logo

номаҳо

Чаро осорхонаҳои маориф набошанд?

 Ҳар халқеро таърихесту ҳар замонеро осоре. Замоне,  ки мегузарад,  хоҳ - нохоҳ ба ҳукми таърих медарояд. Тоҷикистони мо ҳам сарзаминест, ки дар бисёр ҷойҳои он ёдгориҳои таърихӣ то ба рӯзгори мо омада расидаанд. Осору ёдгориҳои  замони пеш аз Инқилоби Октябр ва давраи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон намунаи чунин ёдгориҳо мебошанд. Имрӯзҳо метавон фурсатро аз даст надода, осорҳои  ҳанӯз аз байн нарафтаро ҷамъоварӣ намоем. Барои ин корро аз ташкили осорхонаҳои  макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ  бояд сар кард.  Рӯзномаю маҷаллаҳо,  галстуки пионерӣ,  нишонаҳои сарисинагӣ, парчаму ҳуҷҷатҳои он замонро метавон дар осорхона гузошт. Инчунин парта ва мизу курсиҳои дарсиро, ки як вақтҳо бобоҳои мо ё падару модаронамон аз он истифода мебурданд, бо қаламу рангдонҳояшон метавон дар осорхона ҷой дод. Ғайр аз ин, дар осорхона радиову телевизорҳои куҳнаи мактабиро, ки имрӯз истифода намешаванд, нигоҳ дорем.  Агар илоҷ бошад, омӯзгорон бо ёрии шогирдон либосҳои маросимӣ, зарфиёту олоти меҳнат, тарозуву сангҳои он, соатҳои дастиву деворӣ, чархи бофандагӣ, ордену медалҳои замони шӯравиро ҷамъоварӣ намоянд.  Ин ҳамаро метавон дар дарсҳои таърих, адабиёт, расмкашӣ ва физика чун аёният истифода бурд.
Шахсоне, ки нисбати ёдгориҳои таърихӣ бепарвоӣ мекунанд, ба он монанданд, ки гӯиё ба ҷигари таърихи аҷдодашон корд зада бошанд. Умед ҳаст, ки он мактабҳое, ки имрӯз осорхона надоранд, аз пайи ташкили он хоҳанд шуд.   
 Нозими ҒОИБНАЗАР,
омӯзгори  мактаби таҳсилоти миёнаи
умумии № 35-и ноҳияи Ғончӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2014    №: 112    Мутолиа карданд: 929
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед