logo

маориф

ДИЛГАРМӢ БА ОМӮЗИШ БЕШТАР ШУД

«Тарбияи насли худшиносу миллатдӯст ва ватанпарвар вазифаи аввалиндараҷаи устодону омӯзгорон ва дар маҷмӯъ тамоми кормандони соҳаи маориф мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ бояд амиқан дарк намояд, ки танҳо шахси соҳибмаърифат арзишу маънавиёти халқи худро ҳифз намуда, ҷиҳати ободонии Ватан ва тавсеаи нуфузу эътибори он талош меварзад». Ин нукта дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, 30 октябри соли 2012 дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ садо дод, ки омӯзгоронро ба тарбияи насли худшиносу бонангу номус ва ватандӯст ҳидоят мекунад.
Назар ба гуфтаи Муллоғиёс Шарифов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ, дар соли таҳсили 2014-2015 дар ноҳия 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият мекунанд. Шумораи умумии хонандагони мактабҳои ноҳия 16566 ва омӯзгорон 1575 нафар буда, 1180 омӯзгор бо маълумоти олӣ ба хонандагон дарс медиҳад. Дар замони  истиқлолият аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ 25 мактаб навсозӣ ва таъмири асосӣ шуд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  соли 2012 дар деҳаи Ремонт барои 180 ҷойи нишаст мактаби замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамон сол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Сангистон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19, ки нақшаи сохтмони он ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта таҳия гардида буд, ба маблағи қариб чор миллион сомонӣ бунёд гардид.
Мактаб дорои 320 ҷойи нишаст, 25 синфхонаи таълимӣ, толори варзишӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ мебошад.
Ҳамчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии сарпарастон дар деҳаҳои Каздон, Вотаи Ёвон, Гузари  Бод, мавзеи Дашти Шафити деҳаи Рарз мактабҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Мавсуф зикр кард, ки дар ҷодаи таълиму тарбия мунтазам баланд шудани сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад. Солҳои 2011- 2013 хонандагони мактабҳои ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ду медали тилло, се медали нуқра ва панҷ медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои 1991-2009 бамаротиб зиёд аст.
Дар мавриди таҳсили хатмкардагон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷии кишвар мудири шуъбаи маориф иброз дошт, ки соли гузашта аз 1333 хатмкарда 518 нафар қабул шуд, ки 108 нафараш духтар мебошад.
Дар соли таҳсили ҷорӣ, ки имтиҳонҳои қабул  аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, аз 1246 нафар хатмкунанда 603 нафар ҳамчун довталаб ба қайд гирифта шудааст. Ҳар сол аз тариқи квотаи президентӣ 20 нафар ба мактабҳои олии кишвар қабул мешаванд, ки шумораи умумии онҳо 103 нафарро ташкил медиҳад.
Муллоғиёс Шарифов иброз дошт, ки аз 66 мактаби таҳсилоти умумӣ бинои 8 мактаб, аз ҷумла Зиндакон, Гузари Бод, Шаватки поён, Ревад, Вашан, Испағн дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар соли 2014 навсозии биноҳои ду мактаби садамавӣ дар деҳаи Куруд ва Пасруд ба нақша гирифта шудааст, ки яке соли 2015 ва дигаре соли 2016 сохта мавриди истифодабарӣ қарор мегирд.
- Яке аз мушкили асосии соҳаи маорифи ноҳия ин вуҷуд надоштани мактабҳои типи нав, аз ҷумла, литсей, гимназия ва мактабҳои хусусӣ мебошад. Дар ин ҷода шуъбаи маориф бо ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мекӯшанд, ки бунёди чунин муассисаҳои таълимӣ дар солҳои наздик амалӣ гардад,- мегӯяд Муллоғиёс Шарифов.
Дар мавриди таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон зикр кард, ки ба истиснои иваз кардани ҷои истиқомат ва аҳёнан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, мактабҳои ноҳия пурра бо омӯзгорони касбӣ таъминанд.
Аз 1755 омӯзгор 1180 нафар дорои маълумоти олист. Фақат дар водии Яғноб омӯзгорон бо маълумоти миёнаи касбӣ кор мекунанд.
Соли гузашта бо ташаббуси Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, барои дохил шудани омӯзгорон ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории Панҷакент аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон аз тариқи буҷавӣ  созишнома баста шуд. Мувофиқи он соли гузашта 54 нафар омӯзгоре, ки бо маълумоти касбӣ дар мактабҳо дарс медоданд, донишҷӯи ғоибхон аз курсҳои дуюм ва сеюм шуданд.
Ба андешаи мудири шуъбаи маориф, таъсиси маркази миллии тестӣ ва аз тариқи он ба муассисаҳои таълимии олии кишвар дохил шудани хатмкунандагон тақозои замон аст. Бо ин роҳ, албатта, хонандагони болаёқат донишҷӯ мешаванд. Дар шаҳри Панҷакент барои ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ нуқтаи бақайдгирӣ кушода шуд. Мувофиқи роҳнамои довталаб ва пешниҳоди Маркази миллии тестӣ супурдани ҳуҷҷат ба нуқтаи бақайдгирӣ аз як тараф ба ҷойи наздиктарин бошад, аз ҷониби дигар озод аст. Довталаб мувофиқи хоҳиши худ ва волидон метавонист ҳуҷҷатҳояшро дар Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент супорад. Ҳодисае, ки 17 марти соли равон рух дод ва хонандагон ба ҳалокат расиданд, хеле ғамангез аст. Бо сабаби он, ки таъмири роҳи Айнӣ, Панҷакент давом дошт, онҳо бо ризояти падару модар ва мактаб ба Хуҷанд равон шуданд.
Баъди ин воқеа бо пешниҳоди Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, як нуқтаи муваққатии бақайдгирӣ дар маркази ноҳия кушода шуд, ки қариб 70 фоизи довталабон ба қайд гирифта шуданд. Солҳои минбаъд ин нуқтаи бақайдгирӣ боқӣ мемонад.
Назар ба гуфтаи мудири шуъбаи маориф, аксарияти довталабон мехоҳанд, ки имтиҳонҳоро дар Душанбе супоранд, зеро масофаи роҳ аз маркази Айнӣ то Душанбе назар ба Хуҷанд наздиктар аст.
Бояд як нуктаро гуфт, ки дохил шудани аз нисф зиёди хатмкардагон дар соли гузашта ба макотиби олӣ, далели он аст, ки дилгармии хонандагони ноҳия ба омӯзиш бештар мебошад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2014    №: 113    Мутолиа карданд: 1632
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед