталаб аз имкон берун аст. Ҳамзамон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда мешавад. Ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои номатлуб дар раванди баргузории имтиҳонҳо чораҳои қатъӣ андешидааст, ки ба ҳар гуна беадолатиҳо хотима мебахшад. 
Аз ин рӯ, ба падару модарон муроҷиат карда, хоҳиш менамоем, ки ба одилона ва ҳаққонӣ гузаштани имтиҳонҳо бовар кунанд. Ба фарзандон дар беҳтар намудани сатҳи дониш, қавӣ намудани боварии онҳо ба худ ва омодагии равониашон барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ мусоидат намоянд. Аз тарафи дигар, ба шахсоне, ки ваъдаи бардурӯғ оид ба расонидани ёрӣ дар имтиҳонҳоро медиҳанд, бовар накунанд, чунки иҷрои чунин ваъда ва кафолатҳо аз ҷиҳати дастрасӣ ва техникӣ аз имкон берун аст. Ин танҳо тақаллубкорӣ ва амалҳои коррупсионӣ асту халос. Аз додани ҳар гуна пулу туҳфа барои расонидани ёрӣ дар имтиҳонҳо худдорӣ намоед.
Дар ин замина, дар ҳолати пайдо гардидани чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби касе кӣ набошад, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки бо телефонҳои боварии Маркази миллии тестӣ (224 53 66, 224 53 67, +992 501-502-255 ва +992 985-11-72-27) ба мо иттилоъ диҳед. Дар шаффофу одилона гузаштани имтиҳонҳо, ки метавонанд ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбат расонад ва ҷиҳати аз байн бурдани ришваю фасод мусоидат намояд, саҳмгузор бошед.
Ба ҳамаи шумо, довталабони азиз, барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин дар имтиҳонҳоти дохилшавӣ барору комёбӣ орзу менамоем.
 

Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2014    №: 100    Мутолиа карданд: 1414
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед